Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додхоҳии наздикони Хуршед Бобокалонов


Пайвандони табибе, ки аз дар мошини милиса ба таври асроромез ҷон додааст, ба Додситони кулли Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

Ҳамсари марҳум Заррина мегӯяд, бо ин хулосаи мақомоти умури дохилӣ, ки иллати марги шавҳари ӯ, пизишки дармонгоҳи саратоншиносии Қарияи Боло Хуршед Бобокалоновро аз мастӣ ва бемории қалб донистаанд, розӣ нест.

Вай афзуд, «биниаш варам карда буд, таги лабаш ҳам захмдор буд, либосҳояш ҳама дарида ва чиркину хунолуд буд, пойҳо ва дастонаш кабуд буд».

Хонум Зарина мегӯяд, ки сару либоси хоколуд ва даридаи шавҳарашро ҳамчун далели шайъӣ барои додситонӣ ва додгоҳ нигоҳ доштаанд.
Чуноне, ки ташхиси тиббӣ нишон дод, дар бадани марҳум аломати зарби ҷисмонӣ ба назар нарасидааст...


Ҳамкасбон ва пайвандони марҳум Хуршед Бобокалонов майнушии ӯро инкор карда, аз ӯ ҳамчун як варзишгари қавӣ ва табиби дар соҳаи худ ҳозиқ ёд мекунанд. Аз ҷумла Толеъ Холназаров, варзишгари маъруф ва аз дӯстони Хуршед Бобокалонов, гуфтааст, ки Хуршед варзишгари беҳтарин буд ва аз машрубот парҳез мекард.

Аммо сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Асадуллоев мегӯяд, ки Хуршед Бобокалонов шоми он рӯз сархуш буда, ба далели халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ аз сӯи кормандони милиса дастгир шудааст.

Ба гуфтаи оқои Асадуллоев, ташхиси тиббӣ муайян кардааст, ки Хуршед Бобокалонов бар асари майнушӣ ва беморӣ дар роҳ ба сӯи шӯъбаи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, «чуноне, ки ташхиси тиббӣ нишон дод, дар бадани марҳум аломати зарби ҷисмонӣ ба назар нарасидааст. Дар вақти гузаронидани ташхис худи ҳамкорони марҳум ва кормандони додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҳамкорон ӯ иштирок доштанд».

Ба эътиқоди ҳуқуқшинос Ашӯрбой Имомов, муроҷиати пайвандони Хуршед Бобокалонов расидагӣ хоҳад шуд, вале баъид аст, ки додситонӣ кормандони милисаро дар ин маврид муҷрим бишиносад.

Вай гуфт, «ин баҳсу талош бояд дар доираи салоҳият сурат гирад, аз он бояд берун нашавад, бо шарте ки воқеан сурат гирад. Вале агар дар нуқтаи назари як зуҳурот сурат гирад, барои расидан ба ягон натиҷа кӯшиш накунанд, дар ин ҳолат ба ҳақикат расидан мушкил аст».

Пайвандони Хуршед Бобокалонов мехоҳанд, тавассути сомонаи интернетии раисиҷумҳури Тоҷикистон қазияро ба самъи Эмомалӣ Раҳмон низ бирасонанд ва аз ӯ нисбат ба маъмурони милиса дод бихоҳанд.
XS
SM
MD
LG