Рауф Юсупов, сардори идораи умури дохилаи Суғд, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ҳамчунин ҷустуҷӯи 47 муттаҳами дигар ба узвият дар гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав идома дорад.
Ба гуфтаи ӯ, «алҳол нисбати 11 узви ҳаракати экстремистии Ҳизб-ут-Таҳрир ва инчунин 8 нафар аъзои Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда ва тафтиши парвандаҳои онҳо идома дорад».
Рауф Юсупов аз амалкарди гурӯҳ ва ё равияҳои дигари мазҳабӣ ба мисли «Ҷамоаи таблиғ», ки акнун боздошти пайравони он дар дигар манотиқи кишвар шиддат мегирад, дар шимоли Тоҷикистонро такзиб намуд. Ба қавли оқои Юсупов, ҳоло пайравони ин гурӯҳҳои мазҳабӣ дар шаҳру навоҳии Суғд ба мушоҳида нарасидаанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳоло умдатан ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрави террористӣ пайваста, билохира аз сӯи ниҳодҳои маъмури мавриди боздошт қарор мегиранд.
Рустам Ғиёсов, сардори идораи ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, таҳрик ва ҳам боздошти ҷавонон бо ҷурми ҳамдастӣ бо ҳизбу гурӯҳҳои тундравро нишонаи сатҳи пасти маънавии онҳо номид.
Аммо дар ҳамин ҳол иддае аз коршиносони ҷавон гароиши ҷавонон ба ин ё он гурӯҳҳои тундравро ба чанд авомили дигар бастагӣ медиҳанд. Ба назари аксари онҳо, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва мушкили бекорӣ омилҳои пайравии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав мебошад.
Мирзоолим Мирраҳим, аз коршиносони ҷавон, бекориро сабаби асосии пайвастани ҷавонон ба созмонҳои ифротгаро меҳисобад. Вай мегӯяд, боздошт ва ба маҳкама кашидани ҷавонон роҳи ҳалли мушкил нест ва пеш аз ҳама бояд ҷавононро бо ҷойи кору маоши мувофиқ таъмин кард.
Ба гуфтаи ӯ, «алҳол нисбати 11 узви ҳаракати экстремистии Ҳизб-ут-Таҳрир ва инчунин 8 нафар аъзои Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда ва тафтиши парвандаҳои онҳо идома дорад».
Алҳол нисбати 11 узви ҳаракати ёкстремистии Ҳизб-ут-Таҳрир ва инчунин 8 нафар аъзои Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда ва тафтиши парвандаҳои онҳо идома дорад ...