Маросими дафнии шаҳрванди Чин бо ширкати кормандони хоҷагии манзилию коммунали шаҳр ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар қабристони махсус баргузор шудааст.
Сармуҳандиси идораи хоҷагии манзилӣ ва коммуналии шаҳр Муборакшо Арабшоев изҳор дошт, ки агарчи фавтида мансуби адёни ғайр будааст, аммо ба хотири савоб онҳо ба арвоҳи мусофири бар асари садама ҳалокшуда фотеҳа гирифтанд.
Сармуҳандис афзуд, ки чанд сол қабл дар ин қабристони махсуси марбути идораашон ҷасади бесари эҳтимол меравад шаҳрванди Афғонистон, ки аз рӯдхонаи Панҷ ёфт шуд, дафн гардидааст ва то ба ҳол чаҳор мақбараи ашхоси номаълуми дар вақт ва ҳолатҳои гуногун ҳалок шуда, дар қабристон арзи вуҷуд кардаанд.
Сухангӯи раёсати корҳои дохилаи Бадахшон Мизроб Доробов гуфт, ки шаҳрванди Чин дар қатори се шаҳрванди дигари Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Рушон ба дарё ғарқ шуда, пас аз чанд рӯзи ҷустуҷӯ ҷасадаш 18-уми июн аз об ёфт шуд.
Мизроб Доробов баён дошт, ки ҳуввияти шаҳрвани Чин бо дарёфти шиносномааш аз автомашинаи ба садама дучор шуда аз рӯзи аввал маълум будааст, вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати муайян карда натавонистани маҳалли зисташ ва пас аз ду рӯзи дар мурдахонаи бемористони вилоятӣ қарор доштанаш тасмим гирифтанд, ки шаҳрванди Чинро ба хок супоранд.
Ба гуфтаи ӯ, оид ба садама дар Рушон ва ҳалокати шаҳрванди Чин хабарҳо дар матбуот интишор шудаанд, аммо дар мавриди тақдири шаҳванди Чин то рӯзи ба хок супурданаш касе ба мақомот муроҷиат накардааст. Вай афзуд, ки ҷасади аз як нафари дигари зери об рафта дар садамаи нақлиётии Рушон низ ёфт гардида, аммо ҷустуҷӯи ҷасади ду кӯдаки худсол идома дорад.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои раёсати корҳои дохилии Бадахшон, ахиран бар асари як садамаи нақлиёти дар маҳалли Висхарви Дарвоз 6 нафар ба об рафта, то кунун ҷасади ду нафар ёфт ва ҷустуҷӯи афроди боқимонда идома дорад.