Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Қатар


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё-2010 рӯзи 2-юми феврал ба Қатар сафар хоҳад кард.

Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати AFC аз 16-ум то 27-уми феврал дар пойтахти Шри-Ланка - шаҳри Коломбо баргузор мешавад. Дар доираи омодагиҳо ба ин мусобиқот ҷамъомади таълимию тамринии дастаи мунтахаби кишвар дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа тӯли дувоздаҳ рӯз идома хоҳад кард. Дар ин ҷо мо се бозии контролӣ анҷом медиҳем. Сипас 14-уми феврал ба Шри-Ланка сафар хоҳем кард. Мо 21 футболбозро барои ширкат дар ин бозиҳо интихоб кардем, ки 8 нафари онҳо аз дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, 7 нафарашон аз «Истиқлол»-и Душанбе, 3 нафар аз «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, 1 нафар аз «Энергетик»-и Душанбе ва ду легионер аз бошгоҳҳои «Сатурн»-и Русия ва «Металлург»-и Бекободи Узбакистон мебошанд. Мо дар Шри-Ланка барои ба даст овардани роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 талош хоҳем кард».

Ба иттилои Пӯлод Қодиров, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ба Қатар сафар мекунад, инҳо дохиланд: дарвозабонҳо – Алишер Додов («Регар» ТадАЗ) ва Алишер Тӯйчиев («Металлург», Бекободи Узбакистон), ҳимоятгарон – Фарҳод Восиев («Сатурн», Русия), Эраҷ Раҷабов, Руслан Таваккалов, Соҳиб Сувонқулов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Фаррух Чориев, Даврон Эргашев, Наим Носиров (ҳарсе - «Регар» ТадАЗ), Асадулло Нуруллоев («Вахш»), Исомиддин Қурбонов («Энергетик»), нимҳимоятгарон – Хуршед Маҳмудов, Иброҳим Рабимов (ҳарду – «Рагар» ТадАЗ), Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Алишер Улмасов (ҳарсе – «Истиқлол»), ҳамлагарон – Юсуф Рабиев («Истиқлол»), Ҷомихон Муҳиддинов, Нӯъмон Ҳакимов (ҳарду - «Вахш»), Давронҷон Тухтасунов ва Комил Саидов (ҳарду – «Регар» ТадАЗ).

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати АФК дар шаҳри Коломбо дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Бангладеш, Мянмар ва Шри-Ланка қувваозмоӣ хоҳад кард. Нахустин бозии футболбозони тоҷик 16-уми феврал бо тими миллии Бангладеш баргузор хоҳад шуд. Дар худи ҳамон рӯз бозии дигари ин гурӯҳ байни дастаҳои Мянмар ва Шри-Ланка барпо мегардад.

Ба гурӯҳи «В» тимҳои мунтахаби Ҳиндустон, Кореяи Шимолӣ, Туркманистон ва Қирғизистон шомиланд.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ ба финал мебароянд.

Барандаи Ҷоми даъвати AFC ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат мегирад. Вале дар мавриди пирӯзии Ҳиндустон, дастае, ки ҷои дуввумро касб мекунад, соҳиби роҳхат ба мусобиқоти навбатии қаҳрамонии футболи Осиё хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG