Ҳимоятчии ҳуқуқи Алоуддин Меҳмонов изҳори нигаронӣ намуд, ки дар байни маҳбусон ҳануз ашхоси мубталои бемориҳои сироятӣ мавҷуд буда, хунукназарии мақомоти назоратӣ ва ҳолати маҳбаси нав бинобар намнок будани он метавонад ба вазъи саломатии маҳбусон таъсир гузорад.
Аммо ба гуфтаи сардори маҳбаси Хоруғ Зодулло Азизуллоев, маҳбаси нав назар ба маҳбаси қаблӣ, ки ҳануз дар солҳои 40-уми асри гузашта сохта шуда буд, дорои шароити хубтар мебошад. Вай гуфт, ки ҳимоятчии ҳуқуқӣ дар ҳоле аз маҳбас дидан кардааст, ки боришоти пай дар пай ба ҳуҷраҳо низ асар карда буд, вале алҳол ҳуҷраҳо бо гармкунакҳои барқи муҷаҳҳаз ва барои маҳбусон шароити созгор таъмин гардидааст. Ба гуфтаи сардори маҳбас, сохтмон ҳануз идома ёфта, бо поён ёфтани он дар тирамоҳи имсол барои 200 маҳбус шароит муҳайё мешавад.
Ба гуфтаи сардори маҳбас, фавти маҳбус бар асари бемории сироятӣ нахустин чунин як ҳодиса тайи солҳои охир дар маҳбаси Хоруғ будааст. Вай гуфт, ки хулосаи ташхиси комиссиюни тиббӣ ва дар асоси он озод намудани маҳбусон дар маркази ҷумҳурӣ анҷом мешавад, вале онҳо фурсати интиқоли маҳбуси беморро ба он ҷо надоштаанд, аммо бо хуруҷи беморӣ вайро дар бемористони сил ҷой доданд. Аммо ба гуфтаи ҳимоятчии ҳуқуқи маҳкумшуда, аз лаҳзаи боздошт бемории сил дошта, маъмурияти маҳбас танҳо 15 рӯз пеш аз марг маҳбусро ба бемористон бурдаанд.
Фавтида барои нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир ба мақсади истеъмол ва фурӯши он ба миқдори 15 грамм ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум шуда, аммо фақат шаш моҳро дар маҳбас сипарӣ намудааст. Аммо муовини сарпизишки маркази бемориҳои сил Холиқназар Қандинов мегӯяд, ки ин нафар бо нишонаҳои бемориҳоии сироятии табобатнашаванда ба касалхона оварда шуда, имкони сиҳатиаш вуҷуд надоштааст. Ба гуфтаи муовини сарпизишк, тайи солҳои охир муҳоҷирати меҳнатӣ ва маҳбасхонаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ба омилҳои асосии густариши бемориҳои сил дар минтақа табдил шудаанд.
Аммо, ба гуфтаи сардори маҳбас, ҳодисаҳои озод гардидани бандиёни бемори сил бо тавсияи комиссиюни тиббӣ ва аммо такроран бо содир намудани ҷиноят аз сари нав ба маҳбас баргаштани онҳо ҷой доштаанд. Яке аз хешовандони фавтида изҳор дошт, ки бо нигаронӣ аз дер анҷом шудани ташхиси тиббӣ дар маркази ҷумҳурӣ бархе аз аъзои хонаводаи маҳбусони бемориҳои вазнини сироятӣ дошта, кӯшиш мекунанд, ки макумшудагон дар маҳбаси Хоруғ ба сар баранд, то ин ки дар сурати вуқуи ягон ҳодиса бо хароҷоти камтар тавонанд маросими дафнро анҷом диҳанд.