Онҳо интихоботи парлумонии соли 2010-умро аз муҳимтарин таҳаввулоти сиёсии кишвар унвон мекунанд ва мегӯянд, ки аксари ҳизбҳои сиёсӣ бо номзадҳои арзанда дар интихобот ширкат карданд. Дар ин интихобот, чун дар гузашта, пирӯзии комил насибӣ ҳизби ҳокими халқӣ- демократӣ шуд ва намояндагонии ду ҳизби навтаъсиси аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ низ барои бори нахуст вориди парлумон шуданд.
Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки дар маъракаи пешазинтихоботӣ аз ҳар ҳизби дигар хеле фаъол ба назар мерасид, мавқеи худро дар парлумон тақвият дода натавонист, ба ин далел, ки ба гуфтаи ин ҳизб, интихобот ношаффоф ва бо қонуншиканиҳои густарда баргузор шуд.
Дар зимн ҳизби коммунист, сотсиал демократ, демократ ва сотсиалистӣ низ аз ҷараёни интихобот шаддидан норозӣ боқӣ монаданд ва ин маъракаро пуртақаллуб ва ношаффоф унвон карданд.
Аммо дар соли 2010 дар ҳаёти аҳзоби сиёсӣ таҳаввулоти дигар низ ҷой доштанд. Масъулони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар навори видеоии радиои «Озодӣ» аз ҳаводиси муҳимтарин дар фаъолияти ҳизби худ сӯҳбат мекунанд: