Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Расул Боқиев дар мусобиқоти «Гран-при»


Дар ин мусобиқот, ки байни мардону занон сурат гирифтааст, 291 варзишгар (187 мард ва 104 зан) аз 54 кишвар ширкат доранд. Дар рӯзи аввали мусобиқот, 22-юми ноябр, мардон дар ду вазн (60 ва 66 кг) ва занон дар се вазн (48, 52 ва 57 кг) зӯрозмоӣ карданд. Натоиҷи мусобиқот чунин аст:

Мардон. Вазни то 60 кг. 1. Беслан Мудранов. 2. Арсен Галстян (ҳарду – Русия). 3. Ованес Давтян (Арманистон) ва Болдбаатар Чимед-Йолдон (Муғулистон). То 66 кг. 1. Мусо Могушков. 2. Алим Гаданов (ҳарду – Русия). 3. Сергей Дребот (Укроин) ва Улуғбек Норқобилов (Узбакистон).

Занон. Вазни то 48 кг. 1. Алина Думитру (Руминия). 2. Людмила Богданова (Русия). 3. Аврора Клименс ва Летисия Паэт (ҳарду – Фаронса). То 52 кг. 1. Жоана Рамос (Португол). 2. Эрика Миранда (Бразил). 3. Ана Карраскоса (Испания) ва Марта Кубан (Лаҳистон). То 57 кг. 1. Сабрина Филтсмозер (Австрия). 2. Ҷулия Квинтавале (Италия). 3. Юлиетта Букувала (Юнон) и Корина Каприориу (Руминия).

Рӯзи сешанбе сабқати мардон дар ду вазн – 73 ва 81 кг ва сабқати занон низ дар ду вазн – 63 ва 70 кг баргузор мешавад.

Рӯзи охирини мусобиқот – 24-уми ноябр мардон дар се вазн – 90, 100 ва беш аз 100 кг ва занон дар ду вазн – 78 ва беш аз 78 кг рақобат хоҳанд кард.

Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро танҳо як варзишгар – Расул Боқиев, барандаи медалҳои биринҷии Олимпиадаи Пекин ва Бозиҳои XVI осиёӣ, намояндагӣ мекунад.

Маблағи ҷавоизи мусобиқот 200 ҳазор доллари амрикоист. Варзишгарон, инчунин, барои дарёфти имтиёзҳои феҳраст ё рейтинги ҷаҳонии дзю-до талош хоҳанд кард. Ба ғолиб 200 имтиёз, барои ҷои дуввум 120 ва барои ҷои севум 80 имтиёз дода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG