Сергей Романов корманди Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонунҳо дар Тоҷикистон гуфт, кормандони интизомӣ ба хотири собит кардани гуноҳи боздоштшудаҳо аз навъҳои мухталифи шиканҷа кор мегиранд: «Аз шикоятҳое, ки мо тули 2 сол ҷаъмоварӣ кардем, бештар шиканҷа аз сӯи мақомоти интизомӣ ва амниятӣ сурат мегирад. Ҳамчунин шиканҷа дар маҳбасҳо низ мушоҳида шудааст. Аз моҳи июни 2007 то декабри соли 2008 дар тамоми манотиқи ҷумҳурии Тоҷикистон 92 мавриди шиканҷа ба қайд гирифта шудааст.»
Ба гуфтаи ширкаткунандагони ҳамоише дар Душанбе, шиканҷа на танҳо дар боздоштгоҳҳои мувақатии вазоратҳои қудратӣ сурат мегирад балки дар зиндонҳои Тоҷикистон низ вуҷуд дорад. Пайём Фурӯғӣ масъули ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон, бо нигаронӣ таъкид кард, ки ҳодисаҳои шиканҷа ба маҳбусҳо дар зиндонҳои ин кишвар наметавон рад кард. Аммо САҲА ва созмонҳои дигари ҳуқуқи башар имкони вуруд ба зиндонҳоро надоранд.
Аммо Баҳром Абдулҳақов, муовини сардори Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон ба ин иддао розӣ нест. Вай мегӯяд, маҳбасҳо барои ташкилотҳои байналмилалӣ бозанд ва фаъолияти онҳо шаффоф аст. Ба гуфтаи вай дар маҳбасҳои Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳо мавриди шиканҷа қарор гирифтани маҳбус аслан вуҷуд надорад: «Тули се сол дар маҳбасҳои Тоҷикистон 5 мавриди суистифода аз мансаб ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари ин иқдом парвандаи ҷинои боз шудааст ва онҳо муҷозот хоҳанд шуд. Ба гуфтаи худи ташкилотҳои байналмилалӣ маҳбасҳои Тоҷикистон ба стандарти минималии байналмилалӣ ҷавобгӯянд. Шумо моро фаҳмед, маҳбас истироҳатгоҳ нест.»
Созмонҳои байналмилалӣ бар инанд, ки барои ҷилавгирӣ аз шиканҷа, Тоҷикистон бояд дар қонуни кайфарии худ банди зидди шиканҷа илова кунанд. Ба гуфтаи Романов, танҳо бо ин роҳ метавон аз шиканҷа ҷилавгирӣ кард: «Мушкилот дар он аст, ки дар қонуни кайфари модаи махсусе дар бораи шиканҷа вуҷуд надорад. Дар ҳамин ҳол кормандони интизомӣ ва амниятӣ барои истифодаи шиканҷа муҷозот намешаванд. Ва кормандони интизомиро барои сӯистифода аз мансаб муҷозот мекунанд. Дар ҳамин ҳол метавон гуфт, ки имрӯзҳо итилоъ дар мавриди шиканҷаро наметавон пайгирӣ кард.»