Ин воқеа дар таърихи 19 май рух дод ва онро шӯъбаи милиса ҳам ба қайд гирифтааст. Асадулло Қодиров писари Алимқул ҳамин қадар мегӯяд, ки рӯзҳои ахир падараш хаставу ғамгин шуда буд ва хеле роздор ба назар мерасид.
Иллати даст ба худкушӣ бурдани Алимқул Қодиров барои аҳли оила ва колективи омӯзгорони мактаб ҳам то ҳанӯз муаммост.
Муаммо
Махфират Шарипова, омӯзгори мактаби Табошар мегӯяд, ки марҳум бо хислату кирдори наҷибаш барои омӯзгорони мактаб намуна буд:
Мо мутаассифем. Чаро устоде, ки ин қадар барои мо мӯзгорон меҳрубон буданд, худкушӣ карданд. Худи муаллим ҳам барои пешгирӣ кардани ин гуна ҳодисаҳои даҳшатвор мубориза мебурданд. Аммо чӣ сабаб шуд, ки муаллим даст ба ин кор зад, то ҳанӯз мо намедонем.
Бино ба иттлои сухангӯи раёсати корҳои дохилии Суғд ин ҳодиса барои сокинони вилояти Суғд танҳо набуда, дар як ҳафтаи ахир пас аз худкушии Алимқул Қодиров директории мактаби Табошар, Насрулло Бобоев ҳам, ки дар мактаби миёнаи ноҳия Ғончӣ таҳсил мекард, бо роҳи худовезӣ даст ба худкушӣ задааст.
Сухангӯи раёсати корҳои дохилии Суғд Фирӯз Боқӣ хабар медиҳад, ки санаи 21 май соли ҷорӣ Дилшод Охунов, сокини 31 солаи ноҳияи Ҷабоор Расулов бар асари хушунати оилавӣ бо истифода аз корд ҳамсари худро ба қатл расонида ва баъди ин амал бо истифода аз доси алафдаравӣ сару рагҳои худро низ буридааст, вале ҳамосяҳо ӯро аз марг наҷот додаанд.
Фирӯз Боқӣ мегуяд, санаи 21 майи соли равон тақрибан соати 13, шаҳрванд Дилшод Охунов Ҳомидҷонович, соли тавалудаш 1979, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷаббор Расулов оиладор ҳангоми ҳозиршавӣ дар хонаи модарарӯсаш Исҳоқова Ибодат дар нишонии ҷамоати Ғулакандоз, кучаи ба номи Бобоев дар заминаи муноқишаи оилавӣ ҳамсараш Дилноза Салимоваро бо корди хоҷагӣ дар узвҳои баданаш задаст ки дар натиҷа аз ҷароҳатҳои зиёд шаҳрванд Дилноза Салимова дар бемористони ноҳия ба ҳалокат расидааст.
Рақамҳои нигаронкунанда
Наимҷони Самеъзод, роҳбари бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар Хуҷанд аз афзоиши ин зуҳуроти номатлуб миёни сокинон изҳори таасуф карда гуфт, ки дар се моҳи соли равон ҳудуди 86 ҳодисаи худкӯшӣ рух додаст, ки ин шумор назар ба соли гузаштаи 2009 ба маротиб бештар будааст.
Худкӯшӣ ва ё қасд ба ҷони худ бурдани сокинонро оқои Самеъзод хилофи қавоини шаръӣ дониста, афзуд, ки барои ҷилавгирӣ аз ин мусибат на як ду хонавода, балки бештар аз ҳама масъулин ва ҷомеа мубориза бояд барад.
Ӯ гуфт: "Имрӯз ҷомеаи мо гирифтори бӯҳронҳои гуногуни маънавиву ахлоқӣ мебошад. Ва мутаасифона, бар асари чунин гирифториҳо афроди ҷомеа худро ба ҳар гӯшае мезананд ва баҳри хеш аз ҳар сӯрохие наҷот меҷӯянд. Бархе наҷоти худро дар муроҷиат ба дини Худо медонанду бархеи дигар даст кашидан аз онро роҳи халосии худ меҳисобанд. Аммо таасуфовартар ин аст ки бархе аз мардум роҳи халосӣ аз ин гирифториҳоро аз ҳаёт даст кашида ба худкушӣ рӯ овардан мебинанд".
Дар тӯли 4 моҳи соли равон 104 нафар, ки аз инҳо 11 нафар духтарони ноболиғ ва 46 зан мебошанд, даст ба худкӯшӣ задаанд.
Аминҷон Шарифов, масъули шӯъбаи идеологии ҳукумати Суғд ҳам аз шумори бештари ҳодисаҳои худкушӣ дар миёни ҷавонон ёдовар шуд: "Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз шумори умумии 104 ҳодисаҳо 78 нафар бо роҳи ба доровезӣ, 16 нафар бо роҳи заҳролудшавӣ, 4 нафар бо истифодаи яроқи сард ва оташфишон, 3 нафар бо роҳи худсӯзӣ, 4 нафар бо роҳи ғарқшавӣ даст ба худкушӣ задаанд. Роҳҳои ба марг расонидани 4 нафар то ҳол маълум нашудааст".
Заъфи ниҳодҳои давлатӣ
Ҷавонони аксаран изҳор мекунанд, ки набудӣ ҷои кор ва адами шароити хонаводагӣ бисёриҳоро маҷбур месозад, ки бо ҷурми амалҳои номатлуб даст ба худсӯзиву худовезӣ зананд.
Исмоил Зокиров, як донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар ин бора мегӯяд: «Дар зинадаги имрӯзаи мо, мушкилиҳои зиёд ба вуҷуд омадааст. Барои рафъи мушкилоти рӯзафзуни ҷомеа умдатан ҷавонон танҳо ҳастанд ва онҳо роҳи наҷот аз вартаи зиндагиро дар худкӯшӣ мебинанд».
Бар асоси як назарпурсие, ки Ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд анҷом додаст, омилҳои аслии ба худкӯшӣ даст бурдани мардум аз ниёзмандӣ, заъфи таъмини оила, намбуди ҷои кор, маоши ночиз аст, ки бисёриҳоро ба ҳолати шадиди рӯҳӣ дучор гардонида, боиси рухдоди хушунатҳои хонаводагӣ мешавад.