Нафарони боздоштшуда ба зиён расонидан ба моликияти ҷамъиятӣ муттаҳам мешаванд. Пештар аз ин пулиси Эрон хабар дод, ки дар ҷараёни тазоҳуроти рӯзи шанбе 13 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Ҳамзамон Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз хабар додааст, ки мақомоти Эрон дасти кам 24 хабарнигор ва блогнависро дар пайи вақоеи баъд аз интихоботии як ҳафтаи ахир боздошт кардаанд.
Дар миёни боздоштшудагон, раиси Иттиҳодияи хабарнигорони Эрон ва хабарнигори маҷаллаи «Нюсвик» низ ҳастанд. Пештар аз ин мақомоти Эрон аз хабарнигори Би-Би-Си хостанд, ин кишварро тарк кунад. Эрон ҳузури хабарнигорони хориҷӣ дар маҳаллҳои тазоҳуротро мамнӯъ кардааст.
Бино ба гузоришҳо, баъд аз тазоҳуроти парокандаи рӯзи якшанбе дар шаҳри Теҳрон, тадобири амниятӣ дар ин шаҳрро тақвият бахшидаанд.
Шоми дирӯз дар шимоли шаҳри Теҳрон, такягоҳи Мирҳусайни Мӯсавӣ - номзади шикастхӯрдаи интихобот садои тир ба гӯш расидааст ва ҳамчунин чархболҳо дар фазои он маҳал дар парвоз будаанд.
Вале Мирҳусайни Мӯсавӣ аз тарафдоронаш хостааст, ки бо хештандорӣ ба тазоҳуроташон идома диҳанд. Вай дар як баёния гуфтааст, ки эътироз ба дурӯғ ва таққалуб ҳаққи мардум аст.