Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ним миллиард доллар тақозои СММ барои Покистон


Мартин Могванҷа
Мартин Могванҷа

СММ рӯзи ҷумъа ба хотири ироаи кӯмакҳои изтирорӣ ба беҷошудагон дар Покистон 543 миллион доллар дархост кард.

Гуфта мешавад, амалиёти густардаи алайҳи ҷангиёни толиб дар вилояти ғарбии Молоканд ба роҳ андохтаи артиши Покистон то кунун мунҷар ба фирори наздики 2 миллион нафар аз манотиқи ҷангзада шудааст. Як рӯз қабл кишварҳои муттаҳиди Покистон низ дар анҷумани кӯмакрасонҳо ба Исломобод ваъдаи 224 миллион доллар карданд. Мақомоти Покистон мегӯянд, то ҳол тақрибан 1 миллиону 900 ҳазор беҷошударо сабт кардаанд.

Масъули ҳамоҳангсозии барномаҳои кӯмакҳои башарии СММ Мартин Могванҷа рӯзи ҷумъа дар Исломобод ҳаҷм ва суръати афзоиши теъдоди афроди беҷошуда бар асари даргириҳои низомӣ дар Покистонро фавқулодда хонд. СММ ба хотири кӯмакҳои изтирорӣ ба беҷошудагон дар Покистон беш аз ним миллиард доллар тақозо кардааст.

Мақомоти Покистон мегӯянд, шумори расман сабтиномшудаи беҷошудагон аз ҳисоби мардуме, ки аз манотиқи ҷангзадаи дараи Свот дар устони шимолу ғарбӣ ва навоҳии бо Свот ҳамҷавори Бунер ва Ловердир дар минтақаи Молоканд фирор кардаанд, ба ҳудуди 2 миллион нафар наздик мешавад. Ин дар ҳолест, ки хушунатҳои қаблӣ дар минтақаҳои қабиланишини Покистон алакай ним миллион нафарро бехонавудар карда буд.

Сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ рӯзи 21 май дар анҷумани кӯмакрасонҳо аҳамияти ёрӣ ба беҷошудагонро чунин ташреҳ кард:
Мо бояд ба қалбу ба зеҳни ин мардум роҳ биёбем.
“Мо бояд ба қалбу ба зеҳни ин мардум роҳ биёбем. Моро лозим аст, барои мардуми ин ду минтақа тадобири мушаххас ва назаррас бияндешем. Хонумон ва ҷанобон! Ин ҳамчунин метавонад моро мутмаин гардонад, ки ҷангиён аз осебпазирии мардуми беҷошуда истифода нахоҳанд бурд.”

Гузоришҳои нашршуда мегӯяд, 224 миллион доллар ваъдаи ёрие, ки Покистон рӯзи 21 май ба даст овард, низ бахше аз тақозоҳои СММ хоҳад шуд. Бузургтарин кӯмак то ҳол ҳамон 110 миллион долларест, ки Амрико ба Исломобод ваъда супурдааст. Вошингтон ёриҳояш ба Исломободро дар пайи амалиёти густардаи нирӯҳои Покистон алайҳи ҷангиёни толиб, ки дар авоили моҳи май оғоз ёфт, густариш дод.

Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ба дунболи эълони ин бастаи бузурги кӯмакҳо бори дигар қотеъияти Амрико дар амри пуштибонӣ аз муборизаи Покистон алайҳи тундгароиро такрор кард: “Ироаи ин кӯмак танҳо кори дурусте нест, ки анҷом мешавад. Вале ин кӯмак барои амнияти ҷаҳон ва амнияти Иёлоти Муттаҳида муҳим аст ва агар шароит тақозо кунад, мо омодаем кори бештареро низ анҷом диҳем."

Созмонҳои имдодӣ мегӯянд, бахши аъзам аз тақрибан 2 миллион нафари беҷошуда рӯ ба раҳми имконот ва шароити мақомот ва мардуми маҳаллӣ ба сар мебарад ва то кунун танҳо 350 000 нафари онҳо дар чанд урдугоҳи оҷилан барои беҷошудагон бозшуда паноҳ ёфтаанд. Аммо имконоти ҳам хонаводаҳои беҷошуда ва ҳам мизбонони феълии онҳо дар ҳоли тамом шудан аст ва он ҳам дар пешорӯи фасли ба таври тоқатфарсо гарми тобистон, ки метавонад авзоъро башиддат бадтар кунад.

Интизор меравад, ки мақомоти Покистон ба зудӣ ба ҳар як хонаводаи беҷошуда ба хотири андаке сабуктар кардани азоби дарбадарӣ 500-долларӣ эъто кунанд. Вале давлати Покистон ва созмонҳои имдодӣ мегӯянд, барояшон маблағи хеле бузурге лозим аст, ки бӯҳрони феълии беҷошудагон ба як фалокати дар воқеъ бузурги башарӣ табдил наёбад.
XS
SM
MD
LG