Боби «Таълими динӣ ва ҳуқуқи динии атфол»
Суол: «Риояти ҳуқуқи кӯдак» барои гирифтани таълими динӣ дар ин қонун чӣ маъно дорад?
Посух: «Ин таъбир аз конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи кӯдак гирифта шудааст. Ин конвенсияро Тоҷикистон эътироф кардааст. Ин санади байналмилалист ва Тоҷикистон ӯҳдадор аст, ки тамоми аснод ва меъёрҳои байналмилалиеро, ки эътироф кардааст, риоят намояд. Дар моддаи 14-и ин санад гуфта шудааст, ки давлатҳои иштиркчии ин конвенсия ҳуқуқи кӯдакро дар мавриди озодии андеша, виҷдон ва дин эҳтиром мекунанд. Пас, Тоҷикистон, ки низ иштирокчии ин конвенсия аст, ӯҳдадор аст, ки ин банди конвенсияро риоя кунад. Аз ин рӯ, ин таъбир дар қонун истифода шудааст.»
Суол: Дар моддаи 15- ин қонун омадааст, ки «Ҷалб кардани ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ноболиғон додани таълими динӣ бе иҷозати хаттии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда манъ аст.» Оё манзур манъи рафтани кӯдакон ба масҷид нест?
Посух: «Падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда ҳуқуқ доранд, фарзандони худро аз рӯи ниёзҳои эътиқодии худ тарбият намоянд. Ин ҷо фарқ надорад, ки ӯ пайрави кадом дин аст ва ӯ ҳақ дорад, ки фарзанди худро аз рӯи эътиқодоти динии худ тарбият намояд. Падару модар, вақте фарзандаш мехоҳад дар ин ё он ибодати динӣ иштирок кунад, бояд огоҳ бошад. Масалан, агар ӯ таълими динӣ гирифтанист, бояд волидони ӯ огоҳ бошад. Онҳо дар раванди таълиму тарбияти фарзанди худ бояд ширкат дошта бошанд, аз ин рӯ, иҷозаи хаттиро аз падару модар талаб мекунанд. Масҷидҳои ҷомеъ ва масҷидҳои ҷомеи марказӣ ҳуқуқ доранд, ки гурӯҳҳои таълими динӣ таъсис диҳанд ва кӯдакон метавонанд дар назди онҳо таълими динӣ бигиранд. Албатта, дар вақтҳои берун аз барномаи таълимии давлатӣ. Лекин падару модари ӯ бояд донад, ки фарзанди ӯ берун аз барномаи таълими давлатӣ дар куҷо таълим гирифта истодааст. Барои ҳамин ӯ ба фарзандаш бояд хаттӣ иҷозат бидиҳад.»
Суол: Масалан, худи кӯдак мехоҳад, ки ба назди чунин гурӯҳҳои таълимӣ равад, вале волидон розӣ нест ё баръакс намехоҳад, ки биравад. Он вақт чӣ?
Посух: «Дар қонун бо сароҳат навишта шудааст, ки падару модар ҳуқуқ дорад, ки фарзандашро аз рӯи муносибати худаш ба дин тарбия кунад. Яъне, агар ӯ мехоҳад, ки фарзандашро таълими исломӣ диҳад, ӯ ба ин ҳуқуқ дорад ва метавонад аз дасти фарзандаш бигираду барад назди гурӯҳи таълимӣ ва бигӯяд, ки ту дар ҳамин гурӯҳи таълимии назди масҷиди ҷомеъу масҷиди ҷомеъи марказӣ бо таъмини динӣ машғул шав. Агар ки хост дар ягон гурӯҳҳои таълими динии масеҳӣ машғул шавад, кӯдакам метавонад ба шарте, ки розигии хаттии падару модараш бошад. Агар падару модараш розигӣ надиҳад, рафтани фарзандаш ба чунин таълимгоҳҳоро, фарзанди ӯ наметавонад рафта таълим бигирад.»
Суол: Дар яке аз бандҳои моддаи 8 навишта шудааст, ки «Таълими динӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур баъди гирифтани иҷозатномаи давлатӣ мумкин аст». Бубинед, умдатан дар Тоҷикистон таълиму тадриси асосҳои улуми динӣ дар назди волидон ё пиронсолон сурат мегирад. Фикр намекунед, ки ин талабот хилофи анъана ва суннатҳои мардумист?
Посух: «Намудҳои таълими диниро ин қонун муқаррар кардааст: - яъне, таълим дар муассисаҳои таълими динӣ аст. Яъне, ташкилотҳои динӣ ҳуқуқ доранд, ки муассисаҳои таълими динӣ таъсис диҳанд. Масалан, масҷиди ҷомеъи марказӣ ё як калисо ҳуқуқ дорад, ки як муассисаи таълими динӣ-мадраса ҳаст ё ин ки як воскресная школа таъсис диҳад. Ва дар ҳамин муассисаи таълими диние, ки ӯ таъсис дода аст, кӯдакон метавонанд рафта таълими динӣ бигиранд , албатта , дар вақтҳои берун аз дарс, фориғ аз таҳсили ҳатмӣ. Боз шакли дигари таҳсилоти динӣ-ин таъсис додани гурӯҳҳои таълимӣ аст аз ҷониби масҷидҳои ҷомеъ ва масҷидҳои ҷомеи марказӣ.»
Суол: Масалан, оё гирифтани таълим дар назди афроди алоҳида, ки маъмулан роиҷ буд, манъ шуд?
Посух: «Ин ҷо дар банди алоҳидаи моддаи қонун омадааст, ки ҳар кас ба таври ихтиёрӣ ба гирифтани таҳсилоти динӣ дар алоҳидагӣ ва ё ҳамроҳи дигарон ҳуқуқ дорад, яъне равшан гуфтааст, ки ҳар кас ин ҷо истисно нест. Ягон нафарро истисно накардааст қонун.»
