Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хостори бознигарии ҳукми Додгоҳи Аврупо шуд


Муҳаммадрӯзӣ Искандаров
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Русия аз ҳукми Додгоҳи Аврупо вобаста ба истирдоди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров норизоиятӣ кардааст.

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар тирамоҳи соли гузашта Русияро ба истирдоди ғайриқонунии Искандаров ба Тоҷикистон муқассир шинохта, ин кишварро ба пардохти 30 ҳазор евро ҷарима вазифадор карда буд.

Аммо давлати Русия бо ирсоли як нома дархост намудааст, то ин ҳукм бознигарӣ шавад.

НАЗАРИ ВАКИЛ

Анна Ставитская, вакили дифои Мууҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Маскав
Анна Ставиская, вакили дифои Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Маскав, дар як сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, давлатҳое, ки шароити Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупоро пазируфтаанд, аз ҷумла Русия, вазифадоранд, ки қарор ва ҳукми онро иҷро бикунанд.

Вале дар сурати норизоиятӣ онҳо метавонанд шикояти худро ба дастгоҳи ваколатдор дар назди Додгоҳи мазкур ироа намоянд ва танҳо дар сурати пазируфта шудани шикоят аз сӯи ин дастгоҳ додгоҳ ба бозбинии қарори худ иқдом хоҳад кард.

Ӯ гуфт, "аз қарори Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо танҳо метавонад Идораи ваколатдори ҳуқуқи башари ин ниҳод эътироз кунад, дар сурате ки давлати зидахл ба ҳукми додгоҳ мувофиқ набошад. Агар эътироз ҳамаҷониба асос дошта бошад, расидагӣ ба эътироз ва ё шикоятро Палатаи болоии Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо анҷом хоҳад дод, вале агар ин шикоят беасос бошад, ҳукми додгоҳ бетағйир боқӣ хоҳад монд."

ПИСАРИ ИСКАНДАРОВ: "РУСИЯ ДАЛЕЛ НАДОРАД"

Аммо Фирӯз Искандаров, писари Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, мегӯяд, Русия наметавонад далели кофӣ дар ихтиёр дошта бошад, ки битавонад дурустии қарори Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупоро таҳти суол қарор бидиҳад.

Зеро ба гуфтаи Фирӯз, тавассути мақомоти Русия истирдод шудани падари ӯро ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон таъйид карда буданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон масъалаи истирдоди Искандаров аз Русияро расман таъйид накардаанд ва Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, низ гуфта буд, ки ӯ дар Тоҷикистон дастгир шудааст.
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2005 бо иттиҳоми дуздии маблағҳои давлатӣ, ташкили гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ ва талош барои анҷоми табаддулоти давлатӣ ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст...


Дар зимн, Анна Ставиская, вакили дифои Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳам бар тағйири ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар ин масъала шак дорад. Вай гуфт, агар Русия асос ва далоил барои рад кардани ин ҳукмро медошт, дар замони муҳокима матраҳ мекард.

ДАСТИ РУСИЯ Ё ТОҶИКИСТОН?

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар соли 2004 бо дархости давлати Тоҷикистон дар Маскав дастгир шуд. Додситонии кулли ин кишвар ба далели тасдиқ нашудани иттиҳомоти ворида алайҳи ӯ, вайро раҳо кард.

Аммо пас аз чанде аз нопадид шудани Искандаров, мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ дар Душанбе Муҳммадрӯзӣ Искандаров изҳор дошт, ки ӯро афроди ношинос ва ниқобпӯш дастгир карда ва ҳамин тавр ӯ тавассути як ҳавопаймои зоҳиран низомӣ ба Душанбе оварда шудааст.

Масъалаи истирдоди Искандаров аз Маскав ба Душанбе дар яке аз номаҳои сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ки ахиран аз сӯи сомонаи Викиликс ифшо шуд, дарҷ ёфта буд, ки гӯиё ин масъала аз мавзӯъҳои сӯҳбати раҳбарони Русияву Тоҷикистон дар яке аз мулоқотҳои Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар Сочӣ будааст.

Бо ин ҳол, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2005 бо иттиҳоми дуздии маблағҳои давлатӣ, ташкили гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ ва талош барои анҷоми табаддулоти давлатӣ ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG