Аз ҷумла, тоҷикони Қазоқистон мегӯянд, соли ҷорӣ ин ҷашни бостониро бо шукӯҳу шаҳомати хос чун дар Тоҷикистон таҷлил мекунанд.
Зеро ба гуфтаи онҳо, дар айёми Наврӯз дар ин кишвари дӯсти Тоҷикистон рӯзҳои таътил аст ва онҳо барои таҷлили ин ид имкону фурсат дар ихтиёр доранд.
"АЛМААТО БА НАВРӮЗ АРҶ МЕГУЗОРАД"
Насибҷони Амонӣ, таҳлилгари тоҷики муқими Алмаато, мегӯяд, соли ҷорӣ дар Қазоқистон ба Наврӯз аҳамияти бештар қоил шудаанд. Вай афзуд: "Наврӯз дар ин ҷо як рӯз не, се рӯз таҷлил карда мешавад ва имсол Наврӯз дар арафаи рӯзҳои истироҳат омад, ба ин хотир Наврӯзро се рӯз не, панҷ рӯз ҷашн мегиранд."
Суол: Тоҷикони муқими Қазоқистон барои таҷлили ҷашни Наврӯз чӣ барномаҳо доранд?
Насибҷони Амонӣ: Ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон, аз ҷумла шаҳри Алмаато, як ҷо бо сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон барномаи муштараки таҷлил аз Наврӯзро доранд. Ин барнома дар рӯзҳои Наврӯз не, баъд аз чанд рӯзи Наврӯз баргузор мешавад.
"РЕГИСТОН" НАВРӮЗГОҲ МЕШАВАД?
Суол: Оё дар миёни тоҷикони муқими Қазоқистон ё Алмаато дар рӯзҳои Наврӯз дастоварди наврӯзӣ мушоҳида мешавад?
Насибҷони Амонӣ: Дар остонаи Наврӯз дар маркази шаҳри Алмаато як тарабхонаи бисёр миллӣ ва зебо бо номи “Регистон” боз шуд. Шумо низ дар лаҳзае занг задед, ки мо дар ҳамин тарабхона ҳастем. Хеле хушҳол шудем, ки бародарони мо, муҳоҷирони тоҷике, ки дар ин ҷо ҳастанд, гуфтанд, ки дар оянда барномаҳои мо дар оянда дар ҳамин “Регистон” баргузор мешавад ва он ҷои ҷамъомади тоҷикон хоҳад буд.
Суол: Агар мумкин аст, метавонам аз соҳиби “Регистон бипурсам, ки чӣ ғизоҳоро омода кардаанд ё барои Наврӯз омода мекунанд?
Насибҷони Амонӣ: Бале, чаро не. Дар паҳлуи ман Ғайбуллоҷон ҳастанд ва ман ҳоло гӯширо ба он кас медиҳам...
Ғайбулло, соҳиби "Регистон": Мо дар ин ҷо сихкабоби “Самарқанд”, кӯзачакабоб ва мисли ин ғизоҳои миллӣ омода мекунем.
НАВРӮЗ ВА САФАР АБДУЛЛО
Сафар Абдулло аз пажӯҳишгарони маъуфи тоҷик аст, ки дар Алмаато ба сар мебарад ва то ҳол чанд китоб ба забонҳои русӣ ва форсӣ дар бораи забону фарҳанг ба нашр расондааст.
Бахши аъзами таҳқиқоти Сафар Абдулло ба Наврӯз ихтисос дорад. Вай бо таҳқиқоти худ арзишҳои Наврӯзро муаррифӣ кардааст. Бо ҷаноби Абдулло сӯҳбати телефонӣ доштем ва аз ӯ дар оғоз орзуҳояшро пурсидем.
Сафар Абдулло: Барои тамоми ҳамватанони азизам орзуи саодату хушбахтӣ мекунам ва умед дорам, ки бедортару ҳушёртар мешаванд, чун Наврӯз ҷашнест, ки моро ба гузаштагони бисёр дурамон мепайвандад ва онҳоро бо мо васл мекунад. Ин рӯзи васли ёрон аст, дарвоқеъ.
Суол: Дар соле, ки меояд, чӣ барномаҳо доред?
Сафар Абдулло: Тамоми умр, ки дунболи пажӯҳиш ҳастам, чанд китобро дар дасти таҳқиқ дорам. Якеаш “Форсӣ меҳани мост”. Ин китобест, ки мехоҳам дар бораи фарозу фуруди забони форсӣ дар гузаштаҳо ва имрӯз, ҷойгоҳи ин забон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар таърихи фарҳангу тамаддуни Шарқ китоби дигаре нависам ва умед дорам, ки ин китобро тамом мекунам. Ҳамчунин, китоби дигаре дорам дар дасти таҳқиқ бо номи “Шоҳномаи Фирдавсӣ ва шеъри муосир”.
