Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ленин, бародар, раҳнамо?


Муҷассамаи Ленин дар майдони назди вокзали Финляндияи Санкт-Петербург дубора қомат афрохт. Як соли пеш афроди номаълум ин муҷассамаро тарконида буданд. Аммо дар арафаи 140-солагии зодрӯзи Владимир Ленин дар ҷойи пештарааш мустақар шуд. Ва комунистҳои “гаҳвораи инқилоб” рӯзи 22 апрел пояи ҳайкалро гулборон карданд.

Аммо коммунистҳои пойтахти Тоҷикистон чанд сол боз аз имкони гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Ленин маҳруманд. Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби коммунист ва узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ки онҳо бори ахир се сол пеш дар пояи муҷассамаи Ленин дар боғи марказии пойтахт гулчанбар гузошта буданд.

Замони шӯравӣ муҷассамаву нимпайкараҳои Ленинро сари ҳар қадам вохурдан мумкин буд – дар хиёбону гулгаштҳо ва саҳни мактабу муассисаҳои давлатӣ. Фақат дар хиёбони ба номи Ленини шаҳри Душанбе ҳадди аққал дар чаҳор ҷой – дар назди донишгоҳи ба номи Ленин, дар гулгашти Академияи улум, дар майдони ба номи Ленин ва дар боғи ба номи Ленин муҷассамаҳои доҳии пролетариати ҷаҳон қомат афрохта буд.

Аммо бо суқути шӯравӣ ин ҳайкалу нимпайкараҳо ба тадриҷ бардошта шуданд. Бузургтарин муҷассамаи Ленин дар майдони марказии шаҳри Душанбе соли 1991, ду ҳафта баъд аз эълони истиқлоли Тоҷикистон, ба замин афканда шуд. Шодӣ Шабдолов мегӯяд, ки ин муҷассамаи бузург аз чуян гудохта шуда буд ва комилан пора-пора шуда, сарнавишти он пораҳо маълум нест.

Баъдан дигар муҷассамаҳои Ленин дар пойтахт ҳам барканда шуданд. Ягона умеди коммунистҳои тоҷик ба боқӣ мондани муҷассама дар боғи марказӣ буд, ки аз нодиртарин муҷассамаҳои Ленин дар шӯравии собиқ маҳсуб мешуд.

Оқои Шабдолов мегӯяд: “Ин муҷассама соли 1925, ба муносибати як солагии таъсис ёфтани ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон Сталин аз Ленинград ба ин ҷо интиқол дода шуда ва дар дар боғи ба номи Ленин насб шуда буд, ки ҳоло боғи Рӯдакӣ ном дорад.
Коммунистҳои тоҷик зимни оғози анҷумани ҳизбии худ дар пояи пайкараи Ленин
Ин муҷассама се сол боз дар таҳвилхонаи вазорати фарҳанг хоб аст ва онро на таҷдид карданд ва на таъмир. Ҳозир ягон муҷассама дар шаҳр намондааст, ки он ҷо рафта гул гузорем. Дар ноҳияи Айнӣ ҳам мақомот шабона рафта муҷассамаи Ленинро чаппа карданд.”


Шодӣ Шабдолов мегӯяд, ки ҳама талошҳои онҳо барои ба ихтиёри ҳизби коммунист гузоштани ин муҷассамаи нордир бенатиҷа поён ёфтанд.

Ангушти Ленин – сӯи маҳбаси занона?


Айни ҳол дар Тоҷикистон муҷассамаҳои Ленин ангуштшуморанд. Ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов, ин муҷассамаҳо дар чанд шаҳраку маркази ноҳияҳо бар асари пойфишории комунистҳои маҳаллӣ боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, яке аз бузургтарин дар Осиёи Марказӣ муҷассамаҳои Ленин дар шаҳри Хуҷанд то ҳанӯз побарҷост. Баландии ин муҷассама 12 метр аст. То авоили ҳамин сол дар маркази Хуҷанд муҷассамаи досу болға ҳам боқӣ монда буд.