Суол: Аммо ба ҳар сурат қонун таъкид кардааст, ки таълими динӣ ба онҳое мумкин аст, ки иҷозаи давлатӣ доранд. Ин ҷо як навъ таноқуз пеш наомадааст.
Посух: «Агар шумо дар ин ҷо таноқузро мебинед, ин андешаи шумо аст. Таълими диниро қонуни мазкур пешбинӣ намуда аст, ҳолате ,ки ташкилоти динӣ ҳуқуқ дорад муассисаи таълими динӣ таъсис бидиҳад, мадраса таъсис бидиҳад, ё ин ки воскресная школа ё ин ки дигар намудҳои таълими динӣ. Дар ин муассисаҳои таълими динӣ кӣ ҳуқуқ дорад ба таълими динӣ додан, яъне нафарҳое, ки иҷозатнома доранд.»
Суол: Мисол, дар деҳаҳо дар назди афроди алоҳида, масалан, як пиразан ва ё мӯсафед кӯдакон ҷамъ меомаданду таълими динӣ мегирифтанд. Ҳозир ҳамин мукин аст ё на?
Посух: «Ҳолатҳои пешбинӣ намудаи қонунро ман ба шумо гуфтам, ки муассисаи таълими динӣ ва гурӯҳҳои таълимӣ ҳастанд. Яъне, дар муассисаҳои таълими динӣ ва дар гурӯҳҳои таълими динӣ нафароне метавонанд ба таълими динӣ машғул шаванд, ки иҷозатнома доранд.»
Суол: Пас оё онҳое, ки масалан мӯсафед ва ё пиразане, ки таълими динӣ медиҳад ва иҷозатнома надорад, ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳад шуд? Чаро ки акнун қонун манъ мекунад чунин афродро?
Посух: «Магар банди як манъ кардааст? Кӣ иҷозатнома бояд дошта бошад? Ҳамон нафаре, ки қонун муайян кардааст. Оне ки шумо гуфта истодаед ба моддаи 8, банди 1 мувофиқат дорад. Ман ба шумо боз як чизи дигарро гуфтанӣ ҳастам, ки чизеро, ки қонун манъ накардааст, манъ нест. Банди яки моддаи мазкур иҷозат дода истодааст ба ҳар кас, ки дар алоҳидагӣ ё ҳамроҳи дигарон ба таълими динӣ машғул шаванд.»
Боби «Таъсис ва бунёди муассисаҳои динӣ»
Суол: Ва дар моддаи дигари қонун гуфта мешавад, ки «Шахсони мансабдори давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва аъзои ҳизбҳои сиёсӣ муассис ва корманди иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд». Оё агар шахсе соҳиби мансаб шавад, ӯ наметавонад масалан масҷиде бисозад ва ё дар сохтмони масҷид саҳм бигзорад? Магар давлатӣ будан шахсро аз ӯҳдадориҳои динӣ озод мекунад?
Посух: «Сухан дар бораи муносибати байни коргари давлатӣ ё ҳизбӣ ва иттиҳодияҳои динӣ меравад. Корманд, хизматчӣ ва мансабдори давлатӣ, намояндаи ин ё он ҳизби сиёсӣ дар муносибати худ бо иттиҳодияҳои динӣ бояд аз ҳамдигар ҷудо бошанд, тибқи ҳамон принсипи ҷудоии иттиҳодияҳои динӣ аз давлат. Ин принсипи конститутсионӣ аст ва ин банд ҳам дар асоси ҳамин принсип оварда шудааст. Агар ки як нафар намояндаи муассисаи давлатӣ аст, хидматчии давлатӣ аст, пас ӯ дар муносибати худ бо иттиҳодияҳои динӣ бояд, ки ҳамин принсип-принсипи конститутсиониро риоят кунад.»
Суол: Иттиҳодияи динӣ, яъне, масҷид дар назар дошта мешавад?
Посух: «Бале, иттиҳодияи динӣ масҷид аст.»
Суол: Масалан, узви ҳизби сиёсӣ наметавонад, ки масҷид бисозад ва ё дар сохтмони масҷид пул диҳад, ҳамин тавр?
Посух: «Муассис буда наметавонад.»
Суол: Корманди ҳизбӣ корманди иттиҳодияи динӣ шуда наметавонад?
Посух: «Бале. Муаззин шуда наметавонад. Ба гуфтани азон ҳақ надорад. Имоми панҷвақта ва ё имом-хатиб шуда наметавонад. Хазинадор, узви комиссияи тафтишотӣ ва посбони масҷид низ шуда наметавонад.»
Суол: Барои мисол, Шумо агар дар деҳаатон ва ё гузаратон масҷиде бино шавад ва мардум маблағ ҷамъ кунанд, се ҳазорӣ - панҷ ҳазорӣ, шумо ҳақ надоред, шарик шавед?
Посух: «Шуморо ҳамчун шаҳрванд, ҳамчун иштироккунандаи ибодати динӣ ин қонун манъ накардааст. Лекин шумо муассис буда наметавонед.»
Суол: Масалан, як корманди расмӣ ё як корманди давлатӣ метавонад биноеро бихарад ва ҳамчун масҷид ва ибодатгоҳ тӯҳфа бикунад?
Посух: «Ӯ наметавонад муассис бошад. Муассис кӣ аст? Муассис -даҳ нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки метавонад иттиҳодияи динӣ таъсис бидиҳад. Ғайри ин даҳ нафар барои дигарҳо қонун манъ накардааст. Корманди давлатӣ наметавонад шахси маошгиранда дар иттиҳодияи динӣ бошад. Сухан дар бораи таъсис додан рафта истодааст. Масалан, шумо дар як идораи давлатӣ кор мекунед, вале дар он масҷид на корманд ва на муассисед. Танҳо барои кормандон ва муассисони он масҷид манъ кардан дахл дорад, ба дигарон не. Ҳамин, ду табақа, ду гурӯҳи мардумро ин банди қонун манъ мекунад, ки муассис ва корманди масҷид буда наметавонанд.»
Суол: Ҳамчунин, дар моддаи дигари қонун банде аст ки мегӯяд «Таъсис додани иттиҳодияҳои динӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дигари давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ манъ мебошад.»
Посух: «Ин банд низ асос ёфтааст дар заминаи принсипи ҷудо будани иттиҳодияи динӣ аз давлат. Яъне, дар корхонаи давлатӣ чанд нафар наметавонанд муттаҳид шаванд -як функсияи масҷид - масҷид созанд ва дигар ин ки ягон ҳуҷра ва ё бинои иморати давлатро бигиранд ва ҳамчун намозгоҳи ҷамъиятӣ ба масҷид табдил диҳанд. Масҷид таъсис додан дар идораи давлатӣ мумкин нест. Намоз хонданро не, балки ташкили масҷидро манъ кардааст.»
Суол: Хондани намоз мумкин аст?
Посух: «Манъ накардааст.»
Боби «Ибодат ва маконҳои ибодат»
Суол: Ва дар моддаи дигар гуфта мешавад, ки «Ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ дар ибодатгоҳҳо ва замини ба онҳо мутааллиқ, дар зиёратгоҳҳо, дар қабристонҳо - вобаста аз хусусиятҳои эътиқоди динӣ, инчунин дар манзилҳо ва хонаҳои шаҳрвандон анҷом дода мешаванд». Масалан, дар дигар ҷойҳо мумкин нест?
Посух: «Намоз аслан дар масҷид анҷом дода мешавад. Ҳатто тибқи баъзе аз ривоятҳо дастур медиҳанд, ки намоз танҳо дар масҷидҳо гузорида шавад. Намозеро, ки дар ғайри масҷид анҷом дода шудааст, мувофиқи ин ривоёт намоз ҳисоб намекунанд. Мартабаи анҷоми намоз дар масҷид дар дигар ҷойҳо низ таъкид шудааст.Ҷойи ибодат масҷид аст. Аз ин рӯ, ҷойи ибодат масҷид муқаррар шудааст.»
Суол: Ва дар банди дигар қонун таъкид мешавад, ки «Иттиҳодияҳои динӣ барои анҷом додани ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ ба шаҳрвандоне, ки дар беморхонаҳо, осоишгоҳҳо, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон, ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва маҳрумӣ аз озодӣ мебошанд, тибқи тартиботи дар онҳо муқарраршуда бо пешниҳод муроҷиат карда метавонанд». Оё барои адои намоз иҷоза пурсидан шарт аст? Ва агар роҳбарони ин муассисаҳо иҷозат надиҳанд чӣ?
Посух: «Ин ҷо сухан дар бораи муносибати иттиҳодияи динӣ бо ҳамин намуди муассисаҳо меравад. Як иттиҳодияи динӣ, масалан як калисо ё як масҷид, ки масҷиди панҷвақта, ҷомеъ ё масҷиди ҷомеи марказӣ аст, тибқи ин банд наметавонад, ки аз пеши худ бе гирифтани иҷозаи масъулини ин муассисаҳо рафта ягон намуди ибодатро ташкил кунад. Иттиҳодияи динӣ агар бихоҳад, ки дар ин нуқтаҳо ташкил шавад, бояд, ки бо масъулини ин идорот мувофақа кунад. Зеро ин муассисаҳо муқаррарот ва низоми корӣ доранд. Тибқи низоме, ки дар ин муассиса ва корхонаҳо ҳаст, ба онҳо иҷозат дода мешавад ё намешавад. Яъне, сухан дар бораи муносибати иттиҳодияҳои динӣ ва ин муассисот меравад, на дар бораи ашхоси алоҳида ва на дар бораи ибодат.»
Суол: Масалан, роҳбари ин муассиса розӣ нашавад ва ба ин шахс ва гӯяд, ки ту намегузорӣ ва ё намеравӣ ба намоз...
Посух: «Боз ман мегӯям, ки он ҳуқуқе, ки дар ин ҷо муайян карда шудааст, ба иттиҳодияҳои динӣ дахл дорад. Яъне, иттиҳодияҳои динӣ муроҷиат карда метавонанд. Сухан дар бораи одамони алоҳида, масалан, онҳое, ки дар бемористонҳо ҳастанд, намеравад.»
Боби «Таблиғ ва ташвиқоти динӣ»
Суол: Дар моддаи 23 омадааст, ки «Фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ дар муассисаҳои давлатии томактабиву мактабӣ, инчунин дар манзилу хонаҳои шаҳрвандон манъ аст». Яъне, таълиму тарбият ва хондану қироати осори динӣ, аз ҷумла Қуръон дар хонаҳо манъ аст?
Посух: «Сухан дар бораи фаъолияти таблиғотӣ меравад. Фаъолияти таблиғотӣ чиро дар бар мегирад, ин ҷо бояд вазъи ҳуқуқии ин истилоҳро ба эътибор бигирифт. Яъне, фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ. Ин ки нафари алоҳида ки нест. Масалан, як калисо ё як масҷид наметавонад ва ҳуқуқ надорад, ки рафта дар як мактаб ё боғча фаъолияти таблиғотӣ барад.»
Суол: Охир, иттиҳодияи динӣ, яъне, масҷид ҳаракат, ки намекунад. Вале муассиси онҳо масалан як нафар ё ду нафари он наметавонад дар хонаи худаш таблиғ ва ташвиқ кунад, чун вай муассис аст?
