Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Ҳолланд шаҳрванди рабудашудаашро таъйид кард

Ҳукумати Ҳолланд таъйид кард, ки имрӯз дар Афғонистон як шаҳрванди кишвараш ва ронандаи вай рабуда шудаанд. Қаблан
Шоҳ Ҷаҳон Нурӣ-фармондеҳи пулиси вилояти Тахор гуфт, ин корманди имдод ба вулусволии Бангӣ рафтааст, то ба афроди маълул кӯмак кунад ва вайро афроди мусаллаҳи номаълум аз мошинаш рабудаанд. Абдулҷаббор Тақво-волии вилоят гуфтааст, ронандаи вай низ рабуда шудааст. Аз шаҳрванди рабудашудаи Ҳолланд ном бурда намешавад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Путин дар Шӯрои Амнияти кишвараш Трампро табрик кард

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раисҷумҳури Русия рӯзи 20-уми январ дар нишасти Шӯрои Амнияти кишвараш Доналд Трампро бо оғози даври дувуми кораш дар мақоми президенти Амрико табрик гуфт.

Владимир Путин дар ин суҳбаташ омодагии Маскавро ба гуфтушунид бо маъмурияти нави Амрико дар бораи ҳалли ҷанг дар Украина таъкид кард.

"Мо майли раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико ва аъзои тими ӯро дар бораи барқарор кардани равобити мустақим бо Русия мебинем. Ин равобит на бо айби мо, балки айби маъмурияти пешини Амрико қатъ шудааст," --афзуд ӯ.

Ба гузориши CNN, Доналд Трамп ба ёваронаш дастур додааст, ки дар рӯзҳои наздик як гуфтугӯйи телефониро бо Владимир Путин ташкил кунанд.

Ба иттилои манобеъ, ҳадафи суҳбат, аз ҷумла дарёфти роҳҳои хатми ҷанги Русия дар Украина хоҳад буд.

Ирсоли ёриҳои башардӯстона ба Ғазза дар рӯзи дувуми оташбас

Ғазза, 20-уми январи 2025
Ғазза, 20-уми январи 2025

Рӯзи 20-уми январ, дар рӯзи дувуми оташбас миёни Исроил ва гурӯҳи тундрави "Ҳамос"*, беш аз 200 мошини ҳомили кумакҳои башардӯстона аз Миср ба Ғазза фиристода шуд.

Як масъули Ҳилоли Аҳмари Миср гуфт, даҳ мошини борбар сӯзишворӣ мекашонанд.

Ба гуфтаи Том Флетчер, масъули умури башардӯстонаи Созмони Милал, рӯзи 19-уми январ ба Ғазза зиёда аз 630 мошини кумакҳои башардӯстона ворид шуд.

Оташбас дар Навори Ғазза барои 42 рӯз эълон шудааст.

Қарор аст, ду тарафи муноқиша ва кишварҳои миёнарав барои оташбаси доимӣ гуфтугӯҳоро идома диҳанд.

*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

CNN: Трамп мехоҳад баъди савгандёкунӣ бо Путин гап занад

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, ба ёваронаш дастур додааст, ки дар рӯзҳои оянда суҳбати телефонии ӯро бо президенти Русия Владимир Путин ташкил кунанд.

Трамп 20-уми январ дар мақоми раисҷумҳури 47-уми Амрико савганд ёд мекунад.

Дар ин бора телевизиони CNN бо такя ба манобеаш хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъҳои CNN, яке аз ҳадафҳои ин гуфтугӯ "баррасии мулоқот дар моҳҳои наздик барои талоши поён додан ба ҷанг дар Украина" будааст.

Доналд Трамп рӯзи 13-уми январ дар мусоҳибае бо Newsmax гуфта буд, ки Путин омодааст, пас аз маросими савгандёдкунӣ билофосила бо ӯ мулоқот кунад.

"Медонам, ки ӯ мехоҳад мулоқот кунад ва ман ба зудӣ бо ӯ мулоқот хоҳам кард," – афзуд Трамп,

Ҳалокати се ангишткан дар кони Фон-Яғноб

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар асари фурӯ рехтани сангу рег дар кони ангишти Фон-Яғноб дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд се коргар ҷон бохтааст.

Ҳодиса рӯзи 17-уми январ рӯй дод.

Ҷонбохтагон 41, 42 ва 47-сола буда, вале мақомот ному насабашонро нашр накардаанд.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ки "ҷасадҳо ба беморхонаи вилоятӣ бурда шуданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои фоҷеаро таҳлилу тафтиш мекунанд."

Соли 2023 дар корхонаҳои Тоҷикистон 36 кас ҷон бохта, 34 тани дигар захмӣ шудаанд.

Корхонаи "Фон-Яғноб" таъминкунандаи асосии баъзе аз корхонаҳои азим, аз ҷумла Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо ангишт мебошад.

Ин кон дар умум дорои захираи қариб 1,5 миллион тонна ангишт буда, корҳои истихроҷӣ дар онҷо аз соли 1936 сар шудааст.

Трамп: Ба ҷанги ҷаҳонии севум роҳ нахоҳам дод

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Иёлоти Муттаҳида, бори дигар ваъда дод, ки ҷангро дар Украина ҳал хоҳад кард.

Ӯ шаби 19-уми январ дар як гирдиҳамоӣ дар Вашингтон гуфт, низоъҳоро дар Ховари Миёна низ қатъ ва аз ҷанги ҷаҳонии севум пешгирӣ мекунад.

Трамп ҷузъиёт надод, вале ду рӯз пеш аз маросими савгандёдкунии ӯ миёни Исроил ва гурӯҳи тундрави “Ҳамос” созиши оташбас ба имзо расид.

Ин созиш ба ҷанги беш аз 15-моҳа дар Навори Ғазза поён дод.

Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.

Доналд Трамп пештар ҳам ваъда дода буд, ки ҷангро дар Украина поён мебахшад.

Баъзе аз таҳлилгароне, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, гуфтаанд, ин кор дар ояндаи наздик аз эҳтимол дур аст. Зеро, ба гуфтаи онҳо, Владимир Путин, президенти Русия, бовар дорад, ки дар ҷанги Украина пирӯз хоҳад шуд.

CPJ ҳукумати Тоҷикистонро танқид кард

Як созмони ҳомии хабарнигорон ҳукумати Тоҷикистонро барои дар маҳбас нигоҳ доштани 8 рӯзноманигор танқид кард.

Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, рӯзи 16-уми январ гуфт, ин рӯзноманигорон аксаран бо иттиҳоми ифротгароӣ аз 7 то 20 сол зиндонӣ шудаанд. Мурофиаи онҳо паси дарҳои баста гузашт.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли муаллифони гузориш, “раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба талошҳои худ барои хомӯш кардани рақибони сиёсӣ ва садоҳои мустақил идома медиҳад.”

Рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ба CPJ гуфтаанд, озодии матбуот пас аз ҷанги дохилии се даҳа пеш дар нуқтаи поёнтарин қарор дорад.

Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон Чин (50 кас), Исроил (43 кас) ва Мяннмар (35 кас)-ро низ барои зиндонӣ кардани хабарнигорон танқид намуд.

Теъдоди умумии хабарнигорони зиндонӣ дар ҷаҳон 361 нафар ҳисоб шудааст.

Нетаняҳу гуфт, се зани озодшуда “давраи даҳшатбор”-ро гузарондаанд

Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, баъд аз раҳоии се гаравгон аз дасти нерӯҳои “Ҳамос”, гуфт, ин занон як давраи бисёр душвор ва даҳшатборро аз сар гузарондаанд.

Бино ба гузоришҳо, онҳо 481 рӯз дар асорати “Ҳамос” буданд.

Исроил дар ивази раҳоии ин гаравгонҳо ҳудуди 90 маҳбуси фаластиниро озод кард.

Оташбас дар Навори Ғазза рӯзи 19-уми январ оғоз шуд.

"Ҳамос”, ки аз сӯи Амрико ва Аврупо гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст, рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба Исроил ҳамла карда, ҳудуди 1200 нафарро кушт ва 250 нафарро гаравгон гирифт.

Дар ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза дар понздаҳ моҳи охир тақрибан 47 ҳазор фаластинӣ, аз ҷумла занону кӯдакон, кушта шуданд.

Трамп аз "Толибон" хост, таҷҳизоти низомии Амрикоро баргардонад

Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Иёлоти Муттаҳида, аз "Толибон" хост, ки таҷҳизоти низомии баҷомондаи Амрикоро дар Афғонистон пас диҳад.

Трамп як рӯз қабл аз маросими савгандёдкунӣ дар як суханронӣ дар миёни тарафдоронаш гуфт, даҳҳо миллиард доллар аз дороиҳои артиши Амрико ба "Толибон" дода шудааст.

Ӯ афзудааст, пулҳои додашударо аз Афғонистон намехоҳад, аммо таъкид кард, ки хоҳони таҷҳизоти низомӣ аст.

"Мо артиши худро бозсозӣ ва онро бо таҳҷизоти муосир муҷаҳҳаз хоҳем кард. Мо ҳамаи артишро бозсозӣ хоҳем кард. Онҳо (идораи Байден) миллиардҳо доллари ин артишро ба "Толибон" доданд. Онҳо бахши зиёде аз таҷҳизоти артишро ба душман доданд. Оё медонед, ки мо солона миллиардҳо доллар ба Афғонистон медиҳем? Ба онҳо ("Толибон") мегӯям, ман ин пулро намехоҳам, аммо таҷҳизотро мехоҳам", -- гуфтааст Трамп.

Доналд Трамп рӯзи 20-юми январ ба унвони чиҳилуҳафтумин раисҷумҳури Амрико савганд ёд хоҳад кард.

Пеш аз ин, Идораи сармуфаттиши хоси Амрико барои бозсозии Афғонистон, гуфта буд, ки ба арзиши тақрибан 7 миллиард доллар таҷҳизоти артиши пешини Афғонистон назди "Толибон" мондааст.

