Раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, ки дар умури сиёсӣ ва давлатии Эрон соҳиби ҳарфи охир аст, гуфт, дар интихоботи президентии рӯзи 12 июн тақаллуб ва хилофкорӣ ба амал наомадааст.
Дар нахустин паёми худ баъд аз тазоҳуроти чандрӯзаи мухолифон, ки натиҷаҳои интихоботро қабул надоранд, Хоманаӣ гуфт, интихоботбаёнгари як пирӯзии рӯшан аст ва эътирозҳои хиёбонӣ бояд хотима ёбад.
Вай гуфт, раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод аз 40 миллион раъйи мардум 24,5 миллион раъйро ба даст овардааст ва вақте тафовути байни раъйҳо 11 миллионро ташкил медиҳад, имкони тақаллуб вуҷуд надорад.
Хоманаӣ гуфт: "Корҳои қонунии интихобот дар кишвари мо иҷозаи тақаллуб намедиҳад. Инро ҳар касе ки дастандаркори масоили интихобот аст, огоҳ аз масоили интихобот инро тасдиқ мекунад. Он ҳам дар ҳадди 11 миллион тафовут? Як вақт ихтилофи байни ду раъй сад ҳазор аст, панҷсад ҳазор аст, як миллион аст... Хуб ҳоло мумкин аст, одам бигӯяд, як ҷӯре тақаллуб карданд, ҷобаҷо карданд, аммо ёздаҳ миллионро чӣ ҷӯр мешавад, тақаллуб кард?"
Аҳмадинажод ва рақиби муҳофизакори ӯ, собиқ раҳбари Сипоҳи посдорони инқилоб Мӯҳсин Ризоӣ дар расми паёми Хоманаӣ ширкат доштанд. Даҳҳо ҳазор нафар барои шунидани ин паём дар дохил ва беруни Донишгоҳи Теҳрон ҷамъ омада буданд. Тибқи хабарҳо мақомот мардуми зиёдеро бо автобусҳо ба маҳалли суханронӣ расондаанд.
Ҷонибдорони номзади ноком дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон Мирҳусейни Мӯсавӣ эълом доштанд, ки дар рӯзи ин паём намоишҳои эътирозӣ барпо нахоҳанд кард. Аммо рӯзҳои гузашта садҳо ҳазор нафар аз онҳо хиёбонҳои Теҳронро пур карданд ва чунин тазоҳурот дар 30 соли охир назир надоштааст.
Шуморе аз эътирозгарон бозошт ва дастикам 7 нафар дар даргирии тазоҳуркунандагону басеҷиҳо кушта шудаанд.
Кумиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи инсон, Нейвӣ Пиллай мегӯяд, аз гузоришҳои афзояндаи ҳабсу боздошт дар Эрон ба думболи интихоботи баҳсбарангези президентӣ нигарон аст. Вай гуфт, мақомоти Эрон дар хомӯш кардани эътирозҳо нерӯи барзиёд ба кор мебаранд.
Кумиссари олии СММ дар иҳзороти худ ҳушдор дод, ки амалкардҳои ғайриқонунии нерӯҳои интизомии Эрон "метавонад сабаби бадтар шудани вазъи амниятӣ" шаванд. Вай афзуд, масъулияти ҳукумат аст, ки аз зиёдаравии ниманизомиёни Басеҷӣ ва нерӯҳои амниятӣ пешгирӣ кунад.
Эътирозгарон мегӯянд наздик ба 650 далели қонуншиканиҳои гуногун дар ҷараёни раъйдиҳии рӯзи 12 июнро ошкор кардаанд. Биноан Мӯсавӣ талаб дорад, натиҷаҳо бекор ва интихоботи нав баргузор шавад.
Аммо раҳбари олии Эрон ба қатъи раҳпаймоиҳои хиёбонӣ даъват кард ва гуфт, натиҷаҳои интихобот дар қуттиҳои раъй муайян мешаванд, на дар кӯчаву хиёбон. Вай афзуд, агар хунрезие сар занад, сарони тазоҳурот барои он ҷавоб хоҳанд дод.
Оятуллоҳ Хоманаӣ чунин ҳушдор дод: "Зӯрозмоии хиёбонӣ баъд аз интихобот кори дурусте нест, балки ба чолиш кашидани асли интихобот ва асли мардумсолорист. Ман аз ҳама мехоҳам ба ин равиш хотима бидиҳанд. Ин равиш равиши дурусте нест. Агар хотима надиҳанд, он вақт масъулияти табаъоти он, ҳарҷу марҷи он ба ӯҳдаи онҳост."
Хоманаӣ ҳамчунин ба унвони кишварҳои хориҷӣ низ ҳарфҳои тунде зад ва онҳоро дар мудохила ба умури Эрон айбдор кард. Вай гуфт, ин нерӯҳо, агар фикр мекунанд, фишорҳояшон дар Эрон инқилобҳое шабеҳи баъзе аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба амал меорад, иштибоҳ мекунанд. Вай натиҷаҳои интихобот ва ширкати густардаи мардумро дар он нишонаи эътимоди мардум ба низоми исломӣ номид.
Даъвати Хоманаӣ ба қатъи тазоҳурот дар ҳоле садо дод, ки мухолифон нақша доранд, рӯзи шанбе аз нав хиёбону майдонҳоро пур кунанд. Эҳтимоли он меравад, ки паёми раҳбари олӣ мумкин аст, нерӯҳои интизомиро дар бархӯрд бо эътирозгарон бераҳм ва сахтрав кунад.
Коршиносон мегӯянд, ҷаласаи Шӯрои нигаҳбони Эрон бо ширкати номзадҳои ноком -- Мирҳусейни Мӯсавӣ, Маҳдии Каррубӣ ва Мӯҳсин Ризоӣ рӯзи шанбе шояд яке аз имкониятҳои охирин аст, ки Эронро аз ташаннуҷи бештар ҳифз кунад.
Дар нахустин паёми худ баъд аз тазоҳуроти чандрӯзаи мухолифон, ки натиҷаҳои интихоботро қабул надоранд, Хоманаӣ гуфт, интихобот
Корҳои қонунии интихобот дар кишвари мо иҷозаи тақаллуб намедиҳад. Инро ҳар касе ки дастандаркори масоили интихобот аст, огоҳ аз масоили интихобот инро тасдиқ мекунад...