Посух: «Боз ҳам мегӯям, ки ба иттиҳодияи динӣ ё муассиси он қонун ин хел ҳуқуқ намедиҳад, ки мактаб, муассисаҳои томактабӣ ва манзили шаҳрвандон рафта, адабиёт ва варақаи таблиғотӣ паҳн кунад. Ҳол он ки он шаҳрванд намехоҳад, ки як нафар рафта, дари ӯро тақ-тақ карда, варақаи таблиғотиро диҳад, ки бигир, бихону пайрави дини ман шав. Ҳолатҳое буданд, ки намояндагони ин ё он иттиҳодияи динӣ нопурсида, ба манозили мардум рафта, дари онҳоро кушода, варақаҳои таблиғӣ паҳн карданд. Ҳоло акнун ин корро қонун манъ мекунад. Яъне, як нафар наметавонад, ки рафта дар хонаи нафари дигар таблиғот барад.»
Суол: Масалан, падару модари як нафар мехоҳад, ки фарзандашро ташвиқ кунад ба омӯзишу маърифти динӣ.
Посух: «Волидон мувофиқи банди 1-и моддаи 8 ҳуқуқ доранд, ки фарзандашонро мувофиқи муносибати худ ба дин тарбият намоянд. Яъне, вақте сухан дар бораи волидон ва хешу табор меравад, ин банди қонун ба онҳо иҷозат додааст. Лекин падару модар муассиси иттиҳодияи динӣ нестанд, онҳо ҳар кас ҳастанд.»
Суол: Агар бошанд чӣ?
Посух: «Муассис бошад наметавонад хонаи нафари дигар биравад ва таблиғ кунад.»
Суол: Дар хонаи худаш чӣ?
Посух: «Дар хонаи худаш аз они худаш аст. Ин кор ба он банди дигар қонун дахл дорад. Ин ҷо сухан дар бораи нафаре меравад, ки меравад ба хонаи дигарон то таблиғот барад.»
Боби «Муносиботи давлат бо дин»
Суол: Бубинед, ҳоло, ки сӯҳбат аз боби ташкили масҷид ва ё намозгоҳ дар муассисот рафт, шумо гуфтед, ки бар пояи принсипи ҷудоии давлат аз дин чунин меъёрҳо ворид шудааст дар қонун. Аммо қонун дар моддаи 16 мегӯяд, ки имом хатибҳо дар мувофақа бо намояндаи ваколатдори давлат оид ба дин интихоб карда мешавад. Ин ҷо, ки давлат ба кори иттиҳодияҳои динӣ мудохила карда истодааст. Чаро?
Посух: «Ҳеҷ гуна мудохила нест. Иттиҳодияи динӣ худаш имом ва ё имом-хатибашро интихоб мекунад. Ин ҳуқуқро ҳеҷ кас аз вай салб накардааст. Лекин боз ҳам бо мақсади танзими муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ як нафар намояндаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин агар дар раванди интихоби ҳайати муассисон ҳузур дошта бошад, магар ин бад аст? Ин ҷо сухан дар бораи ҳузури ӯ меравад. Яъне, ин намоянда ҳузур пайдо мекунад ва нигоҳ мекунад, ки ҳамин кор чи гуна сурат гирифт, масалан қонунҳо риоят шуданд ё не, оинномаи ин иттиҳодияи динӣ риоя шуд ё не дар рафти ин интихоб. Қонун иттиҳодияи диниро вазифадор мекунад, ки дар бораи фаъолияти худаш ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ҳар сол маълумот пешниҳод намояд. Агар ин намоянда дар рафти интихоби имом-хатиб иштирок надошта бошад, аз куҷо қазоват карда метавонад, ки ин интихоб қонунӣ ва мутобиқ бо оинома сурат гирифт ё хайр? Ин ҳузур аст, мудохила нест. Агар ҳамин қадар корро накунад, пас ӯ чи гуна мақоми ваколатдор аст?»
Суол: Манзур аз савол ин буд, ки ин дуро қонун аз ҳам ҷудо шинохта ва мудохиларо қабул накардааст.
Посух: «Ҷудо ҳастанд. Лекин бояд як танзими муносибати байни иттиҳодияи диниву давлат бошад. Як мақоме бошад, ки ҳамоҳанг созад фаъолияти ниҳодҳои давлатиро бо иттиҳодияҳои динӣ. Ва ин ҳамоҳангсоз нафаре аст, ки меравад ва дар он ҷо ҳузур пайдо мекунад. Ман дар ин ҷо ҳеҷ амали қонуншиканиро намебинам. Магар ин бад аст. Ӯ маслиҳатчӣ аст, машваратгар аст, қонундон аст. Ӯ мудохила, ки намекунад. Агар, ки қонун ё оиннома нақз шуд, ӯ машварат ва маслиҳат медиҳад.»
Суол: Ва боз дар идома мехонем, ки бо дархости мақомоти давлатӣ маълумот пешниҳод карда мешавад аз сӯи масъулони иттиҳодияҳои динӣ. Оё дар масоҷид ягон кори бад мешавад?
Посух: «Масалан, сӯхтор шуданаш мумкин аст? Эпидемия шуданаш мумкин аст? Мақомоти сӯхторнишонӣ ояд ва назорат кунад, ки қавоиди сӯхторнишонӣ риоят шудааст, магар ин бад аст? Ин ба фоида аст. Ва ё касалиҳои вогир –эпидемияҳо. Масъулини ин арса оянду бинанд, ки тозагӣ чи гуна аст, ягон вирус наафтода бошад. Ё масалан мақомоти андоз ва ё корманди ширкати барқ оянд барои анҷоми фаъолияти худ ба масҷид, магар ин бад аст? Ҳаминҳоанд мақомоти ваколатдоре, ки маълумот мепурсанд ва маълумот барояшон пешниҳод мешавад.»