Ин таҷҳизотест, ки Амрико дар ихтиёри артиши пешини Афғонистон қарор дода буд. Ҳукумати "Толибон" ҳанӯз дар мавриди изҳороти Трамп ибрози назар накардааст.

Қарори ҳабси президенти барканоршудаи Кореяи Ҷанубӣ содир шуд

Юн Сок Ёл, президенти барканоршудаи Кореяи Ҷанубӣ
Юн Сок Ёл, президенти барканоршудаи Кореяи Ҷанубӣ

Додгоҳи Кореяи Ҷанубӣ қарори ҳабси Юн Сок Ёл, президенти барканоршудаи ин кишварро содир кард.

Додгоҳ президенти собиқро барои эълони вазъи фавқуллода ва омодагӣ ба ошуб гумонбар медонад.

Аз ин пеш, рӯзи 15-уми январ кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод ӯро боздошт карда буданд.

Чанд рӯз қабл мақомот кӯшиш карданд, ки ӯро боздошт кунанд, аммо бо муқовимати маъмурони амниятии раёсати ҷумҳурӣ рӯ ба рӯ гаштанд.

Вакилони мудофеи Юн Сок Ёл гуфтаанд, талоши боздошти ӯ ғайриқонунӣ аст ва ҳадаф аз он таҳқири вай дар ҷомеа мебошад.

Иқдоми Юн Сок Ёл дар эълони вазъияти ҳукумати низомӣ дар оғози декабри соли 2024 мардуми Кореяи Ҷанубиро дар ҳолати шок ва ин кишварро дар рӯбарӯи як буҳрон қарор дод.

Рӯзи 3-юми декабр Юн эълон кард, ки, ба гуфтааш, “ба хотири мубориза бо ҷонибдорони дохилии Кореяи Шимолӣ” дар кишвараш ҳолати ҷангӣ ҷорӣ мекунад.

Қароре, ки шаш соат умр дид, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ташкили эътирозҳо, корпартоиро манъ карда, дар кишвар сензура ва кори додгоҳҳои низомиро фаъол мекард, ки ҳаққи содир кардани ҳукмҳои маргро доранд.

Порлумони ин кишвар рӯзи 14-уми декабр аз тарҳи нобоварӣ ё импичменти президент пуштибонӣ кард ва фаъолияти ӯро боздошт.

Се вазири исроилӣ пас аз созиши оташбас бо ҲАМОС истеъфо доданд

Акс аз ҷалассаи кобинаи ҳукумати Исроил
Акс аз ҷалассаи кобинаи ҳукумати Исроил

Се вазири ҳукумати Исроил бо эътироз ба созиши оташбас дар Ғазза аз мақомҳои худ истеъфо доданд.

Итмар Бен-Гвир, вазири амнияти миллӣ, Амихай Элягу, вазири меросу ҳунар, Исҳоқ Вассерлауф, вазири кори Исроил, ки истеъфо доданд, зидди созиш бо ҲАМОС буданд.

ҲАМОС дар ИМА ва Аврупо созмони террористӣ дониста мешавад.

Итмар Бен-Гвир, вазири амнияти миллии гуфтааст, ки Нетаняҳу бо имзои созиши оташбас "ҳама хатти сурхро убур кард". Ӯ созиш бо ҲАМОС-ро "пирӯзии комили терроризм" номидааст.

Дар ҳукумати Исроил гурӯҳе зидди созиш бо ҲАМОС буданд ва ташвиқ мекарданд, ки бояд то нобудии пурраи ин гурӯҳ ҷанг дар Ғазза идома ёбад. Онҳо таҳдид карда буданд, ки дар сурати созиш аз мақомҳои худ истеъфо медиҳанд.

Исроил ва ҲАМОС рӯзи 15-уми январ созиши оташбасро имзо карданд ва ин созиш рӯзи 19-уми январ ба иҷро даромад.

TikTok дар Амрико дастнорас шуд

TikTok бо қарори додгоҳ дар ИМА баста шуд.
TikTok бо қарори додгоҳ дар ИМА баста шуд.

Шабакаи иҷтимоии TikTok рӯзи якшанбе, 19-уми январ дар Амрико дастнорас шуд.

Ҳангоми талоши вуруд ба TikTok чунин навишта пайдо мешавад: “Бубахшед, TikTok ҳоло дастнорас аст. Дар ИМА қонуни манъи TikTok ба амал даромад, аз ин рӯ шумо ин шабакаро истифода карда наметавонед. Хушбахтона, президент Трамп эълон кард, ки пас аз оғоз ба кораш роҳи ҳалли ин мушкилро пайдо мекунад. Бо мо бимонед.”

Маъмурияти Ҷо Байден TikTok-ро ба додгоҳ кашида буданд ва гуфтанд, ки агар бахши амрикоии он дар шаш моҳ фурухта нашавад, онро мебанданд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки ин шабака маълумоти хусусии амрикоиҳоро ба Чин медиҳад. ByteDance, соҳиби TikTok инро рад карда, аз додгоҳи олӣ хоста буд, ки ҳукми бастани шабакаро бекор кунад.

