Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон боз ҳам Ғарбро айбдор мекунад


Шероз, 21 июни соли 2009.
Шероз, 21 июни соли 2009.

Эрон иттиҳомоти мудохилаи хориҷиро дар тазоҳуроти хиёбонии худ бар пояи баҳсҳои интихоботи президентӣ афзоиш дод.

Вазорати умури хориҷии Эрон имрӯз гуфт, Ғарб аз "ошӯбгароне", ки ба муқобили пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи 12-уми июн даст ба тазоҳурот задаанд, пуштибонӣ мекунад. Ин иттиҳом дар ҳоле садо медиҳад, ки ниҳоди нозир ба интихобот мавҷудияти бархе аз хилофкориҳоро дар раъйдиҳӣ иқрор кард, аммо афзуд, онҳо ба пирӯзии Аҳмадинажод таъсир нагузоштаанд.
...умуман як ҳимояте аз бахше аз ихтишошгарон ва фурсатталабон доштанд...

Интихоботи президентии 12-уми июни Эрон эътирозҳои густардаи хиёбониеро ба вуҷуд овард, ки мислашон дар таърихи сисолаи ҷумҳурии исломӣ дида нашудааст.

Садҳо ҳазор нафар аз тарафдорони номзади асосии мухолифон, Мирҳусейни Мӯсавӣ, хашми худро аз натиҷаҳои интихобот ба кӯчаҳо бароварданд ва шиор доданд, ки пирӯзии Аҳмадинажод бо дасткорӣ ва тақаллуб имконпазир шудааст.

Дар даргириҳои ахири хиёбонии рӯзи шанбе, тибқи хабарҳо, ба камияш 10 нафар кушта, садҳо нафар захмӣ ва садҳо нафари дигар боздошт шудаанд.

Мақомоти давлат эътирозгаронро "террорист" ва ошӯбгар номидаанд ва сухангӯйи Вазорати умури хориҷии Эрон, Ҳасани Қашқавӣ ангушти иттиҳом ба тарафи Ғарб бурд:

Вай гуфт: "Бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ва Амрико ба ҷойи ин ки мардумро даъват ба созкорҳои демократик бикунанд ва ба ҷойи ин ки роҳкорҳои қонуниро дар изҳороти худашон мавриди таъкид қарор бидиҳанд, умуман як ҳимояте аз бахше аз ихтишошгарон ва фурсатталабон доштанд."

Раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ низ дар паёме ба мардуми Эрон дар намози ҷумъаи Теҳрон қудратҳои ғарби ро дар мудохила ба умури Эрон айбдор кард ва ба қатъи эътирозҳо дастур дод.

Мақомоти ҷумҳурии исломӣ ҳамчунин расонаҳои ҳамагонии хориҷиро низ дар барангезиши беназмиҳо айбдор карданд. Дар саркӯбиҳои ахир онҳо хабарнигори доимии Би-Би-Сӣ дар Теҳронро аз кишвар ихроҷ карданд. "Нюсвик" мегӯяд, яке аз журналистони он боздошт шудааст ва куҷо будани ӯ то ҳол маълум нест.

Вале вазири умури хориҷии Бритониё, Дейвид Милибанд, гуфт, ҳама гуна талошҳои ба "ҷанги байни Эрон ва дигар кишварҳо" табдил додани баҳси интихоботии миёни эрониён ягон асос надорад.

Дар иваз давлатҳои Ғарб масъулиятро бар дӯши мақомоти Эрон мегузоранд, ки бояд интихоботи одилона баргузор намоянд ва ҳамзамон ба мардум иҷоза диҳанд, ки аз рӯйи қонун ва бидуни ҳарос аз хушунат ҳаққи эътирози худро истифода кунанд.

Нахуствазири Олмон, Ангела Меркел, айни чизро гуфт ва бар илова бозшумориши раъйҳоро пешниҳод кард: "Ман мӯътақидам, ки бо такрори шумориши раъйҳо ба таври шаффоф ва агар зарур бошад, бо ширкати нозирони байнулмилалӣ, ҳама гуна шубҳаҳо ба осонӣ бартараф мешаванд. Эътимод барқарор мегардад. Аз нигоҳи ман, ин беҳтарин ва осонтарин роҳи рӯшан кардани вазъият аст."

Ин ҳам дар ҳоле ки Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон, ки бар интихобот назорат мекунад, иқрор кард, ки дар ҳақиқат дар раъйдиҳии 12-уми июн баъзе хилофкориҳо ба вуқӯъ пайвастаанд.

Сухангӯйи ин ниҳод, Аббосалии Кадхудоӣ, гуфт, дар бархе аз ҳавзаҳо шумораи раъйҳо аз теъдоди раъйдиҳандагон бештар шудааст. Вале ӯ афзуд, чунин ҳолат танҳо дар 50 шаҳр ба миён омадааст ва ҳарчанд ҷамъан 3 миллион барга мавриди шубҳа мебошанд, вай гуфт, ин ба андозае нест, ки ба натиҷаҳо таъсир расонда бошад.

Вале бозшумории раъйҳо номзади мухолифон, Мирҳусейни Мӯсавиро қонеъ намекунад. Вай ба лағви интихобот ва баргузории интихоботи нав даъват мекунад. Тарафдорони ӯ низ аз мардум даъват мекунанд, бо онҳое, ки кушта шуданд, ҳамраъйӣ нишон диҳанд.

Онҳо пешниҳод мекунанд, ки ронандагон зӯҳри имрӯз барои ду соат чароғҳои худро рӯшан нигоҳ доранд ва мардум шамъҳои сиёҳ гиронда, онҳоро бо навори сабз (ранги таблиғотии Мӯсавӣ) бубанданд.
XS
SM
MD
LG