Боби «Танзими меъёрҳо бо замон»
Суол: Оё то куҷо шумораи мушаххаси афрод барои ташкили масҷид аҳаммият дорад ва муҳим аст? Чун қонун рақам ва теъдоди мушаххасеро пешбинӣ мекунад.
Посух: «Ин чиз хеле зарур ва ногузир аст. Ин масъала низ бармегардад ба масъалаи танзими муносибати давлат бо иттиҳодияҳои динӣ ва ҳамчунин муносибатҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва пайравӣ ба дин. Дар шароити кунунӣ Тоҷикистон имконияти воқеии таъмини пурраи ниёзҳои динии шаҳрвандонро надорад.Ҳамчунон ки дигар давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои исломӣ надоранд. Ман дар ин маврид як мисоли хеле мувофиқ меоварам. Масалан бигирем маъракаи ҳаҷро. Давлати Арабистони Саудӣ барои ин маърака ба ҳар давлат «квота» ҷудо намуда, маҳдуд кардааст шумораи қабули ҳоҷиёнро. Ҳол он ки тибқи фармудаи шариат метавонанд дар ин ҷо як мухолифатро дарёбанд. Ба кӣ ҳаҷ фарз гаштааст, китобҳои фиқҳӣ муайян намудаанд. Дар ин ҷо, яъне барои ҳамаи онҳое, ки ба гардани онҳо ҳаҷ фарз гаштааст, имконият пайдо намекунанд, ки рафта ин фаризаро анҷом диҳанд. Ин чизро магар ин кишварҳо намедонистанд? Лекин дигар илоҷ надоштанд, ки ин гуна маҳдудиятро ҷорӣ карданд. Ба назари ман, айни вазъият дар масъалаи намозгузорӣ ҳам дар ҷумҳурии мо вуҷуд дорад. Яъне, масоҷиди мо айни ҳол имконияти феълии қонеъ гардонидани ниёзҳои намозгузоронро надоранд.Лекин, мутаассифона, он масҷидҳое, ки пеш сохта шуда буданд, бо шумори аҳолии 20 сол қабл, бо назардошти он солҳо бунёд ёфта буданд. Агар иттиҳодияҳои динӣ чунин имконият медоштанд, талаботи намозгузоронро қонеъ мегардониданд, ба хаёлам ин ҷо мушкилие эҷод намешуд.»
Суол: Ин ҷо баъзе аз чизҳое ҳастанд, ки гӯё фарзҳои исломӣ таҳрир шудаанд. Масалан, ҳатман бо иҷозати ва хоҳиши худи кӯдак ӯро ҷалб кардан ба таълими динӣ. Ба волидайн қарз аст, ки фарзандашро таълими динӣ бидиҳад. Лекин агар кӯдак нахоҳад ӯ наметавонад?
Посух: «Акнун шумо мехоҳед бигӯед, ки ҳамин конвенсиюни ҳуқуқи кӯдак бо меъёрҳои шаръӣ мувофиқ намеояд. Ин эътироз ба нафароне, ки он конвенсияро дуруст кардаанд бояд бошад, на ба мо. Мо бошем ҳатман ин муқаррароти конвенсияро дар назар гирифтаем. Чунки мо онро ба имзо расонидаем.»
Суол: Бубинед, масалан, ҳоло ки вақти намоз мешавад, шумо наметавонед дар ҷои корӣ бихонед, чаро ки қонун маҳдуд карда ва дар ҷойҳои хос гузоридани намозро иҷоза медиҳад. Инро чи тавр тавзеҳ медиҳед. Инро ҳам конвенсия муқаррар кардаст ва фикр намекунед, ки ин ҷо фарзи илоҳӣ таҳрир шуд?
Посух: «Намоз дар масҷид хонда мешавад. Ин фармудаи шариат аст, фармудаи на ин қонун асту на дигар. Ва ҷойи намозгузорӣ ҳам масҷид аст. Ва дар ин қонун ин нукта зикр шудааст, ки ҷойи намозгузорӣ ва ибодат масҷиду калисову куништ аст. Ҳатто дар хонаҳо иҷзоат додааст хондани намозро.»
Суол: Ҳоло бо қабули ин қонун дар Тоҷикистон дар куҷоҳо мушаххас намоз хондан мумкин аст?
Посух: «Мувофиқи ин қонун ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ метавонад ба таври ихтиёрӣ ва озодона ниёзҳои эътиқодии худро қонеъ гардонад. Ба таври ихтиёрӣ, инфиродӣ ва ё дастҷамъӣ. Ҳеҷ гуна маҳдудият аз лиҳози қонеъ гардонидани ниёзҳои эътиқодӣ дар қонун вуҷуд надорад. Ман инро бо қатъият метавонам бигӯям.»
Суол: Ба ҳар сурат, дар кадом ҷойҳои мушаххас метавон намоз гузорид?
Посух: «Вақте намоз мегӯед, эҳтимол ҳамон қонеъ гардонидани ниёзҳои эътиқодии худ, яъне мусулмонҳоро дар назар доред, аммо боз ҳастанд пайравони дигар динҳо.Қонун барои пайрави ҳар як дин муқаррар намекунад, ки ту масеҳӣ рав дар фалон ҷо намоз хон, ту мусулмон рав дар фалон ҷо намоз хон, ту яҳудӣ рав дар фалон ҷо намоз хон. Дар ин ҷо муқаррароти шаръии ҳар як дин асос аст. Яъне, кадом дин чи гуна муқаррароте барои қонеъ гардонидани ниёзҳои эътиқодии пайрави худаш муқаррар намудааст, мувофиқ ба он рафтор мекунад.»
Суол: Масалан, ҳамин ҳоло ки вақти намоз шуд, оё ҳақ доред, ки дар кабинети худ намоз хонед?
Посух: «Он чизе ки қонун муайян намудааст ин ба танзими муносибати байни иттиҳодияҳои динӣ ва давлат алоқаманд аст. Ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва ба озодии пайравӣ ба дин. Ва он чизе, ки ниёзҳои эътиқодии динии худро худ қонеъ гардонида метавонед, ин ҳуқуқи шумо аст.»
Суол: То ҷое огаҳ ҳастем, дар кишварҳои ҳатто ғайриисломӣ назири Олмону Амрико дар идороти давлатӣ ҷойҳои махсусе барои намоз ва таҳорати мусалмонон пешбинӣ шудааст. Аммо дар қонуни мо ин чиз манъ шудааст.
Посух: «Дар қонуни мо ин чиз манъ нашудааст. Чаро мегӯед , ки манъ шудааст? Таъсис додани иттиҳодияи динӣ манъ аст дар муассиса ва корхонаҳои давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки иттиҳодияи динӣ таъсис бидиҳанд. Қонун барои онҳо ҳуқуқи озодона пайравӣ кардан ба динро салб накардааст, манъ накардааст.
Анҷом
Суол: Ба назари худи шумо ба унвони мутахассиси соҳа, қонуне,ки қабул шуд бо аҳкоми шариат мувофиқ аст ё мухолифатҳо ҳам дорад?
Посух: «Сухан дар бораи мухолифат намеравад. Сухан дар бораи ба талаботи замон мувофиқ гардонидани баъзе аз муқаррарот меравад. Муқаррароти шаръӣ. Квотае, ки барои ҳаҷ ҷудо шуд ин мутобиқ гардонидани меъёри муқарраргардида ба талаботи имрӯз буд. Ва муқаррароти муайян намудаи қонуни ҶТ дар бораи «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳам вобаста ба теъдоди аҳолӣ таъсис додани масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ низ мутобиқ гардонидан ба вазъи кунунӣ аст.»
Суол: Ба назари Шумо, чаро Комиссиюни озодиҳои динии Амрико ин қонунро мавриди интиқод қарор дод?
Посух: «Ба фикри ман, ин ҷо ҳамон масъалаи имконоти иттиҳодияҳои динӣ аст. Имконоти воқеии ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки то кадом андоза дар вазъи иқтисодии кунунии ҷумҳурии мо муассисони иттиҳодияҳои динӣ ниёзҳои эътиқодии мардумро қонеъ гардонида тавонанд. Ин фақат ҳамин чиз аст. Он имкониятҳое, ки мехоҳад комиссиюни амрикоӣ дар Тоҷикистон бошад ва тибқи онҳо ниёзҳои эътиқодӣ қонеъ гардонида шаванд, мутаассифона, дар ҷумҳуриимо вуҷуд надорад. Бисёр ҳам умед дорем, ки Тоҷикистон дар оянда ҳамин гуна як кишвари пешрафта аз ҳайси иқтисодиву фарҳангиву дигару дигар мегардад, то ин ки битавонад тамоми ниёзҳои эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ гардонад.»
Суол: «Риояти ҳуқуқи кӯдак» барои гирифтани таълими динӣ дар ин қонун чӣ маъно дорад?
Посух: «Ин таъбир аз конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи кӯдак гирифта шудааст. Ин конвенсияро Тоҷикистон эътироф кардааст. Ин санади байналмилалист ва Тоҷикистон ӯҳдадор аст, ки тамоми аснод ва меъёрҳои байналмилалиеро, ки эътироф кардааст, риоят намояд. Дар моддаи 14-и ин санад гуфта шудааст, ки давлатҳои иштиркчии ин конвенсия ҳуқуқи кӯдакро дар мавриди озодии андеша, виҷдон ва дин эҳтиром мекунанд. Пас, Тоҷикистон, ки низ иштирокчии ин конвенсия аст, ӯҳдадор аст, ки ин банди конвенсияро риоя кунад. Аз ин рӯ, ин таъбир дар қонун истифода шудааст.»
Суол: Дар моддаи 15- ин қонун омадааст, ки «Ҷалб кардани ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ноболиғон додани таълими динӣ бе иҷозати хаттии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда манъ аст.» Оё манзур манъи рафтани кӯдакон ба масҷид нест?
Посух: «Падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда ҳуқуқ доранд, фарзандони худро аз рӯи ниёзҳои эътиқодии худ тарбият намоянд. Ин ҷо фарқ надорад, ки ӯ пайрави кадом дин аст ва ӯ ҳақ дорад, ки фарзанди худро аз рӯи эътиқодоти динии худ тарбият намояд. Падару модар, вақте фарзандаш мехоҳад дар ин ё он ибодати динӣ иштирок кунад, бояд огоҳ бошад. Масалан, агар ӯ таълими динӣ гирифтанист, бояд волидони ӯ огоҳ бошад. Онҳо дар раванди таълиму тарбияти фарзанди худ бояд ширкат дошта бошанд, аз ин рӯ, иҷозаи хаттиро аз падару модар талаб мекунанд. Масҷидҳои ҷомеъ ва масҷидҳои ҷомеи марказӣ ҳуқуқ доранд, ки гурӯҳҳои таълими динӣ таъсис диҳанд ва кӯдакон метавонанд дар назди онҳо таълими динӣ бигиранд. Албатта, дар вақтҳои берун аз барномаи таълимии давлатӣ. Лекин падару модари ӯ бояд донад, ки фарзанди ӯ берун аз барномаи таълими давлатӣ дар куҷо таълим гирифта истодааст. Барои ҳамин ӯ ба фарзандаш бояд хаттӣ иҷозат бидиҳад.»
