Тибқи иттиллои вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ин ҷаласа масоили ҳамкориҳои сиёсӣ -низомӣ ва ёриҳои башарӣ мавриди арзёбӣ қарор мегирад.
Ҳамчунин дар назар аст, ки дар ҳошияи ин нишаст барномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Русия барои соли оянда ба тасвиб бирасад.
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, ба ин манзур имрӯз 8 декабр озими Маскав - пойтахти Русия шудааст. Бино ба иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷаласаи мазкур асноди зарурӣ барои нишасти раисони ҷамоҳири Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзи ҷумъаи 10 декабр дар Маскав баргузор хоҳад шуд, омода мешавад.
Нармиш дар муносиботи Маскав ва Душанбе
Ин нишастҳо дар Маскав ба дунболи мулоқоти якбаяки Владимир Путин - сарвазири Русия бо Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сафари Алексей Миллер, раиси ширкати «Газпром»-и Русия ба Тоҷикистон сурат мегирад, ки бархе аз коршиносон ин мулоқотҳоро нишонаҳои беҳбудӣ ва ба нармиш дар муносиботи Тоҷикистон ва Русия арзёбӣ мекунанд.
Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, сафари мудири ширкати «Газпром» - бузургтарин ширкати давлатии истихроҷу коркарди гази табиӣ дар Русия ба Тоҷикистонро як марҳалаи тоза дар равобити иқтисодии Тоҷикистон ва Русия арзёбӣ карда гуфт, ки воқеан ин як иқдоми ҷиддӣ дар роҳи ҳамкориҳои дуҷониба аст.
Ин нуктаро Аркадий Дубнов, таҳлилгари масоили Осиёи Миёна дар шаҳри Маскав, низ таъйид мекунад. Ӯ мегӯяд, баъди мулоқоти сарвазири Русия бо президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе яхи муносибатҳо ба обшавӣ шурӯъ кардаааст. Оқои Дубнов гуфт, ки ӯ наметавонад бигӯяд, ҳамаи мушкилоти мавҷуда дар равобити ду кишвар ҳамин ҳоло ҳал шудааст, вале ҷонибҳо ногузир онро ҳал хоҳанд кард ва ба назар мерасад, ки роҳбарон роҳро ба ин самт пеш гирифтаанд.
Оқои Дубнов мегӯяд: «Равобит миёни Тоҷикистон ва Русия зичтар мешавад ва дидори Алексей Миллер, раиси ширкати «Газпром», ба Тоҷикистонро метавон аломати мусбат дар ин равобит арзёбӣ кард. Вале наметавонам бигӯям, ки як таҳаввули решаӣ дар равобити кишварҳоро ба вуҷуд оварда бошад. Ман мутмаинам, ки идеяи сафари Миллер дар замони сафари Путин ба Душанбе пайдо шудааст».
Фурӯдгоҳи Айнӣ бар ивази ҳамкорӣ?
Нишонаҳои беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Русияро бархе аз коршиносон ба паёми дар нишасти матбуотӣ ироакардаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавриди фурӯдгоҳи низомии Айнии Тоҷикистон рабт медиҳанд. Ҳамроҳхон Зарифӣ дар моҳи октябри соли ҷорӣ изҳор дошта буд, ки давлати Тоҷикистон дар масъали ҳамкорӣ ва ё баҳрабардории муштарак аз фурӯдгоҳи Айнӣ метавонад танҳо бо Русия ҳамкорӣ кунад.
Аммо бо ин ҳол масоили ҳалношудае миёни Тоҷикистон ва Русия вуҷуд доранд, ки роҳи ҳал пайдо кардани онҳо замон мехоҳад ва ба ақидаи Саймиддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик, роҳбарони ҳарду кишвар ба ин воқеият расидаанд, ки шеваи роиҷи ҳамкориҳо дар шароити рӯз мувофиқ нест. Ва ҳоло лозим аст ба масоиле мисли мушкилоти шароити ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ҳузури низомии ин кишвар дар Тоҷикистон ва ҳамин тавр дар анҷоми тарҳҳои энержии давлати Тоҷикистон тавре бархурд шавад, ки манфиати ҳарду тараф ба эътибор гирифта шавад.
Русия мавзеъгириҳояшро бознигарӣ мекунад
Бархе дигар аз коршиносон бо ишора ба ҳаводиси ахири шарқи Тоҷикистон мӯътақиданд, ки шароити пешомада Русияро водор хоҳад кард ба мавзеъгириҳояш дар қиболи мушкилоти Тоҷикистон бознигарӣ кунад. Зеро дар ниҳояти амр субот ва оромӣ дар Тоҷикистон маънои субот ва оромӣ дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро низ дорад, ки дар бештарин маворид сухани ахир дар ин иттиҳодро Русия мегӯяд.
Ба ақидаи ин коршиносон, ҳоло Русияро лозим аст, ки дар баҳси миёни Душанбе ва Тошканд дар мавриди барномаҳои энержии Тоҷикистон ва низ ба масъалаи муҳосираи эълоннашудаи иқтисодии Тоҷикистон аз сӯи Ӯзбакистон тавре миёнҷигӣ кунад, ки ин мушкилот ҳал шаванд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки қарор аст руасои ҷамоҳири Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди як рӯзи нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷаи ин Иттиҳод дар шаҳри Маскав ташкили ҷаласаи диҳанд ва ба ин манзур қарор аст Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, вориди Маскав шавад.