Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз тӯйҳои "комсомолӣ" ба тӯйҳои "исломӣ"?


Ҳоло дар баъзе аз манотиқи Тоҷикистон маъракаи арӯсӣ бо ширкати рӯҳониёну ироаи мавъизаҳо мегузарад.

Ин маросимро сокинон ба унвони “тӯйи исломӣ” мешиносанд. Дар ин гуна маъракаҳо, ба фарқ аз тӯйҳои дунявӣ ё ба истилоҳ "комсомолӣ", арӯс либоси арӯсӣ ба бар намекунад ва ба рӯи саҳна низ намебарояд.

Занон дар дохили хонаҳо ва ҷудо аз мардон нишаста, ба амри маъруфи рӯҳониён гӯш медиҳанд.

ИБОРАИ НАВ

Одинашо Муродов, собиқ масъули танзими расму оинҳо

Одинашо Муродов, собиқ масъули Раёсати танзими расму оинҳо, мегӯяд, ибораи “тӯйи исломӣ” дар солҳои ахир пайдо шудааст.

Аммо ба гуфтаи ӯ, ибораи "тӯйи комсомолӣ" ҳанӯз дар даврони ҳукумати Шӯравӣ мавҷуд буд.

Вай афзуд, “дар асоси низомномаи Шӯрои вазирони Тоҷикистон, дар соли 1972 тарғиботу ташвиқоти тӯйи комсомолӣ буд. Лекин тӯйи исломӣ набуд. Ҳозир ҳам нест. Вақте баъзе мардум бо амри маъруф ва панду насиҳат тӯйро гузарониданд, онро тӯйи исломӣ номиданд. Дар асл ин гуна мафҳум вуҷуд надорад.”

Ҷаноби Муродов сухан гуфтани рӯҳониён дар маросими тӯйи арӯсиро мушкил надонист, вале гуфт, “дар ҳолате ки ба пуррагӣ тӯйро бо иштироки домуллоҳо мегузаронанд, манъ аст. Чунки тӯй бояд тӯй бошад. Ин фикри шахсии ман аст.”

"ИБОДАТ"

Ин дар ҳолест, ки рӯҳониён баргузории маросими хонадоршавии ҷавононро бо ширкати онҳо мавриди ҳимоят қарор дода, аз чунин маросим истиқбол мекунанд.

Эшони Нуриддин, рӯҳонии саршиноси Тоҷикистон

Эшони Нуриддин, рӯҳонии саршиноси Тоҷикистон, ки борҳо дар ин гуна маҳфилҳо иштирок ва суханронӣ кардааст, дар як сӯҳбати худ мегӯяд, тӯйе, ки бо ширкати рӯҳониён ва бо сӯҳбат аз Худову расули он мегузарад, "ибодат аст."

Домулло Мирзо, рӯҳонии дигари тоҷик, мегӯяд, аксари одамоне, ки маросими оиладоршавии худро ба шеваи исломӣ баргузор мекунанд, ё афроди камбизоатанд ва ё рӯҳонӣ.

Зеро аз як сӯ, ба гуфтаи ӯ, рӯҳониён имкони баргузории тӯйи ба истилоҳ комсомолиро надоранд ва аз сӯи дигар, баъзеҳо тӯйи исломиро барои камхарҷ буданаш, интихоб мекунанд.

Домулло Мирзо мегӯяд, маросими оиладоршавии худи ӯ дар солҳои навадум ба шакли “комсомолӣ” баргузор шуда буд. Аммо ӯ пас аз иштирок дар як тӯйи исломӣ тасмим гирифт, ки маросими хонадоршавии бародарону хоҳарони худро ба шева барпо бикунад.

МАҲФИЛИ НАСИҲАТ Ё РАҚСУ БОЗӢ?

Бар хилофи онҳое, ки худ мехоҳанд тӯйи арӯсияшон ба шеваи исломӣ баргузор шавад, иддае ҳастанд, ки худро "қурбонии" хостаҳои волидони худ мешуморанд.

Зафар, як ҳамсӯҳбати мо, ки соле пеш маросими хонадоршавияшро баргузор кардааст, мегӯяд, он бо иштироки рӯҳониён ва бидуни рақсу бозӣ ва хондани тарона гузашт.

Вай гуфт, аслан падару бародараш монеи баргузории тӯйи ӯ бо иштироки овозхонҳо шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, як таҳлилгари тоҷик, ки нахост номаш ошкор шавад, низ гуфт, набояд маросими хонадоршавиро, ки то ин муддат ба унвони "маросими хурсандӣ" ва "рақсу бозӣ" шинохта шудааст, ба маҳфили насиҳатгӯӣ табдил дод.

Зеро ба таъкиди ӯ, маҳфили панду насиҳатиро дар ҳар лаҳза мешавад барпо кард, вале ин маҳфили арӯсист, ки дар зиндагӣ барои инсон як бор насиб мекунад.

НА СИХ СӮЗАД, НА КАБОБ

Дилшод Раҳимӣ, мардумшиноси тоҷик

Бо ин ҳол, Дилшод Раҳимӣ, мардумшиноси тоҷик, мегӯяд, маросими хонадоршавии тоҷикон то замони пой гузоштани русҳо ба хоки Осиёи Марказӣ бо садои наю доира ва рақсу бозӣ баргузор мешуд, вале арӯс дар баробари домод ба рӯи саҳна намеомад.

Оқои Раҳимӣ мегӯяд, пас аз инқилоби Октябр, ки мавзӯи баробарии зану мардро дар миён гузошт, тоҷикон низ маҷбур шуданд, ки арӯсро дар баробари домод ба рӯи саҳна биёранд.

"Дар Аврупову Русия маъмул буд, ки арӯсу домод сари миз бошанду бо ҳама хурсандӣ кунанд. Инҳо аз фарҳанги Аврупо ба мо омадаанд. Дар ин шакл, дар замони пеш, мо анъана надоштем. Ин фарҳанги нисбатан бегона буд"
,-афзуд ӯ.

САДОИ МУСИҚӢ ВА АМРИ МАЪРУФ

Бо ин ҳама гуфта мешавад, пас аз солҳои навадум, дар сурати афзоиши исломгароӣ дар Тоҷикистон мавзӯи ба шеваи исломӣ баргузор кардани тӯйҳо ё маъракаҳои арӯсӣ ба миён омадааст.

Ҷомеашиносон мегӯянд, ин таъсири ҳамон ба дин рӯ овардани гурӯҳи бузурги ҷавонон аст, ки акнун аз рӯи ақида мехоҳанд, маросими хонадоршавии худро на ба шакли комсомолӣ, балки ба шеваи исломӣ баргузор кунанд.

Ин аст, ки акнун аз хонаи як нафар аз сокини Тоҷикистон дар рӯзи тӯй садои мусиқиву овозхонҳо ва аз манзили дигар садои амри маъруфи рӯҳониён баланд мешавад.

XS
SM
MD
LG