Ин ҳафта варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Салоникии Юнон ду медал – як тилло ва як нуқра - ба даст оварданд. Муовини сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шарафи Тоҷикистонро панҷ варзишгар ҳимоя карданд. Эраҷ Раҳимов дар рақобатҳо дар навъи самбои ҷангӣ байни мардон дар вазни то 52 кг барандаи медали тилло шуд. Паҳлавони дигари тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев дар рақобатҳо дар навъи самбои варзишӣ байни мардон дар вазни то 100 кг соҳиби медали нуқра гардид. Вале Маҳмуди Абдуллоҳ, мутахассиси варзидаи гуштии самбо, иброз дошт, ки дар риштаи самбои варзишӣ то имрӯз дар Тоҷикистон касе ба пояи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов нарасидааст. Вай моҳи сентябри соли 1975 дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар пойтахти Беларус – шаҳри Минск дар вазни то 100 кг медали тилло ба даст оварда буд.
Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, ин ҳафта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар шаҳри Гуанчҷоуи Чин медали тилло ба даст овард. Вай гурзро ба дурии 76 метру 92 сантиметр ҳаво дода, байни 14 нафар, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, мақоми аввалро касб кард ва ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Дилшод Назарови 27-сола барои севумин бор бо медали тиллои ин мусобиқот сарфароз гашт. Ӯ имсол, инчунин, дар се мусобиқаи байнулмилалӣ дар Аврупо соҳиби се медал - як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ шуд. Вай аз рӯи натоиҷи мусобиқоти пурнуфузи байнулмилалӣ ба даври ниҳоии сабқати ҷаҳонии варзишҳои майдонӣ, ки дар шаҳри Салоникии Юнон баргузор шуд, роҳ ёфт. Дилшод Назаров дар ин мусобиқа бо натиҷаи 77 метру 14 сантиметр дар байни панҷ нафар зӯртарин гурзандозҳои дунё ҷой гирифт.
Бозиҳои III осиёӣ дар иншооти сарпӯшида, ки дар пойтахти Вйетнам - шаҳри Ханой бо ширкати беш аз дуним ҳазор варзишгари 43 кишвари қора аз рӯи 27 навъи варзиш тӯли даҳ рӯз идома карданд, ин ҳафта бо пирӯзии дастаи мунтахаби Чин ба анҷом расиданд. Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, сардори шӯъбаи равобити хориҷии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бозиҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистон танҳо дар ду намуд – гуштии кураш ва футзал ширкат карданд. Дастаи мунтахаби футзали кишвар ба нокомӣ дучор шуд. Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» дар ду бозии худ аз тими Ҷопон бо ҳисоби 2:5 ва аз тими Тайланд бо ҳисоби 2:6 шикаст хӯрд. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи худ дар ҷои охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуд. Тоҷикистон бо як медали нуқра дар Бозиҳои III осиёӣ дар иншооти сарпӯшида дар ҷои 31-ум қарор гирифт. Ин медалро ба Тоҷикистон Парвиз Собиров, паҳлавони тоҷик, дар риштаи гуштии «кураш» овард. Умуман, дар ин Бозиҳо ҳамагӣ варзишгарони 34 кишвар бо медалҳо мукофотонида шуданд. Дастаи ғолиб - мунтахаби Чин - 48 медали тилло, 25 нуқра ва 19 биринҷӣ ба даст овард. Тими мизбон – Вйетнам дар ҳисоби умумидастаӣ дуввум шуд. Дастаи мунтахаби Қазоқистон мақоми севумро касб кард. Байни даҳ дастаи беҳтарин, инчунин, Тайланд, Эрон, Куриёи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Ҳонгконг, Индонезия ва Узбакистон ҷойгир шуданд.
Ричард Дуглас Дик Фосбери амрикоӣ, раиси Созмони ҷаҳонии олимпичиён, дар ҷараёни сафари серӯзааш ба Тоҷикистон бо раҳбарону масъулини соҳа, варзишгарону мураббиён якчанд мулоқот анҷом дод. Анвар Бобоҷонов, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, Ричард Дуглас, ҳамчунин, аз якчанд мактабу муассиса ва иншооти варзишии кишвар дидан кард. Оқои Бобоҷонов дар идомаи сӯҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ иброз дошт, раиси Созмони ҷаҳонии олимпичиён бо варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кардаанд, инчунин, раҳбарони Федеросиюнҳои варзишии Тоҷикистон мулоқот кард.
Инчунин дар ин барнома хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳонӣ ба шунавандагон пешкаш мешаванд:
100 рӯз қабл аз оғози Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2010 дар Ванкувери Канада охирин иншооти варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар шаҳри Ванкувер маросими кушоиши Деҳаи олимпӣ баргузор шуд. Дар 3 гектар замин 1100 хона бунёд ёфтааст, ки дар онҳо 3 ҳазор варзишгар зиндагӣ хоҳанд кард. Барои бсохтмони Деҳаи олимпӣ 950 миллион доллар масраф шудааст.
Шаҳри Истамбули Туркия барои мизбонии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дархост пешниҳод кард. Ба ғайр аз Истамбул дар айни ҳол шаҳрҳои Токиои Ҷопон, Рими Итолиё, Будапешти Маҷористон ва Ню Деҳлии Ҳиндустон хоҳиши ҳамчун мизбон баргузор кардани Олимпиадаи 2020-ро намудаанд. Макони баргузории Олимпиада-2020 соли 2013-ум маълум хоҳад шуд.
Николай Валуев, муштзани Русия, аз унвони қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи ривояти WBA дар вазни сангинтарин маҳрум шуд. Вай дар қувваозмоӣ бо Девид Хей, аз Бритониё, дар шаҳри Нюрнберги Олмон аз рӯи натоиҷи 12 раунд бо баҳогузории доварон аз рӯи холҳо мағлуб шуд.
Мухлисони варзиш! Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.