Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумаки тиббӣ ба беморони афғонистонӣ


Вилояти Бадахшони Афғонистон аз Бадахшони Тоҷикистон хостори кумаки аввалияи тибби ба беморони оҷил дар маҳаллҳои марзии Афғонистон шудааст.

Як комиссиюни кории вилояти Бадахшони Афғонистон зимни мулоқот бо намояндагони мақомоти Бадахшони Тоҷикистон дар Хоруғ дар ин маврид ибрози назар кард.

Ба иттилои комиссиюн, аз оғози соли равон то ба ҳол бар асари бемориҳои гуногуни оҷил дар маҳаллоти марзӣ ҳадди аққал ҳафт нафар ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, ки ин беморон бинобар мушкилоти барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои убури марз имконият пайдо накардаанд, аз кумаки пизишкони кишвари ҳамҷавор бархурдор шаванд.

Ба гуфтаи муншии аввали намояндагии Афғонистон дар Хоруғ Забеҳулло Носирӣ, дар байни фавтидагон ду зани ҳомила, як сарбоз бо бемории курруда ва афроди дигар бо чунин аломатҳои беморӣ буданд, ки дар сурати кумаки оҷил расондан ба онҳо метавонистанд, наҷот ёбанд. Вай афзуд, ба вижа дар фасли сармо мушкилоти ҳамлунақлии сокинони маҳаллоти марзӣ афзун мешавад. Вай баён дошт, ки дар ҳолатҳои фаврӣ беморон ба кумаки пизишкони тоҷик ва ё истифодаи роҳи тронзитӣ ба мақсади интиқоли беморон ба шаҳрҳои Афғонистон ниёз пайдо мекунанд, аммо марз барояшон баста аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи муншӣ, шартномаи ҳамкориҳои ҳусни ҳамҷавории байни ду вилояти ҳаммарз расондани кумаки тиббиро дар ҳолатҳои фавқуллода кафолат медиҳад.

Масъулини ниҳодҳои беҳдоштии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, ки дар шифохонаи вилояти барои қабул ва муолиҷаи беморони маҳалоти марзии кишвари ҳамҷавор дар ҳолатҳои фавқуллода имконият мавҷуд аст. Сарпизишки бемористони вилояти Шодӣ Гулҳаёзов гуфт, ки қаблан тайи як сол ҳудуди 70 бемор аз маҳаллоти марзии Афғонистон дар ин ҷо ба табобат фаро гирифта шуда, барои хизматрасонӣ маблағи андак - муодили сад доллар ба суратҳисоби шифохона пардохт мекарданд. Вай гуфт, ки онҳо омодаанд чунин таҷрибаро, ки ҳам ҳаёти инсонро наҷот мебахшад ва ҳам кумаки молии андаке барои беҳтаршаваии вазъи шифохона мегардад, идома бидиҳанд. Аммо аз оғози сол бинобар мушкилот бо ниҳодҳои назорати марзӣ ҳамагӣ ба 2 нафар шаҳрванди кишвари ҳамҷавор тавонистаанд аз хизмати тиббии мутахассисони шифохона истифода баранд.

Раиси ВМКБ Қодири Қосим гуфт, ки барои пазириш ва кумаки тиббӣ расондан ба беморони маҳалоти марзии кишвари ҳамҷавор дар ҳолатҳои фавқуллода монеа вуҷуд надорад, аммо калиди марз дар дасти сарҳадбонон аст.

Аммо коршиносони минтақа аз баста будани дарҳои марз рӯзона барои беморони оҷил, вале кушода буданашон шабона дар бештари маворид барои қочоқбарон изҳори ҳайрат мекунад. Дар ҳамин ҳол ба итилои масъулини намояндагӣ, як бемор дар ноҳияи Дарвоз, ки ба буридани даст бар асари сироят шуданаш ниёз дорад, чанд рӯз боз интизори гирифтани раводиди тронзитӣаст, то худро аз тариқи Ишкошим ба бемористони Кобул бирасонад.
XS
SM
MD
LG