Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон -- ворисони Сомонӣ ё Ленин?


Набиюллоҳи Суннатӣ
Набиюллоҳи Суннатӣ

Аслан, медонам, ки бо навиштани ин ҳарфҳо ҳеҷ гоҳ ҳукумат, вазирон ва ба вижа вакилони порулмони кишвар ба эътибор намегиранд. Ҳатто аҳли фаҳм. Бо вуҷуди ин назди виждонам муваззафам, ки ин нуктаи муҳимро боре бошад ҳам бигӯям. Ҳарчанд аз ман ҳам пештар гуфтаанд.

Шояд чун журналист ба ҷуз инъикос ба дигар ҷанбаи матлаб ҳақ надорам. Аммо чун як тан рӯшанфикр ҳуқуқ дорам, ки пешниҳоди худро иброз дорам.

Имрӯзҳо аксар кормандон, ба хусус муассисони рӯзномаҳоро дар шикваву нола мебинам, ки мегӯянд, нашрияҳояшон ба фурӯш намераванд. Хуб, гӯш мекунам, шикояташон маро ором намегузорад. Баъзан ва ҳатто аксар муаллифони китобҳои бадеиву илмиро мебинам, ки аз бозори сарди китобашон афсӯс мехӯранд. Ин шиква ҳам қобили таҳаммул аст. Боз, хуб гӯш мекунам. Оромиям аз даст меравад.

Ба қавле, хуб, чӣ бояд кунем?

Тоҷикистон ҳудуди беш аз ҳафт миллион аҳолӣ дорад. Ағлаби онҳо ба тоҷикӣ мехонанд. Пас агар гирду атрофамонро бингарем, мебинем, ки ҳамаслу ҳамнажоду ҳаммиллатони мо (Эрону Афғонистон, як паҳнои порсигӯйи Ҳиндустон, қисме аз форсзабонони Покистон) ҳама аз хатти форсӣ истифода мебаранд ва дабирият дар умури давлатдорӣ низ бо ин хат сурат мегирад. Ҳамзамон зиёда аз даҳ аср, эҷоди кулли адабиёти ноби форсӣ то ба имрӯз бо хатти форсӣ сурат мегирад. Аз ин росто, мо тоҷикон, ба қавле ворисони Сомонӣ (агар мо вориси асл мебудем, хатти аҷдодамон-форсиро пушти по намезадем) зери нуфузи Кремл қарор гирифтаем. На танҳо хат, балки падари аксари қонунҳои ҷориямон қонунгузории Кремлин ҳаст. Порлумоне, ки мо дорем, бештар бо тарҷумонӣ машғул аст. Яъне нусхаи асли қонуне, ки ба забони русӣ эҷод шудааст, копӣ мекунанд ва ба қадду бараш ҷомаи тоҷикӣ мепӯшонанд, пас гӯё қонун тоҷикист. Аммо амиқан менигарем, аксари қонунҳо ормонҳои миллии моро бароварда карда наметавонад. Зеро падари қонунамон -- бародари кабирамон Рус-ако ҳастанд.

Бармегардем ба сари рӯзномаву китобҳо. Аслан, дар дунёи имрӯз тиҷорати бемайлони китобу иттилооъро ба ҷуз мо, тоҷикон, ҳама дигар ирқу нажоду милал дарк кардаанд.

Мутаассифона, тиҷорат ё худ бизнес дар тафаккури мо тоҷикон ҳамон колоест, ки гӯё пӯшида, нӯшида ё хӯрда мешавад. Аммо олимону пажӯҳишгарони соҳаи бизнес, бизнесҳои бузургтарини муфлиснашаванда дар ҷаҳони имрӯзро ба чаҳор қисм раддабандӣ намудаанд:
  1. Бизнеси иттилоъ.
  2. Бизнеси силоҳ.
  3. Бизнеси қочоқи инсон ( ғуломдории навин ё фурӯши аъзои бадани инсон).
  4. Бизнеси маводи мухаддир.
Аз ин чаҳор қисмати тиҷорати бузурги ҷаҳоние, ки мебинем, фурӯши инсон ва наркотик аз тиҷоратҳои сиёҳанд ва бо вуҷуди сиёҳ буданашон ҳамчун тиҷорат шинохта шудаанд.

