Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Салафия" дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуд


Додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости мақомоти Додситонии кулл фаъолияти пайравони ҷараёни мазҳабии “Салафия” дар кишварро мамнӯъ эълом кард.

Мақомоти додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯянд, иқдоми манъи фаъолияти салафиҳо ба хотири таъмини амният ва ҷилавгирӣ аз оташи кинаву адоват миёни пайравони дини мубини Ислом дар кишвар гирифта шудааст. Дар тавзеҳи бештари ин хабар Маҳмадалӣ Юсупов, сухангӯйи Додгоҳи олӣ, гуфт: “Аз рӯйи аризаи даъвогии Додситонии кулли Тоҷикистон барои ҳимояи сохти конситутсионӣ ва амнияти кишвар парвандаи шаҳрвандӣ баррасӣ гардид. Тибқи қарори нави додгоҳи олӣ, аз 8-уми январи соли 2009 баҳри пешгирии ҳолатҳои низоъи миллӣ, нажодӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ фаъолияти равияи динии “Салафия” ҳамчун ғайриқонунӣ амалкунанда эътироф карда шуд ва амали ин равия дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шуд”.

Сухангӯйи Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ҳамакнун нашр, вориду паҳн кардани ҳамагуна адабиёт ва сабтҳои аудиоиву видеоии марбут ба ҷараёни “Салафия” ғайриқонунӣ эълом шудаст. Ба қавли ӯ, дар сурати ба қувваи қонунӣ даромадани ин қарори Додгоҳи олӣ, ҳар нафаре, ки ба гумони фаъолият дар ҷараёни “Салафия” ва нашру паҳни адабиёти марбут ба он машғул мешавад, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳад шуд.

Ин тасмими Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ҳоле гирифта мешавад, ки дар ду соли пеш мақомоти интизомии кишвар аз ҳузури салафиҳо хатаре эҳсос намекард ва фаъъолияту мавҷудияти онҳоро ба зарари амнияти кишвар низ намедонист.

Ҳоҷӣ Назирмад, яке аз пайравони ҷараёни мазҳабии “Салафия”, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин тасмими мақомотро бепоя хонд. Вай гуфт, ки ӯву ҳамроҳонаш низ мусулмонанд ва эътиқод ба Қуръону суннат доранд, ки ба амнияти Тоҷикистон ҳич таҳдид намекунанд. Ҳоҷӣ Назирмад мегӯяд, то ҳанӯз пайравону ҷонибдорони “Салафия” мисли пайравону ҷонибдорони “Ҳизбуттаҳрир” ҳич талоше барои сарнагунии сохти конститутсионии кишвар накардаанд ва дунболи аҳдофи сиёсӣ низ нагаштаанд: “Агар касе, ки аз ин ақида пайравӣ мекунаду аз ҷумлаи салафи солиҳин аст ва аз ин ба баъд таъқиб мешавад, кори дуруст нест. Ин хилофи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон аст, ки худро давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ муаррифӣ кардааст. То имрӯз надидам, ки пайравони Салафия хилофи ҳукумат баромад карда зиддият нишон дода бошанд. Намефаҳмам, ростӣ”.

Дар ҳамин ҳол, коршинос дар умури мазҳабӣ Саъдии Юсуфӣ зарурати тасмими сиёсии мақомот алайҳи ҳузури салафиҳоро намебинад ва мегӯяд, бархӯрди мақомот бо пайравони “Салафия” тавре сурат мегирифт, ки онҳо дар саҳнаи мазҳабии Тоҷикистон ҳузур карданд. Саъдии Юсуфӣ ин нуктаро ҳам сарфи назар намекунад, ки тасмими мақомот алайҳи салафиҳо метавонад дар равобити тозаи Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ, ки аксари куллашон аз ин ҷараён пайравӣ мекунанд, хатчадор созад.

Ин ҳама гуфтугузор дар ҳолест, ки ду сол қабл Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як китоб воқеъияти таърихии салафиҳоро баён ва ҳузури онҳоро ба зарари сокинони Тоҷикистон арзёбӣ кард. Рӯҳониёни кишвар низ аз вуҷуди салафиҳо дар масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъаи кишвар изҳори нигаронӣ карда ва оғози кори онҳоро ба фаъолияти Толибони Афғонистон мушобеҳ медонистанд. Ҳизби ҳокими халқӣ – демократии Тоҷикистон, ки раёсати онро Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, куллия аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеъаро ба мубориза алайҳи пайравони “Салафия” даъват кард. Ҳамчунин, то ин замон мақомоти Тоҷикистон феҳристи даҳ созмони хатарзоро тартиб ва фаъолияти онҳоро дар ҳудуди кишвар мамнӯъ карданд, ки “Салафия” дар ин феҳрист ёздаҳумин созмони мазҳабии хатарзо хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG