Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъбасти мавсими 2009 ва нақшаҳои соли 2010


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба натоиҷи мавсими варзишии соли 2009 ва нақшаҳои варзишгарони тоҷик дар соли 2010, инчунин, ширкати дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар ҳаждаҳумин давраи мусобиқоти байнулмилалии Ҷоми қаҳрамонони Ҷомеаи Кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик бахшида шудааст.

Меҳмони барномаи мо Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, мебошад. Вай дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «варзишгарони тоҷик соли 2009 дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байнулмилалӣ 280 медал ба даст оварданд, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 63 адад бештар аст. Варзишгарони мо порсол дар ҳайатҳои дастаҳои мунтахаби кишвар соҳиби 61 медали тилло, 84 - нуқра ва 135 нишони биринҷӣ шуданд. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ мусобиқоти оммавии варзишӣ, монанди Дави миллӣ, Рӯзи олимпӣ, Давҳои марафонӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдат ва Рӯзи Парчами миллӣ дар сатҳи баланд доир гаштанд. Инчунин порсол дар шаҳри Хуҷанд муҷтамаъи бузурги варзишӣ ба истифода дода шуд. Вале бо вуҷуди пешравиҳо дар варзиши тоҷик ҳанӯз мушкилоти зиёд, аз ҷумла камбуди маблағ, нарасидани иншоотҳои замонавӣ, таҷҳизоту лавозимоти варзишӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳа ҷой доранд».

Ҷаноби Мирзоев афзуд, соли 2010 варзишгарони тоҷик дар бисёр мусобиқоти пурнуфузи ҷаҳониву қитъавӣ, ба монанди Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ (моҳи феврал дар Ванкувери Канада), Бозиҳои II кишварҳои исломӣ (моҳи апрел дар Ҷумҳурии Исломии Эрон), нахустин Бозиҳои олимпии наврасон (моҳи август дар Сингапур) ва Бозиҳои навбатии осиёӣ (моҳи октябр дар Чин) ширкат хоҳанд кард.

Дар ин барнома Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, дар бораи омодагии футболбозони тоҷик ба мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми қаҳрамонони Ҷомеаи Кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик, ки аз 16-ум то 24-уми январ дар шаҳри Маскави Русия баргузор мешавад, нақл мекунад. Дастаи «Вахш дар сабқати гурӯҳи «В» дар толори варзишии «Динамо» 16-уми январ бо дастаи «Боку»-и Озарбойҷон, 17-уми январ бо тими «Оқтеппа»-и Қазоқистон ва 19-уми январ бо ХИК-и Финландия барои роҳ ёфтан ба даври баъдӣ талош мекунад.

Инчунин бозигарони дастаи «Вахш» Рустам Хоҷаев ва Маҳмадалӣ Содиқов ба суолҳои хабарнигори радиои Озодӣ посух медиҳанд.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG