Дар ҳамаи масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар намози иди Фитр бо ширкати ҳарчи бештари намозгузорон дар қиёс бо солҳои қаблӣ баргузор шуд. Имомхатибони масоҷид ба ҳангоми ироъаи мавъизаҳои худ аз таҷаммӯъи намозгузорон даъват ба амал оварданд, ки аз мазҳаби Ҳанафия, мазҳаби суннатии мусулмонҳои Тоҷикистон, пуштибонӣ ва аз гароиш ба фирқаҳои дигар худдорӣ варзанд. Мисли ҳамеша теъдоди зиёди кормандони ниҳодҳои амниятӣ низ дар дохил ва атрофи масҷиди ҷомеъи Имом Тирмизии Душанбе ҳузур доштанд ва ба қавле, тартибу низомро назорат мекарданд.
Бо ин ҳама, эҳсос мешуд, ки мардум рӯҳияи идона доранд ва идро ба ҳамдигар шодбош мегӯянд. Маъмулан нахустин табрики Фитр дар пойтахти Тоҷикистон субҳи зуд бо садои кӯдаконе оғоз мешавад, ки дари кошонаҳоро мекӯбанд ва дар ивази муборакбодӣ аз бузургсолон идона мегиранд. Як роҳгузари Душанбе, ки сарулибоси идона дорад, мегӯяд, имрӯз ба дидори хешу ақрабо ва сипас барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ рафтааст.
Ду рӯз қабл аз ид раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар паёми идона дод ва аз тавонмандон даъват кард, то чунин рӯз ба афроди фақиру бепарастор кӯмак кунанд. Вай ба ин нукта ҳам ишора кард, ки масҷид барои мусулмонон макони муқаддаси ибодату ниёиш аст, на минбари таблиғи ақоиди бегона ва ифротиву тунд. Коршиносон мегӯянд, бо ин паём раиси ҷумҳур мехост, амалкардҳои ахири давлат дар бастану тахриби масҷидҳои гӯё сабтнашударо ҷилавгирӣ аз тундгароии мазҳабӣ унвон кунад.
Ҳамдиллоҳи Раҳимзода, сархатиби масҷиди ҷомеъи Имом Тирмизии Душанбе, мегӯяд, бо ин вуҷуд сафи намозгузорон дар рӯзи иди Фитр зиёдтар шудааст. Оқои Раҳимзода гуфт, ки субҳи шанбе дар масҷиди марказии пойтахт на камтар аз шаш ҳазор нафар намоз гузоштанд. Вай меафзояд, эътиқоди мардум ба Ислом қавитар ва сафи рӯзадорону намозгузорон бештар мешавад.
Аммо ба назари Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, иди Фитр замоне фаро расид, ки мақомот барои бастану тахриб кардани масоҷиди панҷвақта дар Душанбе иҷозаи расмӣ дода, аз ширкати ҳиҷобдорон дар макотиб ва аз ҳузури наврасон дар масоҷид ҷилавгирӣ кардаанд. Вай пайомадҳои чунин бархӯрдро барои оромию суботи ҷомеа манфӣ номид.
Аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон иди Фитр дар кишвар рӯзи таътили аст. Ва чун имсол ид ба рӯзи шанбе рост омад, ҳукумат рӯзи душанбеи ояндаро низ барои сокинони ин кишвар истироҳат эълон кард.