Ба гуфтаи коргардон Умед Мирзоширинов ин филм ҳуҷҷати–бадеӣ нахустин чунин як кӯшиши таҳияи филм бо забони мардуми маҳаллӣ мебошад. Дар ин филм коргардон ҳадаф гузоштааст, ки тавассути ишқи поки беолоиши инсони таъриху фарҳанг ва урфу одати мардуми маҳалро ба бинандагон бозгӯ кунад.
Наворбардории филм моҳи август шурӯъ шуда, манзараҳои Бартанг, Ғунд ва Роштқалъаро инъикос мекунад. Дар таҳияи филм ба ғайр аз қаҳрамонҳои асоси ҳудуди 100 нафар бозигар ҷалб мешаванд. Ба фикри коргардон ин филм, ба гӯиши забонҳои шуғнонӣ ва рушонӣ таҳия шуда, барои пурратар зоҳир шудани хислати қаҳрамонҳо ва гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳифзи забонҳои мардуми маҳал, ки «осорхонаи зинда»-и забонҳои қадими эронӣ ном гирифтаанд, кумак мекунад.
Кӯшиши таҳияи филми бадеӣ ба забони мардуми маҳал чанд сол қабл дар телевизиони Бадахшон бо кӯшиши журналист ва коргардон Файзи Мирҳасан сурат гирифта, аз ҷониби мухлисон гарм истиқбол шуд. Аммо ин филм он вақт бо як камераи телевизионӣ наворбардорӣ шуда, бозигарони нақшҳо кормандони радио ва телевизиони Бадахшон буданд.
Умед Мирзоширинов мегӯяд, ки дар сурати муввафақ шудани филми «Мушкилкушо» онҳо лоиҳаро идома дода, бо забонҳои дигари бадахшӣ филмҳои бадеӣ таҳия мекунанд.
Таҳияи филми «Мушкилкушо» ба таври хусусӣ аз ҷониби як шаҳрванди Тоҷикистон, ки худро мухлиси табиат ва фарҳанги бостонии мардуми минтақа мешуморад, маблағгузорӣ мешавад.