TikTok-ро шаш моҳ мӯҳлат дода буданд, ки соҳибашро дигар кунад. Шабакаи иҷтимоӣ ин коррро накард ва рӯзи 19-уми январ мӯҳлат ба охир расид. Ҳоло ин шабака аз Google Play ва Apple Store низ дар Амрико гум шудааст.

TikTok дар Амрико 170 миллион корбар дорад.

Оташбас дар Ғазза ба таъхир афтод

Ғазза
Ғазза

Оташбас дар Ғазза, ки қарор буд субҳи рӯзи якшанбе ҷорӣ шавад, ба таъхир афтод ва Исроил ҳамлаҳояшро идома дод.

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил гуфт, ҲАМОС феҳрасти гаравгонҳое, ки бояд раҳо кунад, ба онҳо пешниҳод накардааст.

ҲАМОС аз ҷониби Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ дониста мешавад.

Интизор мерафт, ки оташбас соати 8:30 ба вақти маҳаллӣ дар Ғазза эълон шавад.

Нетаняҳу гуфт, артиши Исроил агар рӯйхати гаравгонҳое, ки бояд раҳо шаванд, дастрас накунад, ба ҳамлаҳояш идома хоҳад дод.

Мақомоти Исроил гуфтанд, ҲАМОС рӯйхатро бояд то бегоҳи рӯзи 18-уми январ ба дасти онҳо мерасонд, вале ин корро накард.

Намояндагони ҲАМОС гуфтаанд, ки бо пеш омадани мушкилоти фаннӣ натавонистанд, ин корро саривақт анҷом диҳанд, вале онро субҳи рӯзи 19-уми январ ба Исроил пешниҳод кардаанд. Ҳоло интизор меравад, ки имрӯз оташбас амалӣ шавад.

Дар Русия талабот ба доруҳои рафъи афсурдагӣ афзудааст

Дорухонае дар шаҳри Керч. Соли 2022.
Дорухонае дар шаҳри Керч. Соли 2022.

Мардуми Русия соли 2024 ба ҳадде доруҳои афсурдагӣ харидаанд, ки дар муқоиса ба замони оғози ҷанг дар Украина зиёдтар аст, агарчӣ он вақт изтироби аҳолӣ болотар буд.

Нашрияи “Коммерсант” бо такя ба иттилои ширкати таҳлилии DSM Group навиштааст, аз моҳи январ то ноябри соли 2024 дар Русия 16 миллион қуттӣ дору барои рафъи афсурдагӣ харидаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2023 тақрибан 17 дар сад зиёд аст.

Ба иттилои Маркази рушди фанновариҳои нав дар Русия, талабот ба доруҳои афсурдагӣ дар Русия 22 дар сад афзудааст. Дар умум дар 11 моҳи соли 2024 дар ин кишвар мардум бо арзиши 13.5 миллиард рубл доруҳои мазкурро харидаанд.

Сабабҳои афзоиши талабот ба доруҳои афсурдагиро нагуфтаанд. Хариди ин доруҳо баъди оғози ҷанги Русия дар Украина дар соли 2022 башиддат зиёд шуда буд ва фақат дар шаш моҳи он сол 87 дар сад афзуд. Мутахассисон мегуфтанд, ки сабаби афзоиши изтиробу афсурдагӣ, ҷанг, оқибатҳои таҳримот ба зидди Русия ва тарс аз камбуди доруву дигар мавод буд.

Дар Эрон ду рӯҳонии мӯътабар ва додрасҳои шинохтаро куштаанд

Муҳаммад Муғиса ва Алӣ Разинӣ
Муҳаммад Муғиса ва Алӣ Разинӣ

Дар ҳамлаи як марди мусаллаҳ ба Додгоҳи олии Эрон ду додраси шинохтаи ин кишвар кушта шудаанд.

Дафтари матбуоти Девони олӣ ва ё Додгоҳи олии Эрон рӯзи 18-уми январ гуфт: “Як фарди мусаллаҳи нуфузӣ дар Девони олии кишвар "дар иқдоми барномарезишуда иқдом ба террори ду қозӣ кард.” Дар натиҷа Алӣ Разинӣ ва Муҳаммад Муғиса ду додраси шинохта ба ҳалокат расидаанд ва яке дигар захмӣ шудаанд.

Сабаби ҳамла ҳоло маълум нест. Ба гуфтаи дафтари матбуоти Девони олии Эрон, ҳамлавар ҳеч парвандае дар додгоҳ ва ё ҳеч иртиботе бо додгоҳ надоштааст. Девони олии Эрон, баландтарин мақоми низоми адлия аст ва раиси онро раҳбари олии кишвар таъйин мекунад. Қароргоҳи он дар Теҳрон аст ва дар саросари Эрон шӯъба дорад. Ҷузъиёти ҳамла норӯшан аст, вале ба гуфтаи дафтари матбуоти Девони олӣ, ҳамлавар пас аз тирандозӣ ба тарафи додрасҳо “зуд худкушӣ кардааст.”

