Ин ҳолат нигарониҳоеро ба миён овардааст, ки чӣ гуна мусулмонон хоҳанд тавонист, дар гармтарин рӯзҳои сол рӯза гиранд ва аз обу ғизо худдорӣ кунанд. Ин ҳам дар ҳоле ки онҳо ҳамчунин бояд ба вазъи саломатии худ низ таваҷҷӯҳ дошта бошанд.
Пизишкон ва бархе аз рӯҳониён аз он ки имсол моҳи рамазон ба фасли гармо рост омадааст, аз таъсири он ба саломатии мусулмонон изҳори нигаронӣ мекунанд.
Вале Амони 14-сола парвое аз ин нигарониҳо надорад: "Ман дар синфи ҳаштум мехонам. Номам Амон аст. Фардо рамазон сар мешавад. Панҷ соли охир ман рӯза мегирам. Ягон мушкили саломатӣ дар ин пайванд надорам. Бобои ман мухолиф нест ва ман рӯзаро дӯст медорам. Он барои саломатӣ ва рӯҳияи ман хуб аст."
Дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, рамазон 20-уми август сар мешавад. Аммо зимни мазҳабгароиҳо бархе аз мамолик рӯзҳои дигарро сароғози рамазон эълон мекунанд. Чунончи, рамазон дар Лубнон 21-уми август ва дар Иёлоти Муттаҳида 22-юми август шурӯъ мегардад.
Аммо як ё ду рӯз гармии ҳаворо тағйир намедиҳанд. Ва пизишкон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки гармо ва рамазон мумкин аст ба саломатии мусулмонон асари нохуш гузоранд.
Ромиш Ҳусейнбеков, сарпизишки бемористоне дар Қирғизистон мегӯяд, масъала чандон сода ҳам нест. "Аз нуқтаи назари тиб, рамазон тарафҳои мусбати зиёд дорад, аммо барои афроде, ки мушкилиҳои муайяни саломатӣ доранд, он мумкин хуб набошад. Гармои ҳозира низ мушкили бузургест. Дар ҳавои гарм бадани инсон зуд камоб мешавад ва ҳар лаҳза об металабад."
Мудири бахш дар Вазорати тандурустии Имороти Муттаҳидаи Арба, доктор Алӣ ибни Шакар мегӯяд, пизишкон бояд ба онҳое, ки рӯза мегиранд, машваратҳои муфид диҳанд.
Ибни Шакар мегӯяд, барои рӯзагирандагон давраҳои махсуси омӯзишӣ ба роҳ монда шудаанд, ки чӣ хел бояд рӯза гиранд. Махсусан имсол, ки рамазон зудтар омадааст ва мо медонем, ки ҳарорати ҳаво баландтар асту рӯз ҳам дарозтар. Биноан, мо, масалан, бештар машғули маърифати беҳдоштии одамонем, ки чӣ гуна бояд дар ин фасл саломатии худро ҳифз кунанд."
Ба ақидаи доктор Шакар бояд ба мардум чӣ гуна сар кардану поён додани рӯза ва чӣ қадар дар ҳавои кушоду чӣ қадар даруни хона будан омӯзонда шавад.
Пизишки дигар аз Қазон, Элдар Тухватуллин мегӯяд, интихоби таъоми моҳи рамазон низ бояд эҳтиёткорона бошад. Мусулмонон набояд ғизое бихӯранд, ки зуд онҳоро ташна кунад ё сабаби эҳсосоти нохуши онҳо гардад. Миҷози хӯрок низ бояд дар назар гирифта шавад. Масалан, хуб аст, агар онҳо умуман аз маводи хушку бодӣ ё боддор парҳез кунанд.
Ба гуфтаи Мулло Мустафо Фидоӣ аз Афғонистон ислом барои онҳое, ки мушкили саломатӣ доранд, истисноҳоеро қойил аст:
Ҳарчанд гуфта мешавад, ки бештар даруни биноҳо будан рӯзадоронро аз гармо ҳифз хоҳад кард, барои садҳо ҳазор нафаре, ки ризқи худро аз замин бо деҳқонӣ ба даст меоранд, ин машварат қобили қабул нест.
Пизишки афғони муқими Олмон, Акрам Маликзай мегӯяд: "Маълум аст, онҳое ки зери офтоби сӯзон кор мекунанд, оби ҷисмашон зуд бухор мешавад ва ҳамроҳи об инчунин минералҳои дигар аз баданашон мераванд. Ҷисми онҳо сусту беҳол мешавад ва эҳтимоли хушкидани он вуҷуд дорад. Аммо агар онҳо кор накунанд, ризқи худу бачагонашонро аз даст медиҳанд. Ман ба одамони сарватманд ва ҳукуматҳо муроҷиат мекунам, ки дар ин моҳ ба хонаводаҳо кӯмак кунанд."
Бархе аз кишварҳои мусулмон муддати рӯзи кориро дар моҳи рамазон камтар кардаанд ва мегӯянд, заъфи ҷисми инсон дар моҳи рамазон онро зери хатари сирояти бемориҳое чун зукоми хук қарор медиҳанд.
Ҳароси сироят чандин кишвари мусулмонро водор кард, ба сафари ҳаҷҷи шаҳрвандон ба Арабистони Саудӣ имсол иҷоза надиҳанд.
Маълум аст, онҳое ки зери офтоби сӯзон кор мекунанд, оби ҷисмашон зуд бухор мешавад ва ҳамроҳи об инчунин минералҳои дигар аз баданашон мераванд...