Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Сингапур


Шаш варзишгари ҷавони тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 14-ум то 26-уми август дар Сингапур баргузор мешаванд, Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳанд кард.

Дар ин бора Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар як нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 6-уми август дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҷаноби Неъматов гуфт: «Мӯҳлати баргузории Бозиҳои олимпии наврасон 12 рӯз муқаррар гардидааст. Синни ширкаткунандагони мусобиқот вобаста ба навъи варзиш аз 14 то 18-сола муайян шудааст. Дар бозиҳо беш аз 3500 варзишгар аз рӯи 29 намуд қувваозмоӣ мекунанд. Барномаи Бозиҳои наврасон ба барномаи Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон мутобиқ шудааст. Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 6 варзишгар - Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг (мураббиаш Абдурозиқ Олимов), Абдуқодир Баротов (гурзандозӣ, мураббиаш Дилшод Назаров), Сиёвуш Зуҳуров (бокс, вазни то 91 кг, мураббиаш Амирхон Муродов), Даврон Атобоев (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр, мураббиаш Галина Карамишева), Кристина Зайниддинова (камонварӣ, мураббиаш Махфират Алиева) ва Шукрона Шарифова (таэквон-до WTF, вазни то 44 кг, мураббиаш Ҷамшед Абдуҷабборов) намояндагӣ мекунанд. Ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули 13 нафар (6 варзишгар, 5 мураббӣ, намояндаи Кумитаи миллии олимпии кишвар Муҳаммадшо Абдуллоев ва раҳбари ҳайат Наргис Набиева, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон) шаби 8-ум ба 9-уми август озими Сингапур хоҳад шуд».

Ба гуфтаи Маликшо Неъматов дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои наврасон, ки дар Сингапур 14-уми август доир мешавад, гуштигир Баҳодур Қодиров парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон интихоб шудааст.
XS
SM
MD
LG