Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фестивали «Боми ҷаҳон»


Фестивали тарона ва рақси «Боми ҷаҳон» субҳи имрӯз, 25-уми июл, дар боғи фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ танин андохта, ду рӯз идома хоҳад дошт.

Дар он ҳунармандони тоҷику афғон ва қирғизу қазоқ ҳунарнамоӣ мекунанд. Масъулини лоиҳа Самандар Пулодов ва Ёралӣ Бердов ҳадафи баргузории фестивалро бо роҳи ҳамоиши фарҳангии халқиятҳои гуногуни Осиёи Марказӣ мусоидат кардан дар истеҳкоми дӯстӣ ва эҳтиром ба ҳамдигар ва тоқатпазирӣ дар ҷомеа арзёбӣ карданд.

Ба гуфтаи онҳо, чунин фествалҳои тарона ва рақс қаблан бо мушорикати тоҷикони маскуни манотиқи марзӣ, ки дар кишварҳои ҳамҷавор ба сар мебаранд, баргузор шуда, онҳо тасмим гирифтанд, ки ба он ҳарчи бештар ҳунармандони кишварҳои дигарро ҷалб кунанд.

Қазоқистонро дар ин фестивал гурӯҳи ҳунарии «Сазген» ва Қирғизистонро гурӯҳи фолклории «Устатшакирт» намояндагӣ мекунанд. Ромишгар Талгат Орозаев мегӯяд, ки онҳо бо садои думбра аз даштҳои қазоқ паёми дӯстиро ба домани кӯҳҳои Боми Ҷаҳон армуғон овардаанд.

Ба гуфтаи ҳунарманди қирғиз Элмира Кучумбаева, вай дар ҷараёни сафар ба Помир ба ҳаққонияти суханони рассоми барҷаста Рерих боварӣ ҳосил намудаст, ки гуфтааст «аз кӯҳҳо танҳо кӯҳҳо метавонанд зеботар бошанд».

Вай афзуд, ки аммо ҷашни тарона ва рақс ба ин зебои шукӯҳи бештаре мебахшад ва мехоҳад ба ҳозирин суруди «Дашти тиллоӣ»-ро чун ифодагари эҳсосоти хеш тақдим кунад.

Аз вилояти Бадахшони Афғонистон ба фестивал ду гурӯҳи мутрибон ташриф оварданд. Роҳбари гурӯҳи ҳунарӣ Ғазал Мамадёр мегӯяд, ки барномаи консертии онҳо асосан аз эҷодиёти халқ гулчин шудааст.

Санъати тоҷиконро дар фестивал ҳунармандони маҳаллҳои мухталифи Бадахшон муаррифӣ мекунанд. Ниёзмамад Ниёзбеков, як ҳунарманди куҳансол аз ноҳияи Роштқалъа, чунин ҳамоишҳои фарҳангиро барои ҳамгироии халқҳои гуногун ва такон бахшидан ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ боаҳамият арзёбӣ намуд.

Вай гуфт, ки бо шогирдонаш дар фестивал бадеҳаи халқии «Бобопирак»-ро, ки қариб аз ёдҳо фаромуш шудааст, мураттаб сохта ба тамошогарон пешкаш мекунанд.

Гурӯҳҳои ҳунарии тоҷикони Чин ва тоҷикони шимоли Покистон бо сабабҳои мухталиф дар ҷашн ширкаткарда натавонистанд.

Дар баргузории фестивали тарони ва рақси «Боми Ҷаҳон» Ташкилоти Оғохон оид ба рушд, Оҷонсии швейсарии тараққиёт, Созмони ҳамкориҳои фаннии Олмон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо мақомот саҳм гирифтаанд.

Лочин Файзалиев, муовини раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ, дар маросими кушоиши фестифал гуфт, бовар дорад дар оянда ҳамоиши фарҳангии «Боми Ҷаҳон» рушд карда, ба фествали тарона ва рақси мардумии байнулмилалӣ дар Боми Ҷаҳон табдил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG