Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Амрико ба айбмонии Эрон


Амрико мегӯяд, бе мудохила ба баҳсҳои дохилии Эрон, ба дифоъ аз ҳаққи эрониҳо ба эътирози осоишта идома хоҳад дод.

Ин изҳороти Вошингтон дар посух ба иттиҳомоти Теҳрон садо дод, ки ки гуё Амрико ба умури дохилии Эрон мудохила мекунад.

Дирӯз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон сафири Швейтсария дар Теҳронро даъват намуда изҳороти ИМ дар бораи
Мардуми Эрон ҳақ доранд, то ки садои онҳо шунида ва ба эътибор гирифта шавад...
натиҷаҳои интихоботи 12-уми июни Эронро “мудохила ба умури кишвар” номид.

Сафорати Швейтсария дар Теҳрон аз манфиатҳои Амрико дар Эрон дифоъ мекунад. Хабаргузории “Форс” иттилоъ дод, ки вазорати корҳои хориҷии Эрон ба сафири Швейтсария “эътироз ва ноқаноъатмандии” ҷониби эронӣ аз изҳороти Вошингтон дар бораи натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии он кишварро баён намуд.

Вазири корҳои хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар ин робита гуфт “мардуми Эрон ҳақ доранд, то ки садои онҳо шунида ва ба эътибор гирифта шавад.”

Вай афзуд ки “натиҷаҳои кадом райъпурсие, ки бошад бояд хости мардумро инъикос кунад ва эрониҳо худашон муайян мекунанд, ки ин эътирози дохилиро ба натиҷаҳои интихоботи охир чи тавр ҳал кунанд.”

Вазорати хориҷаи Амрико ҳама иттиҳомотро, ки гуё ИМ ба баҳси натиҷаҳои интихоботи 12 июни Эрон мудохила кардааст, қотеъона рад намуд ва афзуд, ки дипломатҳои дигар кишварҳо низ ба вазорати умури хориҷии Эрон даъват шудаанд. Сухангӯи вазорат Пи Ҷей Кровлӣ гуфт ки гап на танҳо дар ИМ будааст. Тибқи иттилои хабаргузории Форс ба вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин сафири Канада ва сафирони боз чанд дигар кишвари аврупоиро низ даъват карданд.

Аксарияти давлатҳои бузурги Ғарб мунсифона будани натиҷаҳои расмии интихоботи раёсатҷумҳурии Эронро зери шубҳа бурдаанд.

Ба иттилоъи расмӣ, раисиҷумҳури феълии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо бартарии чашмрас рақибони худ, аз ҷумла, номзади ислоҳталабон Мирҳусейни Мӯсавиро шикаст дод.

Маҳз ҳамин иттилоъи расмӣ боиси сар задани эътирозҳо дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон шудааст.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, таҳаввулоти охир ҳокӣ аз он аст, ки мардуми Эрон ба дурустии интихобот бовар надоранд.

Сухангӯи Кохи сафед Роберт Гибс эълом намуд: “ошкорост ки шеваи баргузории интихобот нигаронии ҷомеъаи байналмилалиро барангехтааст ва ба назарам мо ҳақ доштем ин маъракаро бо диққат пайгири кунем”.

Бино ба изҳороти вазорати умури хориҷии Амрико, Барак Обама такрор намуд, ки рӯйдодҳои ахири Эрон Амрикоро сахт нигарон мекунад ва ҳукумати Эрон бояд ба ин нигарониҳо посухи муносиб диҳад ва ИМ таҳаввулот дар ин кишварро пайгирӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG