Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе Бозор Собирро дубора ба оғӯш гирифт


Бозор Собир, шоири маҳбуб ва саршиноси тоҷик, ки дар Амрико ба сар мебарад, баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе вориди пойтахти Тоҷикистон шуд ва дар фурудгоҳи Душанбе мавриди истиқболи бесобиқаи ҳаводорон, дӯстон, ҳамқаламон ва хабарнигорони зиёде қарор гирифт.

Дар гуфтугӯи кутоҳе бо Радиои Озодӣ аз фурцдгоҳи Душанбе Бозор Собир дар бораи ҳадафи сафараш гуфт, мехоҳад дар ҷараёни он китоби нави худ - "Хуни қалам"-ро ба нашр расонад ва як шаби назм баргузор кунад. Шоир мегӯяд, эҳтимолан ҳудуди ду моҳ дар Тоҷикистон хоҳад монд.

Истиқбол аз Бозор Собир
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:07 0:00


Бозор Собир дар авоили соли 1993 ба дунболи ба қудрат расидани ҷонибдорони Фронти халқӣ зиндонӣ шуд. Аммо ҳудуди як соли баъд таҳти фишори сомзонҳои байналмилаӣ ва хоса рӯшанфикрони Русия ва ҳамкории бархе шахсиятҳои Тоҷикистон аз зиндон озод шуд ва баъди озодӣ аз зиндон ба Маскав ва аз он ҷо ба Амрико рафт.



Бозор Собир як чеҳраи мавриди таваҷҷӯҳ ва гоҳе баҳсофарин дар таърихи бештар аз 20 соли охири Тоҷикистон будааст. Ӯ вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати охирон низ буд, ки аз ваколаташ даст кашид. Бозор Собир ҳамчунин яке аз бунёдгузорони Ҳизби Демократи Тоҷикистон, нахустин ҳизби алтернативӣ ва узви ҳайати раҳбарии созмони Растохез низ буд.

Бозор Собир
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00


Аммо дар замони ҳиҷрат аз сиёсат канор рафт ва саҳме дар сиёсат надошт. Бо вуҷуди ин номи Бозор Собир дар ҳама ин муддат ба таъбири худаш луқмаи даҳони қаламфарсоён дар матбуоти Тоҷикистон будааст. Бозор Собир дар ин мудат борҳо мақолаҳои баҳсбарангез дар рузномаҳо нашр кардааст.

Гапи аввал дар маҳфилҳо ва доираҳои адабӣ ва матбуоти имрӯзи Душанбе бозгашти Бозор Собир аст. Ин баёнгари он аст, ки шоир ҳамчунон мавқеъ ва нуфузи худро аз даст надодааст.

Марворидҳои ноёби Бозор

Шоири тоҷик Бозор Собир 70-сола шуд

Об мегардам, ки дар ҳалқи Арал, қатраи обе чаконам

Боз омадам, боз омадам

XS
SM
MD
LG