Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ рӯза мегирад: пулдорон ё фақирон?


Дар арафаи моҳи шарифи рамазон нарху навои хӯрокворӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ба само дакка хӯрдааст.

Феълан, дар бозорҳои шаҳри Душанбе арзиши як кило ангур аз 4 то 8 сомонӣ, шафтолу аз 4, 50 то 8 сомонӣ аст.

Сокини шаҳри Душанбе, омӯзгор, Гулбаҳор Набиева, мегӯяд, аз фарорасии рамазон хушҳол аст, вале аз афзоиши нарху навои бозор ташвиш дорад. Вай мегӯяд: «Ҳар сол дар рамазон нархҳо баланд мешаванд. Ман омӯзгор ҳастам ва 300 сомонӣ маош мегирам. Ин ба зиндагӣ албатта намерасад. Дар деҳа зиндагӣ мекунем, хайрият гов дорем, шир дорем, саҳарӣ ширчой мехӯрем."

Дар бозорҳои шаҳри Душанбе аксари харидорон аз боло рафтани арзиши маҳсулот, ба вижа ғизо, изҳори нигаронӣ мекарданд. Аксари шаҳрвандон зимни сӯҳбат ба мо гуфтанд, ки маҷбур ҳастанд рамазонро бо нону шакар гузаронанд. Файзинисо, як нафар зани миёнсол, мегӯяд: «Оилаи камбизоат ҳастем, ҳамсояҳо ёрӣ медиҳанд. Чаҳор фарзанд дорам. Чизи хӯрдан надорем. Айб аст, ки рӯза нагирем, пир шудам.»

Боло рафтани нархҳо сархатиби масҷиди марказии ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб, Ҳайдуллои Раҳимзодаро ҳам нигарон кардааст. Вай гуфт: «Паёмбари Худо гуфтааст, ки ҳар касе, ки дар моҳи рамазон як амали савоб мекунад, даҳ маротиб савоб мегирад. Вале савдогарони мо дар ин моҳ нархро баланд мекунанд. Мутаассифона, мусулмонии ҷомеаи мо заъиф шудааст.»

Рӯза гирифтан кори шахсист ва агар каси рамазонӣ ба тақвои худ таъкид кунад, онро ба намоиш гузорад, риё мешавад. Инчунин, пурсидани он ки кас рӯзадор аст ё не, низ начандон хушоянд мебошад. Аммо солҳое буд, ки мансабдорон аз кормандони худ талаб мекарданд, ба чунин пурсиш посух бидиҳанд.

Гоҳо дар моҳи рамазон дар мактабҳову корхонаҳо мардумро маҷбуран нону об медоданд, то рӯзаашон шиканад, ҳоло рӯза озод аст, вале довталабони он зиёд нестанд. Ба вижа, дар сафи мансабдорони кишвар.

Дар ҳоле, ки иддае аз сокинони Тоҷикистон, ки аслан қишри аъзами ҷомеаро ташкил мекунанд, сарфи назар аз фақри хонаводагӣ ва боло рафтани нарху наво дар бозорҳо рӯза медоранд ва бо нону чой қаноат мекунанд, аксарияти мансабдорони давлати Тоҷикистон рӯза намегирифтаанд.

Аз 15 вакили парлумони Тоҷикистон ҳамагӣ як нафар - Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ҳар сол рӯза мегирад. Ҳамчунин, бархе аз вазирон ва кормандони ҳукумат рӯза мегиранд, аммо дар байни сарватмандони сафи аввали кишвар чунин афрод чандон ба назар намерасад. Тоҷикистон давлати демократист ва рӯзагирӣ ҳам ихтиёрист, ҳадди ақал шукр, ки рӯзашикании иҷборӣ хотима ёфтааст.
XS
SM
MD
LG