Вай мегӯяд, алъон марҳилаи имтиҳонсупорӣ фаро расидаасту аз ин хотир ҳамроҳи чанд тан аз ҳамсабақонаш вай ба ҷои омодагӣ ба имтиҳону такрори дарсҳои дар соли ҷорӣ хондааш роҳи мардикорбозорро пеш гирифтааст. Шерзод мегӯяд вай барои кор ба бозор меравад, то ки барои таъмини рӯзгори худ ва гирифтани баҳои хуб маблағе ба даст оварад.
Шерзод мегӯяд, «ман бегоҳӣ ба бозор меоям. Барои ман дар ин вақт интизори ягон кор шудан мувофиқ аст. Барои манзили иҷоравӣ, сару либос ва барои имтиҳон ҳам маблағ зарур аст. Барои ҳамин дар ин ҷо пул карда, зиндагии худамро таъмин мекунам».
Дар давраи ҷамбасти таҳсили тобистона Шерзод аз рӯи ҳафт фани ихтисосиаш бояд имтиҳони ҷамбастӣ супорад. Вай мегӯяд, то имрӯз панҷ имтиҳони ҷамбастиро гузашта баҳои хуб гирифтааст. Вай умедвор аст, ки аз ду имтиҳони охир ҳам бомуваффақият хоҳад гузашт, вале ҳоло мегӯяд вай, агарчи дарсҳои гузаштаро такрор мекунаду талош мекунад бо дониши худ дар имтиҳон ҷавоб диҳад, аммо бидуни ришват эҳсос мекунад, ки аз имтиҳон нахоҳад гузашт.
Вай меафзояд, ки ин гуна методи супурдани имтиҳон барои бисёр донишҷӯҳо хос аст. Шерзод мегӯяд, «ман одатан аз рӯи донишам баҳо мегирам, масалан аз панҷ имтиҳон аллакай баҳо гирифтаам, вале якто-дутояшро то 30-50 сомонӣ пул талаб мекунанд. Ин хел ҳам ҳаст, ки бархе аз омӯзгорон ба дониш эътибор надода, ба умеди кисаи донишҷӯ мешаванд».
Аксар донишҷӯҳо мегӯянд, ки аз пуршиддат шудани кори ниҳодҳои зиддиришват ҳангоми имтиҳонсупорӣ хуб огаҳ ҳастанд, донишҷӯҳои суғдӣ дар бораи боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани чанд устодашон лозим шавад худ маълумоти мукаммал медиҳанд. Вале дар айни замон мегӯянд, ки кор ба ҳамин шакл кайҳост пеш меравад ва ҳоло бо пинҳонкории бештар аммо ин ришвадиҳиву ришвагирӣ ҳамоно идома меёбад.
Дар натиҷа, ба гуфтаи худи донишҷӯҳо, ҳал шудани масъалаи имтиҳон бар ҳар шакле набошад, ба манфиати худи имтиҳонсупоранда аст: кори пурзаҳмати сиёҳ дар бозор ба ҳайси ҳаммол дар назари ҷавонмардони зиёд назар ба заҳматҳои таҳсилу дарсхонӣ беҳтар аст.
Комил, яке аз он ҷавонҳои суғдист, ки ин андешаро тарафдорӣ мекунад. Вай мегӯяд, «аз сабабе, ки ҳоло дар ҳама ҷой пул корро ҳал мекунад, бештари муаллимони донишгоҳҳо низ аз донишҷӯён пул мегиранд. Аз ҳамин хотир донишҷӯёни бисёр, тақрибан 25-30 нафар, дар ҳамин мардикорбозор омада кор мекунанд. Онҳо зиндагии донишҷӯии худро бо ин тарз пеш мебаранд. Иҷорапулӣ, маблағ барои санҷишу имтиҳонро онҳо аз волидонашон нагирифта, худашон дар ин мардикорбозор ба даст меоранд».
Агарчи донишҷӯён ҳамингуна ба супурдани имтиҳонҳо ҳозир шаванд, гурӯҳи дигари сершумори донишҷӯёне низ ҳаст, ки дар шӯъбаҳои рӯзонаи донишгоҳҳо аммо ғоибона таҳсил мекунанд. Муҳассисилин медонанд, ки онҳо тамоми сол дар муҳоҷирати корӣ дар Русияанд ва дар ҷараёни сессияҳо шабаҳи онҳо ба ҳайси ному дафтарчаи имтиҳонот дар дасти одамҳои, ба истилоҳ, мавриди эътимоди гирифтани имтиҳонҳояшон мечарханд.
Юсуф Толибов, як тан аз омӯзгорони ҷавон, мегӯяд, дар таҷрибаи панҷсолаи кориаш дар донишгоҳ мушоҳида кардааст, ки иддае аз устодон ва масъулини факултаҳо ба донишҷӯёни муҳоҷир баҳогузорӣ мекарданд.
Юсуф Толибов аз як ҳолати ахири ошкор шудани фасод дар донишгоҳи металлургии шаҳри Чкаловск чунин ёдовар шуд, ки «нафаре дар Русия қарор доштаасту, ӯро омӯзгорон баҳогузорӣ кардаанд. Ва ӯ бо як ҷурм аз сӯи мақомоти Русия дастгир шуд, ва имрӯз бархе аз устодони ин донишгоҳ аз кор сабукдуш шуданд».
Юсуф Толибов ботаассуф гуфт, ки сабаби афзоишу густаришёбии ришват фақат дар тамаъҷӯии нафарони масъул, яъне омӯзгорон нест ва гуноҳи донишҷӯён ҳам хеле зиёд аст, ки намехоҳанд худро барои хонишу таҳқиқи хуби ихтисосашон заҳмат диҳанд. Ва ин фалсафаи фасодкорӣ, мегӯяд вай, мутаассифона, мағзи ҷавонҳои бештарро сироят мекунад ва касе парвои онро надорад, ки фардо чӣ мутахассисе рӯи кор хоҳад омад.
Шерзод мегӯяд, «ман бегоҳӣ ба бозор меоям. Барои ман дар ин вақт интизори ягон кор шудан мувофиқ аст. Барои манзили иҷоравӣ, сару либос ва барои имтиҳон ҳам маблағ зарур аст. Барои ҳамин дар ин ҷо пул карда, зиндагии худамро таъмин мекунам».
Дар давраи ҷамбасти таҳсили тобистона Шерзод аз рӯи ҳафт фани ихтисосиаш бояд имтиҳони ҷамбастӣ супорад. Вай мегӯяд, то имрӯз панҷ имтиҳони ҷамбастиро гузашта баҳои хуб гирифтааст. Вай умедвор аст, ки аз ду имтиҳони охир ҳам бомуваффақият хоҳад гузашт, вале ҳоло мегӯяд вай, агарчи дарсҳои гузаштаро такрор мекунаду талош мекунад бо дониши худ дар имтиҳон ҷавоб диҳад, аммо бидуни ришват эҳсос мекунад, ки аз имтиҳон нахоҳад гузашт.
Донишҷӯёни бисёр, тақрибан 25-30 нафар, дар ҳамин мардикорбозор омада кор мекунанд. Онҳо зиндагии донишҷӯии худро бо ин тарз пеш мебаранд. Иҷорапулӣ, маблағ барои санҷишу имтиҳонро онҳо аз волидонашон нагирифта, худашон дар ин мардикорбозор ба даст меоранд ...