Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 13 нафар дар даргириҳои Теҳрон


Расонаҳои давлатии Эрон мегӯянд, дар нооромиҳои Теҳрон 13 нафар кушта, садҳо тан захмӣ ва 450 кас боздошт шудаанд.

Телевизиони давлатии Эрон иттилоъ дод, ки дар дагириҳои миёни полис ва афроде, ки телевизион онҳоро "гурӯҳҳои террористӣ" меномад, 13 нафар кушта шудаанд.

Ин манбаъ меафзояд, чанд нафар замоне кушта шудаанд, ки шӯришиён ба сӯи масҷиди Лулагори шаҳр тирандозӣ кардаанд.

Ҳамзамон телевизиони англисизабони Эрон бо номи "Пресс ТВ" гуфт, "шӯришиён" рӯзи шанбе ду маркази захираи газро оташ зада, ба як посгоҳи низомӣ ҳамла бурдаанд. Вале ин идаоро манобеи мустақил таъйид накардаанд.

Дар шабакаи интернет наворҳои видео аз кушта шудани як зан ва ду мард нашр шудаанд, ки аз сари сина захмӣ шудаанд. Дар ин наворҳо садои тирандозӣ ба таври рӯшан шунида мешавад.

Эътирозгарон бо вуҷуди даъват ва таҳдиди раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ даст ба тазоҳурот заданд ва нерӯҳои интизомӣ дар муқобили онҳо аз мошинҳои обпошӣ ва гази ашковар истифода кардаанд.

Аз баъзе маҳалҳои шаҳр садои тирандозӣ ба гӯш расидааст ва гуфта мешавад, даргириҳо идома доранд.
Онҳо моро ба муҳосира гирифтанд ва бо тамоми қувват ба латукӯби мо сар карданд...


Тибқи хабарҳо, ҳазорон корманди полис ва ниманизомиёни басеҷӣ талош карданд, тазоҳуркунандагонро ба гурӯҳҳои хурд ҷудо кунанд ва аз тазоҳуроти онҳо пешгирӣ намоянд.

Яке аз шоҳидони айнӣ ба радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ гуфт: "Онҳо моро ба муҳосира гирифтанд ва бо тамои қувват ба латукӯби мо сар карданд. Ман чунин хушунатро аз тарафи нерӯҳои интизомӣ ва либосимулкипӯшҳо дар солҳои охир надида будам."

Нафари дигар гуфтааст: "Одамон ба замин менишастанд, аммо онҳо савори мототсикл меомаданд ва парво надоштанд, дар сари роҳашон занонанд, кӯдакон ё мардон, онҳо шадидан ҳамаро мезаданд."

Шоҳиди дигар гуфт, нерӯҳои интизомӣ ва артишро дар роҳҳои атрофи Теҳрон дидааст. Ҳузури полис дар дигар шаҳрҳо ҳам бузург буда,

аз Шероз, Исфаҳон ва Машҳад низ дар бораи даргириҳо ахбори тасдиқношуда расидааст.

Бар пояи ахбори тасдиқношуда, номзади нокоми интихоботи президентии 12-уми июн Мирҳусейни Мӯсавӣ дар наздикии майдони Озодӣ дида шудааст, ки ба мардум мегуфт, омодаи шаҳид шудан аст.

Мӯсавӣ ҳамчунин даъват кардааст, ки дар сурати ҳабс ӯ бояд коршиканӣ ва нофармонии миллӣ сар шавад.

Дар охирин изҳороташ дар сомонаи интернетияш, Мӯсавӣ эълом дошт, ки ҳамроҳи мардум аст ва гуфт, талаби ӯ ба лағви интихобот ба таври раднашаванда ҳақ аст.

Вай ҳамчуниин аз раҳбарони Эрон даъват кард, ба мардум барои эътирози осоишта шароит диҳанд ва барои изҳори талабу интиқоди онҳо "фазои озод"-е ба вуҷуд оранд.

"Мо мухолифи низоми исломӣ ва қавонини он нестем, аммо мухолифи дурӯғ ва найранг буда, фақат ислоҳоти онро мехоҳем." -- гуфта мешавад дар изҳороти Мӯсавӣ.

Дар баёнияи қаблияш Мӯсавӣ бархе аз қонуншиканиҳои интихоботиро тазаккур дод ва гуфт, тақаллуби интихобот аз моҳҳо ба пеш тарҳрезӣ шудааст.

Созмонҳои ҳуқуқи инсон аз авзоъ дар Эрон изҳори нигаронӣ кардаанд. "Афви Байнулмилал" гуфтааст, то ҳол дар эътирозҳои Эрон 10 нафар ба ҳалокат расидаанд. Зиёда аз 100 нафар аз фаъолони ислоҳталаб боздошт шудаанд.

Созмони "Хабарнигорони бидуни марз" менависад, зиёда аз 20 хабарнигор ва блогнависон ба ҳабс гирифта шудаанд.

Рӯзи 19-уми июни "Афви Байнулмилал" навишт суханони раҳбари олии Эрон, Алии Хоманаӣ ба нерӯҳои интизомӣ дар бархӯрди хушунатомез бо тазоҳуркунандагон даступои боз дод, то ба истифодаи беш аз ҳадди нерӯ иқдом кунанд.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама аз Теҳрон даъват кард, "ба амалкардҳои ноодилонаи зидди мардуми худ хотима гузорад."

Вай гуфт: "Ҳукумати Эрон бояд инро дарк кунад, ки ҷаҳон ба аъмоли он чашм дӯхтааст. Мо аз ҳар кадом ва ҳар як қурбонии бегуноҳи ин рӯйдодҳо таассуф мехӯрем."

Дар ин байн Конгресси Иёлоти Муттаҳида бо 405 раъйи мувофиқ ва 1 мухолиф мақомоти Эронро дар саркӯб кардани эътирозгарон ва дахолати ҳукумат дар интернету мухобираи телефонҳои ҳамроҳ маҳкум намуд.

Ва дар изҳороте, ки дар нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо дар Бруссел нашр шуд, раҳбарони Аврупо гуфтаанд, "мақомот бояд аз истифодаи зӯр дар баробари тазоҳуроти осоишта худдорӣ кунанд."
XS
SM
MD
LG