Аммо дар бобати силоҳ, тавлидгарони бузурги аслиҳа дар ҷаҳон Русия, Бритониё, ИМА ва дигар мамолики абарқудрат ҷойи ҳамаро дар ин бозор танг кардаанд. Танҳо мемонад тиҷорати иттилоъ. Дар ин замина, ҳам иттилои хабарӣ, илмӣ, фаннӣ, бадеӣ ва дигар эҷодиёт дар назар аст.

Дар ҳоле ки мо дар ҷаҳон ягона форсигӯёнем, ки аз хатти аслии худ дур мондаем, то ба ҳол бо хатти сириллик дафтаргузорӣ мекунему китобу маҷалла ва нашрияҳои даврии мо бо ҳамин хатти ленинӣ иншову ба фурӯш гузошта мешавад. Яъне он миллатҳое, ки аз хатти сириллик истифода мекунанд, собиқ 15 ҷумҳурии «бародарӣ»-и собиқ ИҶШС ҳастанд ва мутаассифона, ин бародарон забони ҳамдигарро намефаҳманд. Мазмун, яъне бо ҳеҷ ваҷҳ намешавад, ки мо колои иттилоотии худро бо забони тоҷикӣ ба ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ чун моли ин бизнес экспорт кунем.
Танҳо ҳамзабонҳои мо, ки Эрону Афғонистон аст, моро хуб мефаҳмаду дарк мекунанд. Пас чаро нашавад, ки рӯзномаву маҷалла ва китобҳои илмию бадеиямонро чун колои тиҷоратӣ ба ин кишварҳои дӯст, ҳамзабону ҳамдин экспорт накунем? Итминони дорам бо миллионҳо тирож ҳар рӯзномаву китобҳоямон ба фурӯш мераванд. Дигар шикояти нависандагону рӯзноманигоронро дар бобати бебозории маҳсулоташонро намешунавем. Аммо бо афсӯси зиёд метавон гуфт намешавад, ки намешавад!!! Зеро мо бо сириллик эҷод мекунему барои мардуми Эрону Афғонистон ин ҳуруф бегона аст.

Бо он ки мо дар гирдоби тақдир ва зери нуфузи Кремл қарор дорем, худ дастони хешро дар олами бизнеси рақами яки ҷаҳон- тиҷорати иттилоотӣ бастаем. Мефаҳмам, ки аксари қишри ҷомеаи Тоҷикистон мухолифи ин андешаанд. Медонам, ки аксари мардум наҷоти худро танҳо дар саводи тавассути ҳуруфи сириллик бадастомада мебинанд.

Медонам, ки ҳанӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба ин гузариш омода нест, зеро тафаккури мо то ба ҳанӯз побанди Кремл аст. Дарк мекунам, ки бо пеш гирифтани ин роҳ бародари кабирамон аз сари хашм зиёда аз миллион нафар муҳоҷирамонро сарсон мекунад.

Бо он ҳама, як чизи дигарро медонам, ки ҳар касе аз васли худ дур монад, ба андешаи Мавлонои Балх рафта-рафта боз рӯзгоре асли худро меҷӯяд. Итминон дорам, ки рӯзе мерасад, тоҷикон низ ба тиҷорати рақами яки ҷаҳон -- тиҷорати иттилоъ тавассути ҳуруфи ниёгонамон бармегарданд. Банда наҷоти миллатро танҳо дар ин роҳ мебинад. Бозгашт ба ҳуруфи форсӣ!

Набиюллоҳи Суннатӣ, шаҳри Хуҷанд
XS
SM
MD
LG