Зимнан, ба гуфтаи танзнависи тоҷик Нуруллоҳи Абдулло, дар бораи муҷассамаи Ленин дар шаҳри Хуҷанд ривояте мавҷуд аст, ки бештар ба латифа шабоҳат дорад: “Мегӯянд, муҷассамаи калони Ленин, ки дар Хуҷанд сохта шудааст, аввал дар тарафе, ки Ленин дасташро дароз мекард, маҳбаси занона буд. Баъд он дасташро гирифта ба он кепка монда пойин карданд. Ва баъдан диданд, ки як кепкаи дигар дар сараш будааст”...

Бархе аз коршиносону сиёсатмадорон баркандани муҷассамаҳоро паёмади ногузири суқути идеологияи ленинӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон мехонанд. Аз нигоҳи онҳо, баъд аз шикасти Иттиҳоди шӯравӣ дар аксари ин кишварҳо ба таърихи миллату ақвоми бумӣ рӯ оварданд ва ба ҷойи муассамаҳои пешвоёни ҳизби коммунист ва раҳбарони давлати шӯравӣ пайкараҳои қаҳрамонони миллӣ ва сиёсатмадорону адибону донишмандони худиро гузоштанд. Номҳои кӯчаву хиёбон ва шаҳраку деҳаҳоро низ ҳамин сарнавишт ёр шуд.

Ёд бод он рӯзгорон, ёд бод...
?

Сиёсатмадори тоҷик Ҳайдаршоҳ Акбаров мегӯяд, ки ёдгор аз Ленин на муҷассамаву нимпайкараҳои ҳло сарнагуншуда, балки давлате буд, ки бунёдашро гузошта буд. Ва таърихи ин давлатро ба гуфтаи ӯ, ба ду марҳала метавон тақсим кард – марҳалаи аввали баъд аз инқилоб, ки камбудиҳои зиёд, талафоти зиёд, беадолатиҳои зиёд, кушторҳои зиёд, маърифатзудоии зиёд буд, марҳалае, ки суннатҳову арзишҳои миллӣ тақрибан аз байн бурда шуданд.

Овезаҳои кӯчаву хиёбонҳое, ки замоне номи Ленинро доштанд.
Аммо марҳалаи дуввум аз солҳои 70 то солҳои 90, марҳалаи нумӯъи баъзе озодиҳо ва пешрафтҳои иқтисодӣ буд ва Иттиҳоди шӯравӣ ба кишварҳои абарқудрати олам табдил шуда буд.

Ва муҳимтар аз ҳама, дар он марҳала дар ҷомеъа падидае аз адолати иҷтимоӣ зуҳур карда буд ва маҳз ба ин хотир, ба гуфтаи Ҳайдаршоҳ Акбаров, мардум то ҳол аз он давра бо некӣ ёд меоваранд: “Як адолати иҷтимоӣ воқеъан вуҷуд дошт, як назму низоме, як назорате вуҷуд дошт, ки аз болои камбудиҳои ҷомеъа назорат мекарданд. Вале бо ин ки парешонӣ имрӯз дар ҷомеъа зиёд аст, мардум ёд мекунанд аз замони шӯравӣ, аз назму низоми он”.

Ҳайдаршо Акбаров меафзояд, шояд ба хотири ҳамон адолати иҷтимоӣ ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон як теъдоди мардум ҷонибдори идеологияи коммунистиянд.

Насли ҷавон бо роҳи Ленин меравад?


Дар ҳамин ҳол Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо ақидаи маъмул, ки ба ҳизби Ленин фақат мӯйсафедон шомиланд, комилан розӣ нест ва мегӯяд, ки солҳои ахир ба ҳизб асосан ҷавонон шомил мешаванд. Раиси коммунистҳои Тоҷкиистон, аз ҷумла, гуфт, ки бахши ҳизб дар ноҳияи Истаравшан бахшида ба 140 солагии зодрӯзи Ленин 140 нафарро ба сафи ҳизб пазируфт, ки бештари онҳо ҷавононанд.

Оқои Шабдолов мегӯяд: “Ҳама мегӯянд, ки дар ҳизб фақат мӯйсафедони фартут мондаанд ва ҷавонҳо таваҷҷуҳ надоранд, ин ҳамааш дурӯғ аст. Порсол қариб 1200 нафарро ба узвияти ҳизб пазируфтем, аз онҳо 84 дар садашон ҷавонони то 30-сола буданд. Инҳо киҳоянд – донишҷӯҳо, коргарони оддӣ, бекорҳо, муҳоҷирони корӣ ва ҳоказо...”

Ва аммо бо вуҷуди ин, ба гуфтаи коршиносон, насли навраси Тоҷикистон, аз ҷумла, онҳое, ки баъд аз дарёфти истиқлол ба дунё омадаанд, дар бораи Ленин қариб чизе намедонанд.

Парки замони шӯравӣ ё замони истибдод?

Зимнан, тибқи як назарсанҷии Маркази таҳқиқотии афкори умуми Русия, 31 дар сад мутмаинанд, ки Ленин дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд. Ва аммо аксаран бар ин ақидаанд, ки баъд аз 50 соли дигар аз Ленин фақат муаррихон ёд хоҳанд овард. 41 дар сади мусоҳибон гуфтаанд, ки дар оянда дигар касе аз пайи Ленин нахоҳад рафт. 24 дар сад изҳор намуданд, ки ғояҳои ин сиёсатмадорро дигар раҳбарони ҳизби комунист нодуруст татбиқ кардаанд. Ва аммо 20 дар сад мутмаинанд, ки Ленин Русияро вориди роҳи рушду адолат кардаанд.

Дар ҳамин ҳол фақат 10 дар сад мегӯянд, ки Ленин одами сангдил буд ва барои тағйири сохтори давлат даст ба хушунат зада буд. 6 дар сад бовар доранд, ки идеяҳои Ленин роҳи мардумро ба фардои беҳтар равшан хоҳад кард.

Бештари мардум номи Ленину замони шӯравиро бо “девораҳои оҳанин” дар марз, таъқиби дигарандешӣ, сенсори шадид, шахспарастии бесобиқаи раҳбарони аввал, молҳои бесифат, “ҷанги сард” ва, ҳайрон нашавед, латифаҳои намакини он солҳо пайванд медиҳанд.

Ҳанӯз айёми шӯравӣ Ленин ҳамроҳ бо Марксу Энгелс аз қаҳрамонони латифаҳои мардумӣ буданд, аммо аз ошкоро гуфтани онҳо ҳазар мекарданд, зеро ин латифагӯӣ метавонист паёмади номатлуб дар пай дошта бошад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ҳунарманд Нурулло Абдулло, он солҳои бозидани нақши Ленин дар саҳна барои артисти театр ифтихори гӯшношунид ва бузургтарин ҷоиза буд, ҳарчанд ҳамаи онҳое, ки нақши доҳиро офаридаанд, ҷоизаҳову унвонҳои воло ҳам гирифтаанд.

Ҳатто мегуфтанд, ки барои дарёфти унвони Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳунарманди театри драмавӣ бояд ҳатман дар намоишномае нақши Ленинро иҷро кунад.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷомеъа ақидае низ маъмул аст, ки кандану ба партовгоҳҳо афкандани муҷассамаву нимпайкараҳои замони шӯравӣ кӯтоҳандешӣ буд ва ҳоло ҳам барои ҷамъ овардану таҷаммӯъи онҳо дар як боғ ё парки хос дер нашудааст. Ба ҳар сурат ин муҷассамаҳо – таҷассумгари як пора аз таърихи кишваранд. Ва насли оянда ин мавзеъро “Парки замони шӯравӣ” хоҳад бурд ё “Парки замони истибдод”, вақт нишон медиҳад...
XS
SM
MD
LG