Ӯ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, иқдомоти сахтгиронаеро барои фӯру нишондани ифротгароии исломӣ амалӣ
мекунад, аммо маълум нест, ки ин иқдомот дар дарозмуддат то чӣ ҳад муассир хоҳад буд: "Ба андешаи ман, маҳдуд кардани риояти муқаррароти мазҳабӣ, як роҳе барои аз байн бурдани ин навъи диндории сиёсӣ нест."
ДУ ҚОНУНИ БАҲСБАРАНГЕЗ
Зоҳиран манзури дипломати собиқадори амрикоӣ, қонун дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ аст, ки ба гуфтаи рӯҳониёни тоҷик, ҳуқуқи мусулмонони кишварро маҳдуд мекунад. Санади дигари баҳсбарангезе, ки чанде пеш дар Тоҷикистон тасвиб шуд, қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аст, ки намегузорад, наврасону ҷавонони то 18-сола ба истиснои маросими дафн, дар дигар маросими мазҳабӣ дар масоҷид ҳузур дошта бошанд.
Бозгардонидани ҳазорон донишҷӯи тоҷик аз мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ, ки бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, низ аз иқдомоти дигари ҳукумат буд, ки аз тарафи баъзе аз кишварҳо ва ҳам маҳофили мазҳабӣ интиқод шуд.
"ЛОНАИ ТУНДРАВОНИ ИСЛОМӢ"
Айни замон Роберт Финн, сафири пешини Амрико дар Тоҷикистон талошҳои пешини ҳукумат барои маҳви тундгароёни исломиро шоистаи таҳсин медонад. Дипломати амрикоӣ аз ҷумла баъди соли 1998 аз Тоҷикистон берун кардани Ҳаракати Исломии Узбакистонро зикр кард, ки ин гурӯҳро Амрико ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил кардааст.
"Агарчӣ барои ин чанд сол лозим шуд, аммо Эмомалӣ Раҳмон тавонист, аз тундравони исломӣ дар Тавилдара халос шавад. Ӯ аз Ҳаракати Исломии Узбакистон халос шуд, ки аъзои он ба Афғонистону Покистон мерафтанду бармегаштанд ва чанде пеш дар Тоҷикистон дигабора пайдо шуданд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон лонаи тундравони исломиро нобуд кард, ки ин кори хуб аст",-афзуд ӯ.
"ОМ БА ХАТАРИ ТАҲДИДИ ИФРОТГАРОЁН РӮ БА РӮСТ"
Дипломати собиқадори амрикоӣ ҳамчунин мегӯяд, хатари тундгароии исломӣ агарчӣ дар Тоҷикистон ҳоло ҳам кам нест, вале ин зуҳурот дар миёни мардуми кишвар тарафдор надорад: "Хатари тундгароии исломӣ дар Тоҷикистон аз назари Амрико ҷиддист ва аз назари худи Тоҷикистону Русия ҷиддитар. Тавре Шумо ҳам медонед, тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар амалиёти низомӣ дар Афғонистон кӯмак мекунанд, зеро ҳамаи онҳо ба таҳдиди ифротгароии исломӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Ман ҳоло мушаххас гуфта наметавонам, ки хатари тундгароии исломӣ дар Тоҷикистон имрӯзҳо то чӣ ҳад зиёд аст. Ман чанд ҳодисаеро дар ёд дорам, ки дар ин авохир дар кишвар рух дод. Ҳеҷ гуна иттилое надидаам, ки тундгароии исломӣ дар маҷмӯъ дар миёни аҳолӣ тарафдор пайдо мекунад, аммо он гуна ки интизор мерафт, баъди суқути Шӯравӣ дини Ислом дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои мусулмоннишини Шӯравии собиқ эҳё мешавад."
ИМА МЕТАВОНИСТ КӮМАКИ БЕШТАР КУНАД, АММО...
Роберт Финн, ки аз соли 1998 то соли 2001 сафири Амрико дар Тоҷикистон буд, мегӯяд, кишвараш метавонист, дар он замон барои Тоҷикистон кори зиёдтаре анҷом диҳад, вале бо назардошти ҷуғрофиё ва умури дигар, масоили Тоҷикистони ҷангзада дар дастури кори ҳукумати Амрико дар мақоми аввал набуд: "Пас аз вуқӯи ҳамлаҳои терористии 11 сентябр бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ доштем ва майли ҳукумат ҳам ба ҳамкорӣ зиёд буд, зеро худи Тоҷикистон ба хатари ифротгароии исломӣ рӯ ба рӯ буд. Онҳо бо мо дар ин замина ҳамкорӣ карданд. Тоҷикистон кишвари кӯчак ва дурдасте аст, вале мо метавонистем дар кишваре мисли Тоҷикистон кори бисёр кунем, бахусус дар солҳои аввали баъди имзои созишномаи сулҳ дар кишвар. Порлумони Тоҷикистон ягона порлумон дар Осиёи Марказӣ аст, ки ҳизби исломӣ дар он намоянда дорад. Дар кишвар аркони, албатта, маҳдуди демократӣ вуҷуд дошт ва мо метавонистем барои ташвиқи онҳо кори бештар кунем. Аммо сиёсатмадорон дар Вашингтон ба умури тамоми ҷаҳон машғул буданд ва Тоҷикистон дар дастури кори онҳо дар ҷойи аввал набуд."
Сафири пешини Амрико дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Вашингтон ҳамчунин доир ба вазъи нохуби иқтисоди Тоҷикистон ва сиёсати давлати Узбакистон сӯҳбат кард, ки ба гуфтаи ӯ, бо Тоҷикистон "рафтори баде" дорад. Ба гуфтаи Роберт Финн ҳарчанд барои Тоҷикистон бисёр чиз ба сахтӣ даст медиҳад, аммо бо ин вуҷуд кишвар ба оҳистагӣ рушд мекунад.
Хатари тундгароии исломӣ дар Тоҷикистон аз назари Амрико ҷиддист ва аз назари худи Тоҷикистону Русия ҷиддитар...