Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Монеаҳо дар роҳи таҳсили ҷавонон


Тоҷиддин, як хатмкунандаи мактаб аз Исфара, мегӯяд, як қатор мушкилиҳо сади роҳи идомаи таҳсили вай дар донишгоҳ шудааст.

Тоҷиддин, ки орзуи таҳсил дар бахши таъриху ҳуқуқи Донишгоҳи Хуҷандро дорад, меафзояд, аз як сӯ гаронии маблағи таҳсил, аз сӯи дигар вуҷуди ришват ба ҳангоми қабул аз мушкилоти ҷиддӣ дар роҳи дохилшавӣ ба донишгоҳҳо маҳсуб меёбад, ки аксар ҷавонон, ба вижа фарзандони хонаводаҳои фақиру бебизоатро аз таҳсил дур кардааст.

Вай меафзояд, «маблағ барои дохилшавӣ ҳам то рафт зиёд шудааст. Агар солҳои пеш 1000 сомон бошад, ҳозир то 3500 сомонӣ расидааст».

Тоҷиддин мегуяд, дар чунин шароит ба фарзандони мардуми деҳқон ба ҷуз кор дар замин ва ё мардикорӣ дар Русия интихоби дигаре боқӣ намемонад. Ба гуфтаи ӯ, зиёд ҷавонони ҳамсолашро мушоҳида кардааст, ки бо вуҷуди дониши хуб дар роҳи расидан ба курсии донишҷӯӣ ноком шудаанд ва ночор роҳи деҳа ва ё роҳи Русияро пеш гирифтаанд.

Аксар коршиносон поинрафти қурби сомонӣ дар миёни асъори хориҷиро, ки боиси 30 дарсад боло рафтан ва то ба ҳадди 500 доллари амрикоӣ расидани маблағи солонаи таҳсил дар Донишгоҳҳои Хуҷанд шудааст, як монеаи дигар дар роҳи вуруд ба макотиби олӣ медонанд.

Аммо бо ин ҳол Абдували Рашидов, котиби масьули камиссияи қабули Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Б.Ғафуров, дар мавриди нархномаи таҳсили имсола гуфт, «дар соли таҳсили 2009-2010 барои ихтисосҳои омӯзгорӣ маблағи таҳсил барои як сол 1560 сомонӣ, барои гурӯҳҳои шартномавии шуъбаи ғоибона - 1245 сомонӣ мебошад. Аз ҷумла барои факултаҳи ғайриомӯзгорӣ маблағи таҳсил 2225 сомонӣ таин карда шудааст».

Як сокини вилояти Суғд, ки рӯзии худро аз кишоварзӣ ба даст меорад, гуфт, пардохти чунин маблағ барои хонаводаҳое, чун хонаводаи ӯ миёншикан аст. Ӯ бо изҳори таассуф мегӯяд, дар чунин шароит фарзандонаш метавонанд бидуни тахассус бимонанд.

Ба назари аксари мусоҳибони мо, низоми қабул ба макотиби олӣ дар вилояти Суғд ва соири вилоёту шаҳрҳои Тоҷикистон ба гунаест, ки аз ин макотиб берун омадани афроди дар воқеъ мутаххассис ва варзидаро як амри муҳол мекунад. Ба эътиқоди онҳо, асли ин низоми қабул пул аст, на дониш.
XS
SM
MD
LG