Ба ширкаткунандагони озмун се савол пешниҳод шуда буд:
Саволи якум: Чаҳор дастаеро номбар кунед, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд?
Саволи дуввум: Кадом дастаҳо ба бозии ниҳоӣ роҳхат мегиранд ва кадом даста қаҳрамони ҷаҳон мешавад? Ҳисоби бозии ниҳоиро пешгӯӣ кунед.
Саволи севум: Кӣ беҳтарин нишонзан мешавад ва чанд гол мезанад?
Аз ширкаткунандагони озмун хоҳиш шуда буд, ки ҷавобҳои худро тавассути почтаи электронӣ то 20-уми июн бифиристанд ва мо беш аз 100 ҷавоби мухлисонро гирифтем.
Вале, мутаассифона, ягон нафар ба саволҳои мо комилан пешгӯии дуруст накардааст. Зеро аксари мухлисон Бразил, Аргентина, Олмон ва Инглистонро қаҳрамони ҷаҳон ва Месси, ҳамлагари Аргентинаро беҳтарин нишонзан донистаанд.
Танҳо ба андешаи як нафар - Хуршед Ҳоҷибеков дар финали Ҷоми ҷаҳонии футбол тимҳои Испания ва Бразил рақобат мекунанд ва бозии ниҳоӣ бо ҳисоби 3:1 ба нафъи испаниҳо ба охир мерасад. Дуруст аст, ки испаниҳо қаҳрамони ҷаҳон шуданд, вале онҳо дар бозии ниҳоӣ на бар тими Бразил, балки бар дастаи Ҳолланд бо ҳисоби 1:0 пирӯз гаштанд.
Мухлиси дигар - Дилшод Раҳимов, корманди Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон, ба саволи аввал пешгӯӣ кардааст, ки Уругвай, Ҳолланд, Олмон ва Бразил ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Ӯ танҳо ба ҷои Испания Бразилро ном бурдааст. Инчунин Дилшод ба саволи дуввум низ нимкола ҷавоб додааст. Ба пешгӯии ӯ дастаҳои Олмон ва Ҳолланд ба финал мебароянд ва бозии ниҳоӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи олмониҳо анҷом меёбад. Мувофиқи пешгӯии Дилшод Раҳимов ба саволи севум Диего Форлан, ҳамлагари тими Уругвай, бо 6 гол нишонзани беҳтарин мешавад. Воқеъан, Диего Форлан беҳтарин бозигари Ҷоми ҷаҳон-2010 эътироф гашт ва бо “Тӯби тиллоӣ” мукофотонида шуд. Вале беҳтарин нишонзани мусобиқот Томас Мюллер, нимҳимоятгари тими Олмон, гардид. Вай дар 6 бозӣ 5 гол задааст. Уэсли Снейдери ҳуландӣ, Давид Виляи испанӣ ва Диего Форлани уругвайӣ низ 5-голӣ задаанд. Вале аз рӯи қавоиди FIFA дар мавриди баробарии голҳои задаи муддаъиёни «Бутсии тиллоӣ» пасҳое, ки боиси голзанӣ мегарданд, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Аз ин ҷиҳат Мюллер нисбати рақибонаш бартарӣ дорад. Вай се паси натиҷабахш додааст, вале Виля, Форлан ва Снейдер - яктоӣ.
Ба ин тартиб, дар озмуни Радиои Озодӣ ягон мухлиси футбол ба се саволи мо комилан пешгӯии дуруст накардааст.
Ду нафар – Дилшод Раҳимов ва Хуршед Ҳоҷибеков, ки ба саволҳои озмун қисман ҷавобҳои дуруст фиристодаанд, бо тӯҳфаҳо сарфароз шуданд.
Аз ҳамаи онҳое, ки дар ин озмун ширкат карданд, сипосгузорем.