Сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2010 аз 23-юм то 30-юми май дар пойтахти Узбакистон доир мешавад.
Ҳоло чаҳор дастаи мунтахаби ширкаткунандаи даври ниҳоӣ муайян шудаанд, ки инҳоянд: Эрон – қаҳрамони Осиё, Тайланд – барандаи медали нуқра, Ҷопон – барандаи медали биринҷии Ҷоми Осиё дар соли 2009 ва Узбакистон – мизбони сабқати ниҳоӣ.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар сабқати минтақаи Марказ ва Ҷануб бо тимҳои Қирғизистон ва Туркманистон рақобат хоҳад кард.
Тимҳои Чин, Тайван, Кореяи Ҷанубӣ ба минтақаи Шарқ, Лубнон, Ироқ ва Кувайт ба минтақаи Ғарб шомиланд. Сабқати минтақаи Ҷанубу Шарқи Осиё аз 20-ум то 25-уми феврал дар Ҷакарта баргузор хоҳад шуд.