Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ниҳоди масъул дар сабти номи созмонҳои мазҳабӣ, мегӯяд, ин раванд дар пайи ба марҳалаи иҷро даромадани қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ шурӯъ шудааст.
Гуфта мешавад, ҷараёни сабти номи такрории созмонҳои мазҳабӣ то охири декабри соли равон идома хоҳад дошт ва барои сабти номи дигарбораи созмонҳои мазҳабии фаъол дар кишвар ҳеҷ гуна маблағ ситонида намешавад.
Масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон итминон медиҳанд, ки бақайдгирии тозаи созмонҳои динӣ ҳеҷ гуна мушкил пеш намеорад, аммо бархе аз имомхатибон гуфтанд, ки дар ин роҳ бо мавонеъ рӯбарӯ хоҳанд шуд
Ҷараёни сабти номи муҷаддади масоҷиди мусалмонон ва ибодатгоҳҳои пайравони адёни дигар дар Тоҷикистон барои онҳое, ки то ин марҳала фаъол буданд ва ё онҳое, ки тоза таъсис меёбанд, яксон татбиқ хоҳад шуд.
Сайидбек Маҳмадуллоев, сардори шӯъбаи дин дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, барои созмонҳои мазҳабии фаъол сабти номи такрорӣ то поёни соли ҷорӣ бепул сурат мегирад, аммо аз соли оянда раванди ба қайдгирӣ бо пардохти маблағи муайян имконпазир хоҳад шуд.
Оқои Маҳмадуллоев афзуд, мебоист ин раванд ҳамзамон бо тасвиби қонуни нави дин оғоз мешуд, аммо ба иллати адами омодагии масъулони созмонҳои мазҳабӣ ин ҷараён мавқуф гузошта шуд. Вай гуфт, дар ин миён аз ҳисоби намояндагони мақомот,мутахассисин ва ҳуқуқшиносон дар тамоми навоҳии кишвар камиссиюнҳое вижа ташкил гардид,ки тарзи таҳия ва омодасозии дурусти аснодро ба масъулини масоҷид ва маъбадҳо ёд доданд.
Дар ҳамин ҳол Ҳоҷӣ Абдулҳамид, имомхатиби масҷиди ҷомеи маҳаллаи Меҳробод дар пойтахт, гуфт, ки асноди заруриро ҷиҳати сабти номи такрорӣ таслими идораи марбутаи шаҳрдорӣ кардааст. Ва ӯ мутмаин аст, ки дар ин кор ӯ бо мушкил мувоҷеҳ нахоҳад шуд.
Аммо бархе дигар аз рӯҳониён мегӯянд, ки шароити пешниҳодшуда барои сабти номи масоҷид метавонад мунҷар бар коҳиши шумори онҳо шавад. Зеро аксарияти ин масоҷид қабл аз қабули қонуни нави дин бунёд шуда буданд ва табиист, ки дар қолаби ин қонун даровардани фаъолияти онҳо кори осон нахоҳад буд.
Зубайдуллоҳи Розиқ, як тан аз аъзои раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, талаботе чун дарёфти сертификати замин ва низ ҳамин тавр меъёри «шумори мушаххаси аҳолӣ» барои сабти номи масоҷид мушкил эҷод хоҳад кард.
Ва аммо аз татбиқи қонуни нави дин ва шуруи сабти дубораи номи созмонҳои мазҳабӣ бештар аз ҳама ақаллиятҳои мазҳабӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Зеро теъдоди ками пайравони мазҳабҳои бахусус ғайриисломӣ ва дар навоҳии мухталиф парешон будани пайравони ин адён метавонад сабти дубораи номи чунин созмонҳоро ба мушкил мувоҷеҳ кунад.
Зимнан қабули қонуни нави дин дар Тоҷикистон аз сӯи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва аз ҷумла Комиссиюни озодиҳои дин дар Амрико мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд. Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар, қонуни мазкур мудохилаи давлат дар умури динро бештар карда ва дар роҳи ибодати мардум мавонеъ эҷод мекунад.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 2842 масҷиди панҷвақта, 259 масҷиди ҷомеъ, 19 муассисаи таълимии мазҳабӣ ва як Донишкадаи давлатии исломӣ ва 86 созмони ғайриисломӣ фаъолият мекунанд.
Гуфта мешавад, ҷараёни сабти номи такрории созмонҳои мазҳабӣ то охири декабри соли равон идома хоҳад дошт ва барои сабти номи дигарбораи созмонҳои мазҳабии фаъол дар кишвар ҳеҷ гуна маблағ ситонида намешавад.
Масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон итминон медиҳанд, ки бақайдгирии тозаи созмонҳои динӣ ҳеҷ гуна мушкил пеш намеорад, аммо бархе аз имомхатибон гуфтанд, ки дар ин роҳ бо мавонеъ рӯбарӯ хоҳанд шуд
Ҷараёни сабти номи муҷаддади масоҷиди мусалмонон ва ибодатгоҳҳои пайравони адёни дигар дар Тоҷикистон барои онҳое, ки то ин марҳала фаъол буданд ва ё онҳое, ки тоза таъсис меёбанд, яксон татбиқ хоҳад шуд.
Сайидбек Маҳмадуллоев, сардори шӯъбаи дин дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, барои созмонҳои мазҳабии фаъол сабти номи такрорӣ то поёни соли ҷорӣ бепул сурат мегирад, аммо аз соли оянда раванди ба қайдгирӣ бо пардохти маблағи муайян имконпазир хоҳад шуд.
Оқои Маҳмадуллоев афзуд, мебоист ин раванд ҳамзамон бо тасвиби қонуни нави дин оғоз мешуд, аммо ба иллати адами омодагии масъулони созмонҳои мазҳабӣ ин ҷараён мавқуф гузошта шуд. Вай гуфт, дар ин миён аз ҳисоби намояндагони мақомот,мутахассисин ва ҳуқуқшиносон дар тамоми навоҳии кишвар камиссиюнҳое вижа ташкил гардид,ки тарзи таҳия ва омодасозии дурусти аснодро ба масъулини масоҷид ва маъбадҳо ёд доданд.
Аз шуруи дубораи сабти номи созмонҳои мазҳабӣ бештар аз ҳама ақаллиятҳои мазҳабӣ изҳори нигаронӣ мекунанд
Сардори шӯъбаи дин дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон афзуд, ки ҳамагӣ панҷ ҳуҷҷат - ариза барои сабт, феҳристи муассисон, нишонаи маҳалли маъбаду шумори аҳолӣ ва низомномаи фаъолият - аз сӯи созмонҳои мазҳабӣ ба мақомоти зидахл пешниҳод карда хоҳад шуд.Дар ҳамин ҳол Ҳоҷӣ Абдулҳамид, имомхатиби масҷиди ҷомеи маҳаллаи Меҳробод дар пойтахт, гуфт, ки асноди заруриро ҷиҳати сабти номи такрорӣ таслими идораи марбутаи шаҳрдорӣ кардааст. Ва ӯ мутмаин аст, ки дар ин кор ӯ бо мушкил мувоҷеҳ нахоҳад шуд.