Таъсиси нирӯҳои муштараки зудамал, ё худ вокуниши сареъ, як мавзӯъи аслии матрӯҳа дар ин нишаст аст. Сарони кишварҳои узви паймон дар мавриди таъсиси чунин нирӯҳо ҳанӯз дар нишасти рӯзи 4 феврал дар Маскав тавофуқ карда буданд.
Албатта, нишасти Ереван низ метавонист мисли соири нишастҳои ин созмон аз мадди таваҷҷӯҳ берун бимонад ва вузарои 7 кишвари шӯравии собиқ мисли дафъаҳои гузашта ин бор дар пойтахти Арманистон “нишинанду гӯянду бархезанд”. Аммо фазои атрофи нишасти Ереванро боз ҳам Узбакистон доғ кард, ки вазорати хориҷааш бо ирсоли як номаи расмӣ ба котиботи Паймони амнияти дастаҷамъӣ навишт, ки “ширкаташ дар ин ҳамоишро зарур намешуморад.”
Мудири бахши ташкилии котиботи Паймон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Арманистон, ки раёсати давраии созмонро бар ӯҳда дорад, баргузориии як ҷаласаи миёндавраии Шӯрои вазирони хориҷаро пешниҳод кард, вале ҷониби Узбакистон пешниҳод кардааст, ки ин ҷаласаро моҳи июн, дар арафаи нишасти сарони кишварҳои узв барпо кунанд. Ин мақом ихтилофи назар бар сари масоили проседурӣ, яъне бар сари рӯзи нишастро далели тасмими ахири Тошканд номид, вале гуфт, ин як мавриди алоҳида буда, ба ояндаи ҳамкориҳои Узбакистон бо паймон таъсире нахоҳад гузошт.
Аммо нашрияи “Время новостей”, чопи Маскав, навишт, ки Узбакистон бо ин иқдом хуруҷи баъдиаш аз ҳайъати Паймони амнияти дастаҷамъиро тамрин мекунад. Муаллифи ин матлаб Аркадий Дубнов дар як гуфтугӯ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, Узбакистон соли 1999 алакай як дафъа аз ин созмон берун шуда буд. Ба эътиқоди ин шореҳи рус, дар Тошканд хуб медонанд, ки бори дуввум рафтан аз ҳамон як созмон камоли беадабист, ки, албатта ба обрӯи он кишвар нахоҳад афзуд. Оқои Дубнов афзуд, шояд ҳамин омил Узбакистонро аз иттихози иқдомоти ҷиддитар ҷиҳати хуруҷ аз ин паймони амниятӣ манъ кунад, вале аз сӯи дигар, дидгоҳи ҳамеша хоси Тошканд дар қиболи тақрибан кулли масоили матрӯҳа як мониаи аслӣ дар роҳи рушди ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби паймон шудааст. Ва аломатҳои фаровони асабоният, ки дар бархе пойтахтҳои кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ нисбат ба ин ҷиҳатгириҳои Тошканд мушоҳида мешавад, ҳокист, ки агар Узбакистон аз ҳайъати паймон хориҷ шавад, касе сахт озурда нахоҳад шуд.
Аркадий Дубнов, шореҳи нашрияи “Время новостей”, чопи Маскав, мегӯяд, ҳатто агар кор бо хуруҷи Узбакистон анҷом шавад, фикр намекунад, ки ин амр тавонад зарфиятҳои бе ин ҳам хеле ночизи Паймони амнияти дастаҷамъиро тағйир диҳад.
Илло дар масъалаи Афғонистон, ки роҳҳои мусоидати Паймон ба таҳкими субот дар он кишвари ҷангзада ва муқобила бо таҳдиди маводи мухаддир, ки аз он сарзамин бармеояд, як мавзӯъи дигари дастури кори Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои узв дар Ереван хоҳад буд. Дубнов мегӯяд, Узбакистон дар мавриди ҳалли масъалаи Афғонистон аз ҷумлаи кишварҳои калидист ва аз ин нигоҳ, агар Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар воқеъ бихоҳад дар ҳалли мавзӯъи Афғонистон нақши бузургтаре дошта бошад, адами мушорикати густардаи Узбакистон нақши ин паймонро дар Афғонистон ногузир кам хоҳад кард.
Коршиноси низомии рус Александр Голтс бо ишора ба собиқаи начандон ҳамвори равобити Тошканд бо Паймони амнияти дастаҷамъӣ мегӯяд, аз рафтан ба нишасти Ереван сар печидани вазири хориҷаи Узбакистон ҳанӯз ба маънои аз узвият дар ин паймон даст кашидани Тошканд нест, вале адами хоҳишаш барои ҳамкорӣ бо ин созмонро ба намоиш мегузорад.
Аммо таҳлилгари дигар Леонид Гусев мегӯяд, Узбакистон ба бознигарии сиёсаташ дар қиболи Паймони амнияти дастаҷамъӣ пардохта ва бо ин мехоҳад намоиш диҳад, дигарбора рӯ ба Ғарб кардааст. Узбакистон, ки равобиташ бо Ғарб дар пайи рӯйдодҳои хунини Андиҷон ба сардӣ гароида буд, дигарбора рӯ ба Маскав ва созмонҳои таҳти нуфузи Русия дар паҳнои Шӯравии собиқ овард ва аз ҷумла ба узвияти Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои АвроОсиё пайваст. Аммо дар моҳи ноябри соли гузашта Тошканд узвияташ дар Созмони АвроОсиёро мутаваққиф кард ва акнун тавре ба назар мерасад, бо демарше, ки дар қиболи нишасти Ереван нишон дод, аз ҳамкорӣ бо Паймони амнияти дастаҷамъӣ низ кам-кам парҳез меварзад.
Гуфтанист, нахустин санади ин паймон бо номи “Қарордоди амнияти дастаҷамъӣ” моҳи майи соли 1992 маҳз дар Тошканд имзо шуда буд ва тайи чанд сол ин созмон ҳатто бо номи “Паймони Тошканд” шинохта мешуд.