Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши созиш бо ҳиҷобпӯшон


Раҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хулосае омадааст, ки духтарҳои ҳиҷобпӯшро аз таҳсил хориҷ накарда, балки бо онҳо созиш кунад.

Созиш иборат аз баргузории мулоқоту гуфтугӯ бо волидони ин духтарҳо аст, то ки онҳо ба амри содиркардаи вазири маориф аз соли 2007 оид ба манъи пӯшидани либоси мазҳабӣ дар донишгоҳҳо итоат кунанд.

Гулнора Бобоназарова, ки мебоист имсол факултаи журналистикаи ин донишгоҳро хатм мекард, аз донишгоҳ хориҷ шуд. Вақте қазияи Гулнора ба расонаҳои хабарӣ роҳ ёфту қазияи ӯ дигар аз сохтмони донишгоҳ фаротар рафт, раҳбарияти ДМТ ӯро бозхонда қазияи вайро бознигарӣ кард.

Гулнора мегӯяд, "онҳо диданд, ки ман барои барқароршавӣ талоши қатъӣ дорам ва тасмими ҳиҷобпӯшии ман бо ҳеҷ як ҳизби сиёсӣ ё гурӯҳҳои динӣ робита надорад, маро барқарор карданд". Вай меафзояд, «ман аз муаллима Латофат Назирова, радиои «Озодӣ» ва дигарон хабарнигорон миннатдорам, ки маро кӯмак карданд, набошад касе ба доди ман намерасид».

Ҳоло Гулнора дубора барқарор шуда аз паси супурдани имтиҳони давлатиаш мебошад. Ба монанди Гулнора 7 донишҷӯдухтари ҳиҷобпуши дигар низ имсол қариб буд, ки аз донишгоҳ хориҷ шаванд. Вале онҳо бо дигар кардани шеваи ҳиҷобпӯшиашон тавонистанд дар курсии донишҷӯӣ монанд.

Давоми ду сол мешавад, ки вазорати маорифи кишвар низоми пӯшидани либоси хатмии мактабиро муқаррар кардааст. Аммо на ҳама духтарон хоҳиши пӯшидани либосҳои муқараркардаи вазоратро доранд. Иддае аз духтарони донишҷӯ сарфи назар аз муқаррароти вазорат мехоҳанд, ки бо ҳиҷоб дар дарс ҳозир шаванд. Қазияи маъруфи Давлатмоҳ Исмоилова, донишҷӯи донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон, ки порсол дар додгоҳ бо вазорати маориф даъво кардааст, аз намунаҳои анҷоми бенатиҷаи баҳсҳо бо сохторҳои давлатӣ мебошад.

Оё қазияи Гулнора баёнгари он аст, ки мақомоти донишгоҳҳо сиёсати пӯшиши либосро нарм мекунанд?

Муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Латофат Назирова мегӯяд, риояи либоси муқарраркардаи вазорати маориф ҳатмист. Вай меафзояд, дар натиҷаи сӯҳбату гуфтугӯҳо бо донишҷӯёни ҳиҷобпӯш ва андешаи он, ки бояд духтарон соҳиби тахассус ва мартабаи хеш дар ҷомеа бошанд, дубора онҳоро барқарор карданд.

Латофат Назирова афзуд, «бояд ҳамеша маърифаткунонии зан ва соҳибтахассусии онҳоро дар мадди аввал гузорем. Бо духтарон ва волидони онҳо пайваста сӯҳбат карда, таъкид мекунем, ки илмомӯзиро аз ҳама муҳим донанд. Зеро духтарон фардо модар ва тарбиятгари ҷомеа ҳастанд. Барои ҳамин духтаронро машаварат дода, соҳиби маълумоти олӣ ва дар ҷомеа ҷойгоҳ пайдо кардани онҳоро аз ҳама муҳим дониста барқарор кардем».

Латофат Назирова мутмаин аст, ки ягона роҳи тарбияи духтарон аз таълим дур накардани онҳост. Зеро, мафзояд ӯ, нақши зан, бахусус зани таҳсилкарда дар ҷомеа ва тарбияи наслҳои оянда хеле муҳим аст.

Ҷомеашинос Азизи Назир мегӯяд, дар сурате, ки сатҳи таълиму тарбия дар Тоҷикистон ба талабот ҷавобогӯ нест ва соҳаи маорифи кишвар ба даҳҳо мушкилот мувоҷеҳ аст, набояд тарзи либоспӯшии духтарон мушкилоти бештар ба ин соҳаро зам кунад. Вай мӯътақид аст, ки бо назардошти он ки 99 дарсади ҷомеаи Тоҷикистонро аҳолии мусулмон ташкил медиҳад, ин ҳақи духтарон аст, ки онҳо мехоҳанд либоси хоси худро пӯшанд.

Бино ба гуфти ҷомеашиносон, аз масъалаи ҳиҷоб дида аз таълим бебаҳра мондани духтарон хавфноктар аст. Зеро дар шароити фақре, ки ҷомеаи Тоҷикистон қарор дорад, чунин бархӯрд ба ҳақи фитрии шаҳрвандон метавонад мушкилоти ғайри қобили қабулро ба миён орад.
XS
SM
MD
LG