НАВРӮЗ ДАР ИСРОИЛ ВА РУСИЯ
Борис Наматиев дар Тоҷикистон ном ва чеҳраи ошност. Наматиев то кӯч бастан ба Исроил дар миёни аҳли ҳунари тоҷик ҷойгоҳи хос дошт.
Вай имрӯз бо хонаводааш ба истилоҳ “давлати пирӣ” меронад. Соли гузашта дар Исроил 80-солагиашро бо ҳайате аз Тоҷикистон баргузор карданд.
Дар остонаи иди Наврӯз бо ҷаноби Наматиев низ сӯҳбате анҷом додем ва дар остонаи наврӯз аз вазъу ҳоли ӯ пурсидем.
Гузашта аз ин, дар Русия бештар аз миллион нафар тоҷик ба сар мебаранд. Дар ин кишвар аз чанд сол ба ин сӯ анъана шудааст, ки ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳрҳои гуногун Наврӯзро бо миллатҳои дигари соҳиби Наврӯз як ҷо баргузор мекунанд.
Дар Наврӯзи Екатеринбург, ки намояндагони миллатҳои гуногуни муқими ин шаҳр ширкат доштанд, Мадина Саидзиё, духтари тоҷик ва донишҷӯи соли панҷуми донишгоҳи ин шаҳрро маликаи Наврӯз интихоб карда буданд.
МАСКАВ: МИРИ НАВ, ҚОИДАИ НАВ?
Вале дар Маскав соли ҷорӣ мардумоне, ки Наврӯз доранд, мисли солҳои пеш ин ҷашнро як ҷо баргузор намекунанд.
Имсол бо омадани шаҳрдори нав ҷашни муштарак барҳам хӯрдааст. Ба ҳамин далел миллатҳои мухталиф Наврӯзи худро дар ҳар ҷо парешон ҷашн мегиранд.
Ин дар ҳолест, ки Созмони Милали Муттаҳид иди Наврӯзро ҷашни ҷаҳонӣ эълон кардааст. Барномаи "Садои ҳамватан" телефонӣ Шавкат Ниёзӣ, нависандаи маъруфи тоҷики муқими Маскавро пайдо кард.
Ёдовар мешавем, ки Шавкат Ниёзӣ дар солҳои Шӯравӣ намояндаи Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон дар иттиҳодияи сартосарии Шӯравӣ буд ва баъд аз фурӯпошии ин имперотурӣ ҳоло дар Маскав ба сар мебарад.
Имсол бо омадани шаҳрдори нав дар Маскав ҷашни муштарак барҳам хӯрдааст. Ба ҳамин далел миллатҳои мухталиф Наврӯзро дар ҳар ҷо ва башкли парешон ҷашн мегиранд...
Зеро ба гуфтаи онҳо, дар айёми Наврӯз дар ин кишвари дӯсти Тоҷикистон рӯзҳои таътил аст ва онҳо барои таҷлили ин ид имкону фурсат дар ихтиёр доранд.
"АЛМААТО БА НАВРӮЗ АРҶ МЕГУЗОРАД"
Насибҷони Амонӣ, таҳлилгари тоҷики муқими Алмаато, мегӯяд, соли ҷорӣ дар Қазоқистон ба Наврӯз аҳамияти бештар қоил шудаанд. Вай афзуд: "Наврӯз дар ин ҷо як рӯз не, се рӯз таҷлил карда мешавад ва имсол Наврӯз дар арафаи рӯзҳои истироҳат омад, ба ин хотир Наврӯзро се рӯз не, панҷ рӯз ҷашн мегиранд."
Суол: Тоҷикони муқими Қазоқистон барои таҷлили ҷашни Наврӯз чӣ барномаҳо доранд?
Насибҷони Амонӣ: Ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон, аз ҷумла шаҳри Алмаато, як ҷо бо сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон барномаи муштараки таҷлил аз Наврӯзро доранд. Ин барнома дар рӯзҳои Наврӯз не, баъд аз чанд рӯзи Наврӯз баргузор мешавад.
"РЕГИСТОН" НАВРӮЗГОҲ МЕШАВАД?
Суол: Оё дар миёни тоҷикони муқими Қазоқистон ё Алмаато дар рӯзҳои Наврӯз дастоварди наврӯзӣ мушоҳида мешавад?
Насибҷони Амонӣ: Дар остонаи Наврӯз дар маркази шаҳри Алмаато як тарабхонаи бисёр миллӣ ва зебо бо номи “Регистон” боз шуд. Шумо низ дар лаҳзае занг задед, ки мо дар ҳамин тарабхона ҳастем. Хеле хушҳол шудем, ки бародарони мо, муҳоҷирони тоҷике, ки дар ин ҷо ҳастанд, гуфтанд, ки дар оянда барномаҳои мо дар оянда дар ҳамин “Регистон” баргузор мешавад ва он ҷои ҷамъомади тоҷикон хоҳад буд.
Бахши аъзами таҳқиқоти Сафар Абдулло ба Наврӯз ихтисос дорад. Вай бо таҳқиқоти худ арзишҳои Наврӯзро муаррифӣ кардааст...