Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи Ванкувер: ҷамъбасти шаш рӯзи мусобиқот


Пас аз шаш рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада намояндагони 25 кишвар медалҳои олимпӣ ба даст овардаанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 17 медал - 5 нишони тилло, 5 нуқра ва 7 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи аввал аст. Олмон бо касби 11 медал – 4 тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷои дуввум мебошад. Норвегия, ки 3 медали тилло, 3 нуқра ва 2 нишони биринҷӣ гирифтааст, дар ҷои саввум қарор дорад. Канада бо 7 медал – 3 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ ҷойи чаҳорум ва Кореяи Ҷанубӣ бо 5 медал – 3 тилло ва 2 нуқра ҷои панҷумро касб кардаанд.

Дар маҷмӯъ, то ҳоло варзишгарони 15 кишвари олам ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Ванкувер даст ёфтаанд: 6. Швейтсария (3 тилло, 1 биринҷӣ). 7. Фаронса (2 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ). 8. Чин (2 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ). 9. Шветсия (2 тилло, 1 биринҷӣ). 10. Австрия (1 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ). 11. Русия (1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ). 11. Нидерланд (1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ). 13. Словакия (1 тилло ва 1 нуқра). 13. Австралия (1 тилло ва 1 нуқра). 15. Ҷумҳурии Чех (1 тилло ва 1 биринҷӣ).

Аз собиқ кишварҳои шӯравӣ ба ғайр аз Русия, инчунин, Беларус 1 медали нуқра ва 1 нишони биринҷӣ, Қазоқистон, Латвия ва Эстония ҳар кадом 1 медали нуқра ба даст овардаанд.

Андрей Дригин, ягона намояндаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи Ванкувер, 19-уми феврал дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи супергигант ширкат меварзад.
XS
SM
MD
LG