Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон дар панҷаи набардҳои хунин


Маҳалли ҷангҳо дар Покистонро алакай 360 000 нафар тарк кардаанд
Маҳалли ҷангҳо дар Покистонро алакай 360 000 нафар тарк кардаанд

Хабарҳои расида аз Покистон ҳамчунон ҳокии идомаи набардҳои хунин миёни нирӯҳои давлатӣ ва ҷангиёни толиб дар устони шимолу ғарбии он кишвар аст.

Хабарҳои расида аз Покистон ҳамчунон ҳокии идомаи набардҳои хунин миёни нирӯҳои давлатӣ ва ҷангиёни толиб дар устони шимолу ғарбии он кишвар аст. Исломобод мегӯяд, тайи ҳамагӣ 4 рӯзи амалиёти густардаи низомӣ алайҳи Толибон дар водии Свот ва навоҳии бо он водӣ ҳамҷавор дар минтақаи Молоканд ҳудуди 700 ҷангиро ба ҳалокат расондааст. Аммо манобеъи мустақил имкони тасдиқ ва ё радд кардани ин иддаоро надоранд.

Идомаи набардҳо аммо мунҷар ба фирори оммавии мардум аз минтақаи ҷангзадаи Молоканд мешавад. Талошҳои давлати Покистон барои гирифтани пеши роҳи густариши нуфузи ҷангиёни толиб ва Ал-Қоида алакай шимолу ғарби Покистонро ба бузургтарин маҳалли таҷаммӯъи беҷошудагони дохилӣ дар ҷаҳон табдил додааст ва СММ шумори расмии афроди беҷошуда дар минтақаро 360 000 нафар баровард мекунад.

Вазири умури дохилаи Покистон Раҳмон Малик гуфт, то ҳол, тайи 4 рӯзи амалиёти густардаи низомии нирӯҳои низомӣ алайҳи ҷангиёни исломӣ дар устони шимолу ғарбии Покистон ҳудуди 700 ҷангӣ кушта шудаанд. Ин иддаои Раҳмон Малик аз ҷониби манобеъи мустақил тасдиқ нашудааст. Рӯзи якшанбе мақомоти низомии Покистон гуфта буданд, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ алайҳи ҷангиёни толиб дар водии Свот тақрибан 500 ҷангиро ба ҳалокат расонидаанд.

Рӯзи якшанбе қуюди шабгардӣ дар маҳалли даргириҳо мутаваққиф шуд ва ин ба даҳҳо ҳазор мардуми ғайринизомӣ имкон дод, худро аз водии ҷангзадаи Свот ба гӯшаҳои амнтарин устони шимолу ғарбии Покистон бизананд.СММ рӯзи душанбе эълом кард, ки аз таърихи 2 май ба ин сӯ дар урдугоҳҳо ва марказҳои паноҳҷӯён 360 000 нафари беҷошударо расман сабти ном кардааст. Ин мардум асосан аз водии Свот ва навоҳии бо он водӣ ҳамҷавори Дир ва Бунер фирор кардаанд.

Амалиёти густардаи низомии артиши Покистон алайҳи Толибон дар ин минтақа рӯзи панҷшанбеи гузашта баъди он оғоз ёфт, ки Толибон дар пайи ахзи тавофуқи сулҳ бо давлат талош карданд, нуфузи худро ба навоҳии ҳамҷавор бо водии Свот густариш диҳанд. Бар асоси тавофуқи моҳи феврал имзошуда, давлати Покистон розӣ шуда буд, дар ивази қатъи рӯёрӯиҳо татбиқи қонунҳои шариъатро дар водии Свот ва манотиқи атрофи он иҷозат диҳад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи душанбе як ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии шаҳри Пешовар, маркази маъмурии вилояти хушунатзадаи шимолу ғарбии Покистон, дастикам 6 нафарро кушта ва чандин тани дигарро захмӣ барҷой гузошт. Мошини бамбгузоришуда дар назди як посгоҳи нирӯҳои амниятӣ таркидааст.
XS
SM
MD
LG