Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳҳои нави низомии созмони СПАД


Дар шаҳри Маскав дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ авзои минтақа, муқобила бо таҳдидҳои амниятиро баррасӣ карданд, ки ба гуфтаи намояндагони созмон аз Афғонистон бармеояд.

Шакл гирифтани авзои сиёсиву низомии минтақа ва вокуниши муносиб ба он аз мавзӯъи дигаре будааст, ки дабирони шӯрои амнияти кишварҳои узв сари он гуфтӯгу кардаанд. Аммо чизе, ки аз миён бештар ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад, масъалаи таъсиси воҳиди муштараки нерӯҳои вокуниши сареъи кишварҳои узви паймон аст, ки бино ба гузоришҳо тақрибан 20 ҳазор сарбоз хоҳад дошт.

Барои такмил шудан ва омода шудани чунин воҳиди низомии муштараки саропо мусаллаҳ дар минтақа ҳоло роҳи дарозе дар пеш аст, зеро санадҳои ташкили он ҳанӯз ниҳоӣ нашудаанд. Дар нишасти шаҳри Маскав дабирони Шӯрои амнияти миллии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ танҳо як баста санадҳои расмиеро баррасӣ кардаанд, ки заминаҳои қонунӣ барои таъсиси воҳиди муштараки нерӯҳои вокуниши сареъро фароҳам мекунад.

Аммо онгуна ки Андрей Денисов, муовини аввали вазири умури хориҷаи Русия, гуфтааст, кор бар сари ин бастаи санадҳо осон набудааст. Ва идомаи кор ҳам осонтар нахоҳад буд, мегӯяд Павел Фелгенгауэр - таҳлилгари низомии Русия. Ба қавли вай, ба истиснои Узбакистон дигар аз кишварҳои узви паймон мухолифи таъсиси ин воҳид набошанд ҳам, аммо тавре ки Русия мехоҳад, муштоқи таъсиси воҳиди мазкур нестанд:

“Муносибат ба ин нерӯҳо дилсардона аст. Дар аввал мегуфтанд, ки ин нерӯҳо бояд дар якҷо бошанд, то ҳамроҳ амал кунанд. Акнун дигар аз ин ҳарфҳо нест, ва он нерӯҳо бояд дар қаламрави худи кишварҳо мустақар бошанд, онҳо ҳатто ситоди ягонаи фармондеҳии доимӣ нахоҳанд дошт ва замони иҷрои ягон амалиёт таъйин хоҳанд шуд. Яъне навъ нерӯҳои хосе нахоҳад буд".

“Независимая газета” чопи Маскав менависад, бар асоси тарҳ, дар воҳиди муштараки нерӯҳои вокуниши сареъ Русия ду сипоҳи муҳими зудамал шомил хоҳанд буд ва аз Тоҷикистону Қазоқистону Ҷумҳурии Белорус - як сипоҳӣ. Ба гуфтаи Павел Фелгенгауэр, Русия, ки аз тавсеаи НАТО бадаш меояд, мехоҳад Созмони Паймони Низомии Амнияти Дастаҷамъиро тақвият бубахшад:

“Тамоми достон чунин аст, ки Русия мехоҳад Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро қавитар кунад. Аз ин рӯ кор мекунад, то аз ин паймон як блоки низомии воқеъӣ бисозанд, зеро баъди ҷанг бо Гурҷистон, мо дидем, ки ҳеҷ кас ба мо кӯмак накард, ҳатто муттаҳидони мо ва касе аз онҳо ҳам Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ба расмият нашинохт. “

Сандра Диас Фернандес, таҳлилгар аз Маркази Пажӯҳишҳои Сиёсии Аврупо, мегӯяд, заминаҳои сиёсӣ барои таъсиси ин воҳиди нерӯҳои вокуниши сареъ чандон мусоид нест:

"Воҳиди нерӯҳои вокуниши сареъ танҳо аз ҳисоби кишварҳои минтақа таъсис хоҳанд ёфт ва кишварҳои минтақа манофеъи минтақавӣ доранд ва мехоҳанд то тавозуни минтақавиро байни Русия ва Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамсоягони худ дар Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ нигоҳ доранд. Ман ҳеҷ гуна иттиҳоди наву азиме миёни Русия ва ин кишварҳоро намебинам. Русия натавонистааст, то кунун ин кишварҳоро комилан ба меҳвари нуфузи худ ворид кунад".


Дигар аз монеае, ки метавонад, кори таъсиси нерӯҳои муштараки вокуниши сареъ дар чаҳорчӯби Созмони Паймони Низомии Амнияти Дастаҷамъиро мушкилтар кунад, ихтилофоти назари кишварҳои Осиёи Марказист, ки назар ба солҳои гузашта бештар шудааст. Павел Фелгенгауэр дар ин бора гуфт:

“Масалан равобити печидаи ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказиро бигирем, ҳатто сарфи назар аз Узбакистон, ки пайваста бо ҳамсоягонаш гоҳе бо Тоҷикистон ва гоҳе бо Қирғизистон мушкил дорад. Масалан қирғизҳо мехоҳанд, ки дар қаламрави онҳо нерӯҳои Қазоқистон, ё нерӯҳои Тоҷикистон ва ё Узбакистон амал кунанд, эҳтимолан намехоҳанд.”

Дигар чиз таҷрибаву сатҳи воҳидҳои низомии кишварҳои узв аст, ки аз ҳамдигар фарқи зиёд доранд, яке аз саропо мусаллаҳ аст ва дигар ҳанӯз ҳам силоҳҳои қадимаи русиро дорад. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро, ки Тоҷикистону Русияву Қирғизистону Узбакистон, Қазоқистон, Арманистон ва Ҷумҳурии Белорус ба он шомиланд, соли 2006 аз як созмони низомӣ ба сохтори бисёрҷонибаи амниятӣ дар минтақа табдил доданд
XS
SM
MD
LG