Дигар расонаҳои Эрон навиштаанд, ки ҳамлавар “фарди нуфузии амниятӣ” будааст, ки аввал посбонро бо корд захмӣ карда, сипас туфанги ӯро гирифта, сӯиқасдро анҷом додааст. Ҳарду додраси кушташуда дар низоми адлияи Эрон мақомҳои баланде доштаанд. Муҳаммад Мӯғиса раиси муҳокимаи чандин парвандаҳои сиёсӣ аз ҷумла раиси муҳокимаи тарафдорони Ҷунбиши сабз, аз ҳаракатҳои мухолифи давлат дар соли 2009 будааст.

Ба зидди ӯ барои зери по кардани ҳуқуқи инсон Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо таҳрим эъмол кардаанд. Алӣ Разинӣ ҳам мақомҳои баланде дар низоми адлияи Эрон доштааст ва мухолифони давлат мегӯянд, ки ӯ дар қатҳои занҷираии худсаронаи зиндониёни сиёсии Эрон дар соли 1988 нақш доштааст.

Дар зарбаҳои Русия ба Украина чаҳор нафар ҷон додаанд

Дар ҳамла ба Запорожйе хонаҳои мардум ҳам осеб дидаанд.
Дар ҳамла ба Запорожйе хонаҳои мардум ҳам осеб дидаанд.

Мақомоти Украина хабар доданд, ки нерӯҳои Русия субҳи шанбе 18-уми январ ба шаҳрҳои Киев ва Запорожйе зарба зада камаш 4 нафарро куштаанд.

Раёсати низомӣ дар ҳукумати шаҳри Киев эълон кард, ки мушакҳои баллистикӣ ба як маҳалле дар наздикии метрои Лукяновска дар ноҳияи Шевченкивский бархӯрдаанд ва дар натиҷа чаҳор нафар ҷон дода ва се каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳамлаҳо ба зербунёдҳои вилояти Запорожйе 8 нафарро захмӣ кардаанд ва вазъи яке аз маҷрӯҳон бисёр бад будааст. Мақомоти ҳукумати Запорожйе мегӯянд, ки мушакҳои Русия ба чанд хонаи истиқоматӣ, як муассисаи давлатӣ ва мошинҳои хусусии мардум осеб расондаанд.

Вазорати тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон COVID-Omicron XBB нест

Georgia -- Omicron XBB.1.5 Kraken
Georgia -- Omicron XBB.1.5 Kraken

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри баёнияе гуфтааст, ки сару садо дар бораи хуруҷи навъи дигаре аз бемории COVID дар кишвар асос надорад.

Баёния дар замоне нашр мешавад, ки дар кишвар бемориҳои роҳҳои нафас зиёд паҳн шудаанд ва аҳволи баъзе аз беморонро бисёр бад мекунад. Вазорат рӯзи 18-уми январ гуфт: “Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла «WhatsApp» ва «Telegram» матни тавсияномае аз номи Вазорати тандурустии Тоҷикистон оид ба хуруҷи навъи нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар Тоҷикистон паҳн мегардад.”, ки бофта аст ва ҳеч иртиботе ба вазорат надорад.

Дар тавсияномае, ки бе муҳру имзову бе санади расмӣ аст ва Радиои Озодӣ ҳам онро дид, ба мардум тавсия дода мешавад, ки ниқоб пӯшанду эҳтиёткор бошанд. Вазорат аз мардум хостааст, ки “ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба хуруҷи сирояти мазкур, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар накунанд.”

Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки айни тавсиянома соли 2023 ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн гашта сабаби нашри раддияи вазорат шудааст. Дар баёнияи пешинаи вазорат омадааст, ки “ҳоло бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар кишвар дар гардиш ҳастанд, на ягон намуд вируси хатарнок”.

COVID-Omicron XBB, як навъе аз бемории СOVID аст, ки чанд сол пеш дар саросари ҷаҳон паҳн шуд ва миллионҳо нафарро кушт.

Сарвазири пешини Қаробоғи Кӯҳиро дар Боку муҳокима мекунанд

Рубен Варданян
Рубен Варданян

Қарор аст, рӯзи 17-уми январ мурофиаи Рубен Варданян, нахуствазири пешини Қаробоғи Кӯҳӣ, дар Боку шуруъ шавад. Ӯро ба ҷиноят алайҳи инсоният ва давлати Озарбойҷон гунаҳкор мекунанд.

Варданян бонкдор собиқ аст ва сарвати худро дар Русия зиёд кардааст.

Хонаводааш бо нашри изҳороте иттиҳомҳои зидди Варданянро рад ва шикоят карданд, ки тафтишот барои омодагӣ ба мурофиа ба ӯ фурсати зарурӣ надод.

“Ман ба бегуноҳии худ ва ҳамватанонам пойфишорӣ мекунам ва талаб дорам, ки ин парвандаи сиёсии зидди ман қатъ карда шавад”, -- навиштааст ӯ дар изҳороте пеш аз шурӯи додгоҳ.

Додситонҳо гуфтанд, ки Варданян ба маводи парванда пурра дастрасӣ дошт, бо вакили дифоъ аст ва аз ҳаққи интихоби забони мурофиа баҳраманд аст.

Варданян мегӯяд, ӯ дар бораи 42 иттиҳом, ки баъзе ҳабси абадро пешбинӣ мекунанд, хабардор карда шуд, вале барояш имкони пурра шинос шудан бо парвандаи расмӣ дода нашуд.

Се вакили пешини Навалнийро аз озодӣ маҳрум карданд

Вадим Кобзев ба 5,5 сол, Алексей Липтсер ба 5 сол ва Игор Сергунин ба 3,5 сол зиндон маҳкум шуданд
Вадим Кобзев ба 5,5 сол, Алексей Липтсер ба 5 сол ва Игор Сергунин ба 3,5 сол зиндон маҳкум шуданд

Додгоҳе дар вилояти Владимири Русия се вакили мудофеи пешини Алексей Навалнийро ба ҳабс маҳкум кард.

Алексей Навалний, сиёсатмадори 47-сола ва раҳбари мухолифини Русия, рӯзи 16-уми феврали 2024 дар зиндон даргузашт.

Гуноҳи вакилони мудофеъ Вадим Кобзев, Алексей Липтсер ва Игор Сергунин ин будааст, ки мукотибаҳои сиёсатмадори мунаққиди Кремлро аз зиндон ба берун мебароварданд.

Навиштаҳои Навалний дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, бар асоси он дар 36 давлат китоби хотираҳои ӯ бо номи “Патриот” (ба 26 забон) аз чоп баромад.

Додрас гуфтааст, вакилон бо ин кори худ дар фаъолияти созмони ифротгаро иштирок кардаанд. Мақомоти Русия Бунёди мубориза бо коррупсияро, ки Навалний асос гузошта буд, мамнуъ ва экстремистӣ медонанд.

“Номаҳои Навалний ба ӯ имкон медоданд, ки вазифаи раҳбарии як ташкилоти тундравро идома бидиҳад,” – гуфта шудааст дар Додгоҳ.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, Вадим Кобзев ба 5,5 сол, Алексей Липтсер ба 5 сол ва Игор Сергунин ба 3,5 сол зиндон маҳкум шуданд.

Онҳо баъд аз поёни давраи ҷазо се соли дигар аз ҳаққи вакилӣ маҳрум хоҳанд буд.

Пас аз эълони ҳукм, ширкатдорон маҳкумшудаҳоро "қаҳрамон" ва "инсонҳои беҳтарини Русия" номида, як кас нидои "шармандагӣ ба хунта" сар дод.

Ҳукми Имрон Хон ва ҳамсараш Бушра Бибӣ дар Покистон 

Имрон Хон бо ҳамсараш Бушра Бибӣ
Имрон Хон бо ҳамсараш Бушра Бибӣ

Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон ва ҳамсараш Бушра Бибӣ ба ҳабс маҳкум шуданд. Додгоҳ ҳардуро ба ришвагирӣ гунаҳкор донист. Худаш ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ номид.

Додрас Носир Ҷовид Рано рӯзи 17-уми январ гуфт: “Айбнома тасдиқ шуд, Хон маҳкум мешавад”.

Ӯ афзуд, Имрон Хон ба 14 сол ва ҳамсараш Бушра Бибӣ ба 7 сол зиндон маҳкум шуданд.

Ин ҷуфт барои гирифтани қитъаи замин аз Малик Риёз, соҳибкори сарватманд, гунаҳкор шуданд ва ин ҷиноят бо ҳадафи пулшӯӣ ва дар замони сари қудрат будани Имрон Хон содир шудааст.

Нархи замини тақдимшударо додгоҳ 240 миллион доллар ҳисоб кард, ки то ҳол дар парвандаи Имрон Хон як муомилаи молии калон дониста мешавад.

Имрон Хон, ситораи крикет ва сарвазири собиқи Покистон, 72-сола аст. Ӯ аз соли 2018 то 2022 раиси ҳукумат буд.

Аз моҳи августи соли 2023 бар асоси 150 парвандаи ҷиноӣ дар ҳабс ба сар мебарад.

Хон ва ҳизби “Таҳрики инсоф”-и ӯ гуфтаанд, ин парванда дорои ангезаҳои сиёсӣ аст ва ҳадафаш пешгирӣ аз бозгашти ӯ ба сари қудрат мебошад.

Далерҷон Очиловро дар Русия зиндонӣ карданд

Далерҷон Очилов. Акс аз Додгоҳи ноҳияи Калинин
Далерҷон Очилов. Акс аз Додгоҳи ноҳияи Калинин

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия 7 сол зиндонӣ карданд.

Додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Новосибирск рӯзи 16-уми январ Далерҷон Очиловро ба авбошӣ ва бадном кардани артиши Русия гунаҳкор донист.

Дафтари матбуоти додгоҳ гуфт, ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.

Қаблан гуфта шуда буд, ки Далерҷон Очилов дар бораи ҷанги Русия дар Украина (мақомот онро амалиёти махсуси низомӣ меноманд) маълумоти дурӯғ дода, амалкарди президент Владимир Путинро дар ин замина танқид кардааст.

