Акнун ин санад барои имзо рӯзи 14 июн ба сарони кишварҳои узв ироа хоҳад шуд. Кишварҳои узви СПАД дар ин бора дар мавриди таъсиси нерӯҳои вокуниши сареъ дар моҳи феврал ба натиҷа расида буданд. Интизор меравад бо имзои созишномае дар ин замина аз сӯи руасои ҷамоҳири кишварҳои узви Созмон нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ ба манзури посухгӯӣ ба чолишҳои амниятӣ рӯи кор биояд. Агарчанд гуфта мешавад на ҳамаи кишварҳои узв, аз ҷумла Узбакистон, бо шароити таъсиси ин нерӯҳо мувофиқат кардаанд.
Аммо Тоҷикистон аз ҷонибдорони ҳарчи сареътар рӯи кор омадани ин нерӯҳост. Чаро? Бисёре аз таҳлилгарони тоҷик бо таваҷҷӯҳ ба шароити ҳокими имрӯз манфиатдор будани Тоҷикистон барои ҳарчи зудтар даст ёфтан ба таъсиси нерӯҳои вокуниши сареъро як амри мантиқӣ арёбӣ мекунанд.
Ҳадаф аз таъсиси Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СПАД посух гуфтан ба хатароти эҳтимолии терористӣ, таҷовуз ба марзи кишварҳо, ҷилавгирӣ аз қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, мубориза бо гурӯҳҳои бузурги муташакили ҷиноӣ ва соир ниёмандиҳои амниятии кишварҳои узв унвон шудааст.
Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, таҳлилгари тоҷик ва раиси АМСТ, мегӯяд, таҳаввулоти чанд моҳи ахири минтақа нишон дод, ки як марказ ё эписентри муҳими терроризм марзи миёни Афғонистон ва Покистон мебошад. Ва ин минтақаест аз лиҳози ҷуғрофӣ наздик ба Тоҷикистон ва таҳаввулоти ахири шарқи Тоҷикистон низ мақомотро нигарони бештари вазъи амниятӣ кардааст. Аз ин нигоҳ Тоҷикистон ба муосидати бештари кишварҳои узви СПАД дар посухгӯӣ ба чунин таҳаввулоте ниёз дорад.
Баҳси таъсиси нерӯҳои зудамали СПАД аз моҳи феврал ба ин сӯ ҷараён дошт ва дар ҳоле ба баррасии сарони кишварҳои узви СПАД пешниҳод мешавад, ки аз чанд ҳафта ба ин сӯ сару садо ва гуфтугузоре роҷеъ ба авзои шарқи Тоҷикистон сари забонҳост. Бархе эъзоми нерӯҳо ба ин минтақаро ба вуруди эҳтимолии гурӯҳе аз ҷангиёни ҷонибдори мулло Абдулло аз фармондеҳони пешини мухолифин унвон мекунад дар ҳоле, ки давлат вуҷуди ҳар гуна гурӯҳи мусаллаҳеро рад кардааст ва мегӯяд, ки дар ин минтақа амалиёти «Кӯкнор-2009» идома дорад.
Аммо як воқеиятро касе инкор намекунад, ки барои посух гуфтан ба ҳар суоле, ки набошад, хоҳ маводи мухаддир ва хоҳ ҳам масъалаи дигар, ҳар ҳадафе, ки набошад, нерӯҳо ба шарқи Тоҷикистон эъзом шудаанд. Ва ба ҳузури худ дар он минтақа идома медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки бархе дигар аз таҳлилагрон ба муассир воқеъ шудани таъсиси нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД дар ҳалли қазияҳое назири таҳаввулоти ахир дар Тоҷикистон ва Узбакистон ба назари шубҳа менигаранд.
Дар ҳар сурат Тоҷикистон, ба рағми ҳамсояи худ Узбакистон омодагии худ барои имзои санади таъсиси нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД дар таърихи 14 июнро баён кардааст. Ин нерӯҳо тибқи маълумоти то кунун мунташиршуда, аз як дивизияи десантӣ ҳамалотӣ ва як бригадаи чатрбозони русӣ, ду дастаи чатрбози қазоқӣ ва як дастаӣ ё баталиони сарбоз аз соир кишварҳои узв иборат хоҳад буд. Албатта агар санади таъсиси ин нерӯҳо ба имзо бирасад.
Дар ҳоли ҳозир Узбакистон ба таъсиси ин нерӯҳо ба далели навҳаи истифодаи онҳо мухолифат кардааст. Арманистон низ гуфтааст, дар мавриди шароити таъсиси нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ мулоҳизоте дорад.
Аммо ин бо ин ҳама вуҷуд оё нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД таъсис хоҳад шуд, суолест, ки посухашро як ҳафтаи дигар интизор хоҳем дошт. Тоҷикистон дар нишасти 14 июн аз ташвиқгарони имзои санади таъсиси нерӯҳои вокуниши сареъ хоҳад буд.
Аммо Тоҷикистон аз ҷонибдорони ҳарчи сареътар рӯи кор омадани ин нерӯҳост. Чаро? Бисёре аз таҳлилгарони тоҷик бо таваҷҷӯҳ ба шароити ҳокими имрӯз манфиатдор будани Тоҷикистон барои ҳарчи зудтар даст ёфтан ба таъсиси нерӯҳои вокуниши сареъро як амри мантиқӣ арёбӣ мекунанд.
Ҳадаф аз таъсиси Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СПАД посух гуфтан ба хатароти эҳтимолии терористӣ, таҷовуз ба марзи кишварҳо, ҷилавгирӣ аз қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, мубориза бо гурӯҳҳои бузурги муташакили ҷиноӣ ва соир ниёмандиҳои амниятии кишварҳои узв унвон шудааст.
Таҳаввулоти чанд моҳи ахири минтақа нишон дод, ки як маркази муҳими тероризм марзи миёни Афғонистону Покистон мебошад. Ва ин минтақаест аз лиҳози ҷуғрофӣ наздик ба Тоҷикистон ва таҳаввулоти ахири шарқи Тоҷикистон низ мақомотро нигарони бештари вазъи амниятӣ кардаст ...