Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Об мегардам, ки дар ҳалқи Арал, қатраи обе чаконам


Ин шеъри Муъмин Қаноъат аст, ки барои зодрӯзи хеш гуфтааст. Ӯ, ки бо қомати устувор ва чеҳраи ҷаззоб аз миёни кӯҳистони сарсабзи Тоҷикистон бархост, то кунун бо ҳамин пайкари устувор номбардори шеъри тоҷик аст. Муъмин Қаноъат дар ибтидои солҳои панҷоҳ нахустин шеъри худро гуфт ва вориди саҳнаи адабиёт ва дертар сиёсат низ шуд. Номи Муъмин Қаноъат ҳамроҳ бо Мирзо Турсунзода дар саросари паҳнои шӯравии пешин ба унвони визиткорт, ё муаррифиномаи Тоҷикистон буд. Ба эътиқоди муҳаққиқон ва донишмандони адабиёт шинос Муъмин Қаноъат саромади даврони эҳёгарӣ дар адабиёт ва наҳзати озодихоҳии шеър аст.

Агарчанд Садриддин Айнӣ ва Абдулқосими Лоҳутӣ ба унвони адиб дар ибтидои низоми шӯравӣ талоши фаровон ва қаҳрамононае дар амри ҳифзи фарҳанг ва забони миллӣ ва ҳамин тавр соҳиби давлат шудани тоҷикон карданд, аммо насли баъдӣ, ки дар пешопеши он Муъмин Қаноъат қарор дошт, як гунаи пайванд миёни даври кӯҳна ва нав ва эътиқодоти гузашта ва арзишҳои ҷомеаи навин буд. Ин насл ба сурати ошкор аз ҳуввият ва арзишҳои миллӣ сухан оғоз кард. Агарчанд мӯътақид буд, ки саодати миллӣ дар чаҳорчӯби низоми ҳоким мумкин аст. Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ сароғози ҳаракатҳои эҳёгарӣ ва дифоъ аз ҳуввияти миллӣ буд. Агарчанд навъе сухани боэҳтиёт аст.

Муҳаққиқ ва нависандаи тоҷик Мирзо Шакурзода, ки маҷмӯъаи ашъори шоирро бо алифбои форсӣ таҳия ва нашр кардааст мегӯяд: "Устод Мӯъмин Қаноат дар таърихи адабиёти тоҷик он қадр хидматҳои бузурге кардаанд, ки мешавад онро дар радифи хадамоти таърихии устод Садриддин Айнӣ ва устод Абулқосим Лоҳутӣ гузошт. Агар як рисолати шеър худшиносии миллӣ бошад, ин рисолатро Мӯъмин Қаноъат сарфи назар аз режими коммунистӣ бо сари баланд адо карданд. Аз ҷумла бо шеъри "Ба ҳаводорони шеъри форсӣ", ки онро дар Ирон мардум мисли як гимн ҳифз кардаанд."

Ба ҳаводорони шеъри форсӣ

Аз Мӯъмин Қаноат таърихчаи иншои ин шеърро суол кардем.
Ва он қиссаро аз забони худи шоир бишнавед.

Аммо намунаи шеъре, ки овоза ва эътибори Мӯъмин Қаноъатро боло бурд ва ӯро дар сафи шахсиятҳои фарҳангии шӯравии пешин қарор дод, силсилаи достонҳо роҷеъ ба ҷанги ҷаҳонии дуввум буд. Шоир дар ин достонҳо тавонистааст, бо вуҷуди бархостан аз батни низом таввҷҷӯҳи аслиро рӯи нақши ҳизб ва ҷараёни ҷанг мутамарказ накунад, балки ин достонҳо ситоише ваа тасвири рӯҳи инсон ба ҳангоми ҷанг, фалсафаи ҷангу сулҳ ва назири он аст. Бо вуҷуди шикастани шӯравӣ, Ленин, Сталин ва арзишҳои он "Суруши Сталинград"- и Қаноат, ки болотарин намунаи шеъри ҳамосӣ ва достони ӯст ҳамчунин бегазанд ва пураҳамият боқӣ монда.

Чаро? Посухи чаро зери ин ҷумлаи сабз аст.

"Суруши Сталинград" маҳсули кори 5-солаи шоир буд, ки дар соли 1970 мунташир гашт ва дар соли 1975 барои дарёфти олитарин ҷоизаи шӯравии пешин муарифӣ шуд. Вале бо вуҷуди аз сӯи мунаққидон баҳои олӣ гирифтани ин асар ва дар барномаҳои таълими адабиёти шӯравӣ ворид шудани он, ҷоизаро дарёфт накард ва шоир дар ин марвид ҳарфҳоеро мегӯяд, ки то кунун нагуфтааст.

Ин ҷумлаи сабзро панҷа занед ва ҳарфҳои то кунун пинҳондоштаи Мӯъмин Қаноатро бишнавед.


Тасавури умумӣ чунин аст, ки Мӯъмин Қаноат дар сояи марҳамати Мирзо Турсунзода бузург шуда ва пуштибонии фавқуллода дидааст. Аммо мегӯяд Мӯъмин Қаноат агарчанд ин ғайри қобили инкор аст, вале дар чанд марвиди ҳассос аз ҷумла вақте, ки барои гуфтани "Созҳои Шероз" ӯ ба иронгароӣ ва миллатгароӣ муттаҳам шуд, Турсунзода аз мунаққидони у пуштибонӣ кард.

Дар соли 1997 Суруши Сталингарад бидуни мушкил ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравиро бурд ва муаллифро дар қуллаи шӯҳрат ва ном қарор дод. "Суруши Сталинград" охирин намунаи адабиёти тоҷик буд, ки олитарин ҷоизаи шӯравии пешинро бурд. То Муъмин Қаноъат устод Айнӣ, Турсунзода ва Миршакар ин мукофотро дарёфт карда буданд. Аммо дар худи ҳамон сол Мирзо Турсунзода раиси Ит тиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, ки пурнуфузтарин шахсияти тоҷик дар саросари шӯравии пешин буд даргузашт ва Мӯъмин Қаноат ба курсии раёсати ин иттиҳодия нишаст. Ӯ то соли 1991 раиси ин иттиҳодия ва ҳамвора узви порлумони шӯравии пешин буд. Бо даргузашти Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров акнун Муъмин Қаноъат танҳо шахсияти фарҳангӣ сиёсии матраҳи тоҷик дар маҳдудаи шӯравӣ буд. Ӯ дар бисёр музокироти масоили байналмилалӣ Шӯравиро намояндагӣ кардааст. Ҳатто дар соли 1991 ба курсии раёсати Кумитаи умури байналмилалии порлумони шӯравӣ нишаст ва тӯлии се моҳ раёсати музокираи шӯравӣ бо ҳукумати муҷоҳиддини афғонро бар ӯҳда дошт, то билохира дар моҳи октябри ҳамон сол муоҳидаи миёни шуравӣ ва ҳукумати муҷоҳиддин дар Кремл ба имзо расид.

Аммо ҷолибтарин қиссаи шоир ва сиёсатро дар пешгуфторе ба нашри форсии осори Қаноъат мехонам:

"Қаноат дар ҳайъати шӯравӣ ба як амирнишини араб дар Халиҷи Форс барои музокира дар мавриди сулҳи Ховари Миёна меравад. Вақти зиёфат амири араб, ки бо виқор нишаст буд, ба Қаноъат гуфт, мегӯянд шоир низ ҳастӣ, барои мо шеъре бихон. Шоири тоҷик шеъре бо номи "Насими Форсӣ"-ро хонд. Амири араб ин мисраҳоро шунид, то поёни маҷлис тунд нишаст ва ҳарфе дигар нагуфт."

Он мисраҳоро шумо ҳам бишнавед
Қаноъат ҳафт достон дорад, ки ҳамаи он аҳамияти худро гум накарда ва моли адабиёт шудааст. Дар ҳоле, ки аксари сурудаҳои шоирони замони шӯравӣ беаҳамият шуда ва қабл аз муаллифони асарҳо мурдаанд.

Шоир Қаноъат дар замони оғози ҷанги дохилӣ муддате дар Алмаато ва Теҳрон ба сар бурд ва ин муддат замон достони "Ҳамосаи Дод"- ро гуфт, ки мавзӯъи он ҷанги дохилии Тоҷикистон буд. Аммо Бозор Собир шоири тавони тоҷик, ки феълан дар Амрико ба сар мебарад ва дар гуфтани шеъри тасвирӣ муваффақтарин шоири даврони худ эътироф шудааст, Қаноъатро устоди худ медонад ва мегӯяд шоири Тоҷикистон ҳанӯз ҳам Мӯъмин Қаноат аст.

Ситоиши Бозор Собир

Аммо Гулрухсор танҳо зани шоире, ки дар даврони эҳёгарии шеър ва наҳзати озодихоҳии адабиёт дар канори Қаноъат, Лоиқ ва Бозор нақш дорад ва аз шеъри онҳо таъсир низ пазируфтааст, дар мавриди шеъри Муъмин Қаноъат мегӯяд.


Муъмин Қаноъат бо қомати расо ва сари буланде, ки дорад, гоҳ-гоҳе дар ҷодаҳои Душанбе танҳо ва пиёда роҳ меравад. Акнун низ ҳама он шукӯҳ шаҳомат, донишу фаросат ва ҷойгоҳи худро ҳифз карда ва дар ҷодаҳо, ки роҳ меравад мардум мисли соати деворӣ ҷониби у мегигаранд. Аммо аз имтиёз ва имконот чизе намонда. Ва бо хонумаш танҳо дар манзиле дар Қарияи боло ба сар мебарад.
Ва аз ояндаи шеъри форсии Тоҷикистон низ суол мекунам. У ояндаи ин шеърро рӯшан намебинад. Ӯ баъди Аҷамӣ ва Сиёвуш шоири дигареро нашинохтааст. Агар эҷодкорони тоҷик дар даврони шуравӣ бо воруна ҷилва додани таърих онро ба воқеъият созгор месохтанд, Муъмин Қаноъат танҳо рӯшнафикре буд, ки аз воқеъият таърих сохтааст.
"Меҳргони умри ман, меҳр бар дил, меҳр бар сар,
Чун дарахти зиндагӣ пурбор буд, ин ҷаҳон бозор буд.
Баргрези умри ман, шохи урёнест, ё кӯҳи баланд,
Ки ба сар бардошта як яхистони азим.
Як яхистон бар сарам, меҳри сӯзон дар дилам,
Об мегардам, ки дар ҳалқи Арал, қатраи обе чаконам, қатраи обе."
XS
SM
MD
LG