Наталя Воронтсова, вакили мудофеи Очилов, ба SotaVision гуфтааст, шахси зери ҳимояти ӯ иттиҳомро напазируфт.

Далерҷон Очилов дар соли 2012 ба Русия рафта, моҳи феврали 2024 барои дарёфти шаҳрвандии ин кишвар ариза додааст.

Ӯро дар моҳи апрели соли 2024 дастгир карданд.

Мавқеи наздиконаш ба ҳукм дастрас нест.

Боздошту ҳабси зодагони Тоҷикистон дар Русия баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори "Крокус" дар наздикии Маскав бештар шуд.

Дар ин ҳодиса, ки дар шаби 22-юми марти 2024 рӯй дод, 144 кас кушта шуд. Мақомоти Русия 27 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро дастгир карданд, вале баъзе аз онҳо худро бегуноҳ донистанд.

Муин Ғафуров дар UFC бо размикори ҷопонӣ рақобат мекунад

Муин Ғафуров. Акс аз бойгонӣ
Муин Ғафуров. Акс аз бойгонӣ

Муин Ғафуров, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти UFC шаби 19-уми январ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муқобили Риня Накамураи ҷопонӣ вориди рақобат мешавад.

Ғафурови 28-сола дар ММА ҳамагӣ 25 қувваозмоӣ анҷом дода, дар 19-тоаш пирӯз шуда, дар 6-тоаш шикаст хӯрдааст. Вазнаш 61 кило ва қадаш 1 метру 70 сантиметр.

Риня Накамураи 29-сола дар муҳорибаҳои ММА то ҳоло шикастнопазир аст. Ӯ дар ҳамаи 9 қувваозмоӣ, аз он ҷумла дутоаш дар UFC, дастболо шудааст. Қадаш 1 метру 70 сантиметр, вазнаш 61 кило.

Накамура як размикори хеле ҷолиб мебошад. Вай дорои таҷрибаи ғанӣ дар куштӣ буда, дар ҷараёни рақобат фаъолона кор мекунад ва усулҳои зарбазании баландсифат дорад. Ҷопонӣ айни замон дар ҳолати хуби варзишист ва тасодуфӣ нест, ки UFC ӯро ҳамчун як размикори ояндадор меҳисобад.

Мутахассисони ММА пешбинӣ мекунанд, ки рақобат бо Накамура барои Муин Ғафуров сахту вазнин хоҳад шуд.

Муин Ғафуров 7-уми сентябри соли 2021 дар финали силсилаи номзадҳои Дана Уайт бо Чад Анҷелигери канадагӣ рӯбарӯ шуда буд. Дар сурати пирӯзӣ размикори тоҷик метавонист дар таърих ҳамчун нахустин варзишгар аз Тоҷикистон бо UFC шартнома бандад, вале ӯ дар набарди ниҳоӣ бо тасмими тақсимшудаи доварон шикаст хӯрд.

Муин Ғафуров танҳо баъди қариб ду сол вориди UFC шуд. Вай моҳи июни соли 2023 дар аввалин рақобаташ дар ин ташкилот аз Ҷон Кастанеда (ИМА) бо қарори якдилонаи доварон шикаст хӯрд. Дар моҳи октябри ҳамон сол Ғафуров бори дигар дар UFC ба нокомӣ дучор гашт. Муин аз Саид Нурмагомедови русиягӣ мағлуб шуд.

Ниҳоят, размикори тоҷик моҳи июни соли 2024 аввалин ғалабаи худро дар UFC ба даст овард. Ӯ Куюнг Ҳо Канги кореягиро шикаст дод. Ҳамин тариқ, Муин Ғафуров чаҳорумин размикор аз Тоҷикистон аст, ки ба UFC дохил шудааст.

Бояд зикр намуд, Муин Ғафуров соли 2013 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои размӣ дар Маскави Русия дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфта буд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Абзал Абилдашев аз Қазоқистон ғолиб омада, бо медали тилло мукофотонида шуд.

Исроил ва "Ҳамос" созиши оташбасро имзо карданд

Ғазза, Фаластин.
Ғазза, Фаластин.

Тимҳои музокиракунандаи Исроил ва "Ҳамос" дар Давҳа, пойтахти Қатар созишномаи оташбас дар Ғазза ва озодии гаравгонҳоро имзо кардаанд.

Қарор аст кобинаи амнияти Исроил рӯзи ҷумъа барои раъйдиҳӣ дар бораи ин созиш ҷаласа баргузор кунад. Дафтари нахуствазири Исроил субҳи 17-уми январ ин хабарро тасдиқ кард.

Хабари имзои созиши оташбас аз сӯи тарафҳои даргир дар Ғазза дар ҳоле нашр мешавад, ки рӯзи гузашта сарвазири Исроил гурӯҳи “Ҳамос”-ро муттаҳам кард, ки баъзе аз бандҳои созиши оташбасро дар Навори Ғазза напазируфта, қабули онро аз сӯйи ҳукумати Исроил низ ба таъхир андохтааст.

Мувофиқатномаи оташбас дар Ғазза рӯзи 15-уми январ аз сӯи нахуствазир ва вазири корҳои хориҷии Қатар эълон шуд ва он аз рӯзи 19-уми январ ба ҳолати иҷро медарояд. Ин созиш, ки пас аз ҳафтаҳо музокироти сахт дар пойтахти Қатар ба даст омад, озодии даҳҳо гаравгон аз дасти "Ҳамос"-ро дар чанд марҳила дар назар дорад ва ҳамчунин шомили озодии садҳо зиндонии фаластинӣ дар Исроил, хоҳад буд.

Ҷанг миёни Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 оғоз шуд. Пас аз ҳамлаи "Ҳамос", ки 1200 исроилиро кушт ва 250 касро гаравгон гирифт, Исроил ба Ғазза юриш бурд.

Ба гуфтаи мақомоти Ғазза, дар ин ҷанг беш аз 46 ҳазор кас кушта ва 90 дарсади аҳолии ин минтақа овора шудаанд. Аксар кушташудаҳои ҷониби фаластинӣ занон ва кӯдакон мебошанд.

Пулис аз зиёд шудани қаллобон дар "Сомон.тҷ" хабар дод

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Пулиси Душанбе аз ошкор шудани шумораи зиёди қаллобон дар сомонаи "Сомон.Тҷ" хабар додааст.

Ин ниҳод дар телеграм-канали худ хабар дод, ки кормандони Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ин ҳолатро ошкор кардаанд.

Ба иттилои мақомот, гумонбарон дар "Сомон.тҷ" дар бораи ба иҷора додани манзили истиқоматӣ эълони бардурӯғ нашр намуда, маблағҳои гуногуни шаҳрвандонро аз худ кардаанд.

Вобаста ба ин ҳолат, пулис ба шаҳрвандон муроҷиат кардааст, ки агар мавриди фиреби ин гурӯҳҳо қарор гирифта бошанд, ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд.

Нетаняҳу “Ҳамос”-ро ба нақзи созиш муттаҳам кард

Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу

Сарвазири Исроил гурӯҳи “Ҳамос”-ро муттаҳам кард, ки баъзе аз бандҳои созиши оташбасро дар Навори Ғазза напазируфта, қабули онро аз сӯйи ҳукумати Исроил низ ба таъхир андохтааст.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.

Изҳороти Бенямин Нетаняҳу рӯзи 16-уми январ садо дод.

Ба гузориши “Рейтерс”, ӯ гуфтааст, “Ҳамос” дар лаҳзаҳои охирин бахшҳое аз созиши ҳосилшударо бо миёнаравон ва Исроил нақз мекунад.”

Дар эъломия омадааст, то замоне миёнаравҳо ба Исроил хабар надиҳанд, ки “Ҳамос” ҳама бахшҳои созиши оташбасро пазируфт, кобинаи вазирони Исроил нишасте баргузор нахоҳад кард.

Қатар ва Иёлоти Муттаҳида рӯзи 15-уми январ эълон карданд, ки баъд аз 467 рӯз ҷанг, Исроил ва гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" бо созиши оташбас дар Ғазза ва озодии гаравгонҳо мувофиқат карданд.

Нахуствазир ва вазири корҳои хориҷии Қатар хабар дод, ки оташбас аз рӯзи 19-уми январ оғоз мешавад.

Ҷанги ду тараф аз 7-уми октябри соли 2023 идома дорад. Баъди он ки ҷангҷӯёни “Ҳамос” дар ҳамла ба Исроил 1200 касро кушта, 250 тани дигарро гаравгон гирифтанд.

Мақомоти Ғазза мегӯянд, дар ҳамлаҳои Исроил дар 15 моҳи охир беш аз 46 ҳазор фаластинӣ, аз ҷумла занону кӯдакон, кушта шуданд.

Ҷо Байден аз хатари “олигархия” дар Амрико ҳушдор дод

Ҷо Байден
Ҷо Байден

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, аз шакл гирифтани “олигархияи хатарзо” дар Иёлоти Муттаҳида ҳушдор дод. Олигархия як навъи ҳукуматест, ки аз ҷониби гурӯҳи хурди сарватмандон идора карда мешавад.

“Аз афтодани идораи қудрат ба дасти чанд шахси сарватманд нигаронам,” – гуфт Ҷо Байден дар паёми худоҳофизияш рӯзи 15-уми январ.

Вай аз касе ё гурӯҳе ном нагирифт, аммо афзуд, ин вазъ на танҳо ба демократияи Амрико, балки ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдӣ таҳдид мекунад.

Байден рӯзи 20-уми январ Кохи Сафедро ба раисҷумҳури мунтахаб Доналд Трамп месупорад.

Трамп, ки дар интихоботи президентии соли 2024, пирӯз шуд, аз ҷониби Илон Маск, мудири Tesla ва SpaceX ва шахсони дигари сарватманд пуштибонӣ мешавад.

Маск соли 2024 ба маъракаи интихоботии Трамп даҳҳо миллион доллар харҷ кард.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG