Дар як соли пеш 70-солагии устоди сухан дар Тоҷикистон дар доираҳои хурду маҳфилҳои хосса таҷлил шуда буд, аммо дӯстон ва наздиконе, ки Бозор Собирро аз наздик мешиносанд ва аз тифлӣ ҳамроҳ буданд, мӯътақидона мегӯянд, ки ӯ дар соли 2009 70-сола шудааст.
Ва ин ҷашни мубораки Бозор Собир бо як маҳфили хоксоронаи шоирону мухлисон ва дӯстонаш таҷлил шуд.
Ин маҳфили муаррифии китобе ба унвони «Марворидҳои ноёби Бозор» буд, ки рӯзномаи «Миллат» ташкил карда буд. Ин китоб аз хотироти соядастҳои Бозор Собир ба дӯстон ва мухлисон таҳия шудааст.
Ширкатдорон дар ин маҳфил аз Бозор Собир ва хотироти талху ширини бо ӯ будан ва сӯҳбат карданҳо нақл ва чеҳраи ошнои шоири ғарибу тавонои тоҷикро дубора наққошӣ карданд.
Радиои Озодӣ Бозор Собирро ба ин рӯзи муборакаш табрик ва ин наворро ба мухлисон ва бинандагон тақдим мекунад: