Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон - дар пешорӯи як бӯҳрони башарӣ


Яке аз тифлони беҷошуда дар шаҳри Мардон
Яке аз тифлони беҷошуда дар шаҳри Мардон

Амалиёти густардаи артиши Покистон алайҳи ҷангиёни толиб садҳо ҳазорро маҷбур ба тарки водии Свот ва минтақаи Молоканд кардааст.

Аз оғози амалиёти низомӣ бо истифода аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ва оташи тӯпхонаҳоалайҳи ҷангиён, бино ба ҳисобҳо, алакай 360 000 нафар аз Своту Бунер ва Ловердиру Молоканд ба минтақаҳои амнтар фирор кардаанд.Аммо ҳиҷрати оммавии паноҳҷӯён ба шаҳри Мардон ва навоҳии дигари ҳамҷавор дар водии Пешовар нигарониҳо дар бораи эҳтимоли бурузи як бӯҳрони бузурги башариро пеш овардааст. Созмонҳои имдодӣ эҳтимоли ба ним миллион расидани шумори беҷошудагонро тахмин мезананд.

Аз миён як бахши аъзамаш роҳии ҳамон урдугоҳҳое хоҳанд шуд, ки алакай сарпаноҳи ҳудуди ним миллион паштуянд. Ин мардум дар натиҷаи ихтилофоти низомие, ки аз соли 2003 ба ин сӯ ин ё он гӯшаи Покистонро меларзонад, бехонавудар шудаанд ва ба шумори онон афзудани садҳо ҳазор паноҳҷӯи тоза дасти расидагии мақомоти маҳаллӣ ба ин мардуми мӯҳтоҷ ва дастнигарро хеле кӯтоҳ мекунад. Оқилаи 50-сола, ки ҳамроҳ бо 11 кӯдаку наберааш дар урдугоҳи тоза роҳандозишудаи Шайх Ёсин дар шаҳри Мардон хайма задааст, пиромуни сабабҳои аз водии ҷангзадаи Свот фирор кардани ӯву аҳли хонаводааш бо гиря мегӯяд: “Болои сари мо борони тир мерехт. Болои тамоми минтақа тир меборид. На барқ буду на об. Мо ба ҷуз фирор чораи дигар надоштем. Чорвои мо аммо онҷо монд. Ҳама сарвати мо ҳамин чорво буд, вале мо чораи дигар надоштем.”

Ариан Руммерӣ, сухангӯи дафтари покистонии Куммиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, гуфт, то ҳоли ҳозир аз ҷамъи 360 000 сокини беҷошудаи Молоканд танҳо 20 000 нафараш сарпаноҳ дар дар урдугоҳҳоро ихтиёр кардаанд.

Мақомоти Покистон мегӯянд, тайи ҳамагӣ 4 рӯзи аввали амалиёти густарда алайҳи ҷангиёни толиб дар минтақаҳои умдатан маҳалли сукунати қабоили пашту беш аз 700 ҷангиро ба ҳалокат расондаанд.Аммо ҳатто дар сурати пирӯзии зуд ва комили артиши Покистон бар ҷангиёни толиб, тавре ба назар мерасад, эҳёи рӯзгори қаблӣ барои беҷошудагон ба як чолиши ҷиддӣ табдил меёбад. Ариан Руммерӣ аз дафтари покистонии идораи паноҳандагони СММ мегӯяд: "Шумори беҷошудагон хеле зиёд аст. Ин низоъ ҳатто агар фардо ба поён бирасад, мардум билофосила ба хонаи худ баргашта наметавонанд. Онҳо дастнигар ва мӯҳтоҷи кӯмак боқӣ мемонанд. Ва вақте ҳам ки тавону имкони бозгаштро пайдо карданд, ба онҳо кӯмак лозим аст, то ки зиндагии худро аз нав барқарор кунанд. Чунки мизони харобкориҳо хеле бузург аст.”
Аммо бисёре аз беҷошудагон дар урдугоҳи Шайх Ёсин бозгашт ба хонаҳои ху
дро орзуе ҳанӯз дастнорас медонанд. Наввоб Алӣ, як сокини водии ҷангадаи Свот, ки рӯзи 11 май бо истифода аз тавқифи қуюди шабгардӣ ҳамроҳ бо ҳамаи 9 узви хонаводааш аз Свот ба Мардон омад, мегӯяд, ончӣ ки онҳо дар Свот диданд, орзуи бозгашти зудро дар қалби онҳо куштааст: "Он ҳама садамаву зарбае, ки ба мо расид, Худо фақат худаш медонад. Мо хонаҳои обод, тиҷорати хуб ва мағозаҳои худро онҷо партофтем. Болои сари кӯдакони мо тир мерехт. Хоҳарарӯси ман аз тири хумпора кушта шуд.”

Амалиёти густардаи низомии артиши Покистон алайҳи Толибон дар минтақаи Молоканди устони шимолу ғарбӣ рӯзи панҷшанбеи гузашта баъди он оғоз ёфт, ки Толибон дар пайи ахзи тавофуқи сулҳ бо давлат талош карданд, нуфузи худро ба навоҳии ҳамҷавор бо водии Свот густариш диҳанд. Бар асоси тавофуқи моҳи феврал имзошуда, давлати Покистон розӣ шуда буд, дар ивази қатъи рӯёрӯиҳо татбиқи қонунҳои шариъатро дар водии Свот ва манотиқи атрофи он иҷозат диҳад.
XS
SM
MD
LG