Суол: Масалан, худи кӯдак мехоҳад, ки ба назди чунин гурӯҳҳои таълимӣ равад, вале волидон розӣ нест ё баръакс намехоҳад, ки биравад. Он вақт чӣ?
Посух: «Дар қонун бо сароҳат навишта шудааст, ки падару модар ҳуқуқ дорад, ки фарзандашро аз рӯи муносибати худаш ба дин тарбия
"Падару модар бояд донад, ки фарзандашон берун аз барномаи таълими давлатӣ дар куҷо таълим гирифта истодааст. Барои ҳамин ба фарзанд бояд хаттӣ иҷозат бидиҳанд.»
Суол: Дар яке аз бандҳои моддаи 8 навишта шудааст, ки «Таълими динӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур баъди гирифтани иҷозатномаи давлатӣ мумкин аст». Бубинед, умдатан дар Тоҷикистон таълиму тадриси асосҳои улуми динӣ дар назди волидон ё пиронсолон сурат мегирад. Фикр намекунед, ки ин талабот хилофи анъана ва суннатҳои мардумист?
Посух: «Намудҳои таълими диниро ин қонун муқаррар кардааст: - яъне, таълим дар муассисаҳои таълими динӣ аст. Яъне, ташкилотҳои динӣ ҳуқуқ доранд, ки муассисаҳои таълими динӣ таъсис диҳанд. Масалан, масҷиди ҷомеъи марказӣ ё як калисо ҳуқуқ дорад, ки як муассисаи таълими динӣ-мадраса ҳаст ё ин ки як воскресная школа таъсис диҳад. Ва дар ҳамин муассисаи таълими диние, ки ӯ таъсис дода аст, кӯдакон метавонанд рафта таълими динӣ бигиранд , албатта , дар вақтҳои берун аз дарс, фориғ аз таҳсили ҳатмӣ. Боз шакли дигари таҳсилоти динӣ-ин таъсис додани гурӯҳҳои таълимӣ аст аз ҷониби масҷидҳои ҷомеъ ва масҷидҳои ҷомеи марказӣ.»
Суол: Масалан, оё гирифтани таълим дар назди афроди алоҳида, ки маъмулан роиҷ буд, манъ шуд?
Посух: «Ин ҷо дар банди алоҳидаи моддаи қонун омадааст, ки ҳар кас ба таври ихтиёрӣ ба гирифтани таҳсилоти динӣ дар алоҳидагӣ ва ё ҳамроҳи дигарон ҳуқуқ дорад, яъне равшан гуфтааст, ки ҳар кас ин ҷо истисно нест. Ягон нафарро истисно накардааст қонун.»
Суол: Аммо ба ҳар сурат қонун таъкид кардааст, ки таълими динӣ ба онҳое мумкин аст, ки иҷозаи давлатӣ доранд. Ин ҷо як навъ таноқуз пеш наомадааст.
Посух: «Агар шумо дар ин ҷо таноқузро мебинед, ин андешаи шумо аст. Таълими диниро қонуни мазкур пешбинӣ намуда аст, ҳолате ,ки ташкилоти динӣ ҳуқуқ дорад муассисаи таълими динӣ таъсис бидиҳад, мадраса таъсис бидиҳад, ё ин ки воскресная школа ё ин ки дигар намудҳои таълими динӣ. Дар ин муассисаҳои таълими динӣ кӣ ҳуқуқ дорад ба таълими динӣ додан, яъне нафарҳое, ки иҷозатнома доранд.»
Суол: Мисол, дар деҳаҳо дар назди афроди алоҳида, масалан, як пиразан ва ё мӯсафед кӯдакон ҷамъ меомаданду таълими динӣ мегирифтанд. Ҳозир ҳамин мукин аст ё на?
Посух: «Ҳолатҳои пешбинӣ намудаи қонунро ман ба шумо гуфтам, ки муассисаи таълими динӣ ва гурӯҳҳои таълимӣ ҳастанд. Яъне, дар муассисаҳои таълими динӣ ва дар гурӯҳҳои таълими динӣ нафароне метавонанд ба таълими динӣ машғул шаванд, ки иҷозатнома доранд.»
Суол: Пас оё онҳое, ки масалан мӯсафед ва ё пиразане, ки таълими динӣ медиҳад ва иҷозатнома надорад, ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳад шуд? Чаро ки акнун қонун манъ мекунад чунин афродро?
Посух: «Магар банди як манъ кардааст? Кӣ иҷозатнома бояд дошта бошад? Ҳамон нафаре, ки қонун муайян кардааст. Оне ки шумо гуфта истодаед ба моддаи 8, банди 1 мувофиқат дорад. Ман ба шумо боз як чизи дигарро гуфтанӣ ҳастам, ки чизеро, ки қонун манъ накардааст, манъ нест. Банди яки моддаи мазкур иҷозат дода истодааст ба ҳар кас, ки дар алоҳидагӣ ё ҳамроҳи дигарон ба таълими динӣ машғул шаванд.»
Боби «Таъсис ва бунёди муассисаҳои динӣ»
Суол: Ва дар моддаи дигари қонун гуфта мешавад, ки «Шахсони мансабдори давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва аъзои ҳизбҳои сиёсӣ муассис ва корманди иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд». Оё агар шахсе соҳиби мансаб шавад, ӯ наметавонад масалан масҷиде бисозад ва ё дар сохтмони масҷид саҳм бигзорад? Магар давлатӣ будан шахсро аз ӯҳдадориҳои динӣ озод мекунад?
Посух: «Сухан дар бораи муносибати байни коргари давлатӣ ё ҳизбӣ ва иттиҳодияҳои динӣ меравад. Корманд, хизматчӣ ва мансабдори
"Корманди ҳизбӣ муаззин шуда наметавонад. Ба гуфтани азон ҳақ надорад. Имоми панҷвақта ва ё имом-хатиб шуда наметавонад. Хазинадор, узви комиссияи тафтишотӣ ва посбони масҷид низ шуда наметавонад.»
Суол: Иттиҳодияи динӣ, яъне, масҷид дар назар дошта мешавад?
Посух: «Бале, иттиҳодияи динӣ масҷид аст.»
Суол: Масалан, узви ҳизби сиёсӣ наметавонад, ки масҷид бисозад ва ё дар сохтмони масҷид пул диҳад, ҳамин тавр?
Посух: «Муассис буда наметавонад.»
Суол: Корманди ҳизбӣ корманди иттиҳодияи динӣ шуда наметавонад?
Посух: «Бале. Муаззин шуда наметавонад. Ба гуфтани азон ҳақ надорад. Имоми панҷвақта ва ё имом-хатиб шуда наметавонад. Хазинадор, узви комиссияи тафтишотӣ ва посбони масҷид низ шуда наметавонад.»
Суол: Барои мисол, Шумо агар дар деҳаатон ва ё гузаратон масҷиде бино шавад ва мардум маблағ ҷамъ кунанд, се ҳазорӣ - панҷ ҳазорӣ, шумо ҳақ надоред, шарик шавед?
Посух: «Шуморо ҳамчун шаҳрванд, ҳамчун иштироккунандаи ибодати динӣ ин қонун манъ накардааст. Лекин шумо муассис буда наметавонед.»
Суол: Масалан, як корманди расмӣ ё як корманди давлатӣ метавонад биноеро бихарад ва ҳамчун масҷид ва ибодатгоҳ тӯҳфа бикунад?
Посух: «Ӯ наметавонад муассис бошад. Муассис кӣ аст? Муассис -даҳ нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки метавонад иттиҳодияи динӣ таъсис бидиҳад. Ғайри ин даҳ нафар барои дигарҳо қонун манъ накардааст. Корманди давлатӣ наметавонад шахси маошгиранда дар иттиҳодияи динӣ бошад. Сухан дар бораи таъсис додан рафта истодааст. Масалан, шумо дар як идораи давлатӣ кор мекунед, вале дар он масҷид на корманд ва на муассисед. Танҳо барои кормандон ва муассисони он масҷид манъ кардан дахл дорад, ба дигарон не. Ҳамин, ду табақа, ду гурӯҳи мардумро ин банди қонун манъ мекунад, ки муассис ва корманди масҷид буда наметавонанд.»
Суол: Ҳамчунин, дар моддаи дигари қонун банде аст ки мегӯяд «Таъсис додани иттиҳодияҳои динӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дигари давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ манъ мебошад.»
Посух: «Ин банд низ асос ёфтааст дар заминаи принсипи ҷудо будани иттиҳодияи динӣ аз давлат. Яъне, дар корхонаи давлатӣ чанд нафар наметавонанд муттаҳид шаванд -як функсияи масҷид - масҷид созанд ва дигар ин ки ягон ҳуҷра ва ё бинои иморати давлатро бигиранд ва ҳамчун намозгоҳи ҷамъиятӣ ба масҷид табдил диҳанд. Масҷид таъсис додан дар идораи давлатӣ мумкин нест. Намоз хонданро не, балки ташкили масҷидро манъ кардааст.»
Суол: Хондани намоз мумкин аст?
Посух: «Манъ накардааст.»
Боби «Ибодат ва маконҳои ибодат»
Суол: Ва дар моддаи дигар гуфта мешавад, ки «Ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ дар ибодатгоҳҳо ва замини ба онҳо мутааллиқ, дар зиёратгоҳҳо, дар қабристонҳо - вобаста аз хусусиятҳои эътиқоди динӣ, инчунин дар манзилҳо ва хонаҳои шаҳрвандон анҷом дода мешаванд». Масалан, дар дигар ҷойҳо мумкин нест?
Посух: «Намоз аслан дар масҷид анҷом дода мешавад. Ҳатто тибқи баъзе аз ривоятҳо дастур медиҳанд, ки намоз танҳо дар масҷидҳо
"Ҷойи ибодат масҷид аст. Намоз аслан дар масҷид анҷом дода мешавад. Намозеро, ки дар ғайри масҷид анҷом дода шудааст, мувофиқи ривоёт намоз ҳисоб намекунанд."
Суол: Ва дар банди дигар қонун таъкид мешавад, ки «Иттиҳодияҳои динӣ барои анҷом додани ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ ба шаҳрвандоне, ки дар беморхонаҳо, осоишгоҳҳо, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон, ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва маҳрумӣ аз озодӣ мебошанд, тибқи тартиботи дар онҳо муқарраршуда бо пешниҳод муроҷиат карда метавонанд». Оё барои адои намоз иҷоза пурсидан шарт аст? Ва агар роҳбарони ин муассисаҳо иҷозат надиҳанд чӣ?
Посух: «Ин ҷо сухан дар бораи муносибати иттиҳодияи динӣ бо ҳамин намуди муассисаҳо меравад. Як иттиҳодияи динӣ, масалан як калисо ё як масҷид, ки масҷиди панҷвақта, ҷомеъ ё масҷиди ҷомеи марказӣ аст, тибқи ин банд наметавонад, ки аз пеши худ бе гирифтани иҷозаи масъулини ин муассисаҳо рафта ягон намуди ибодатро ташкил кунад. Иттиҳодияи динӣ агар бихоҳад, ки дар ин нуқтаҳо ташкил шавад, бояд, ки бо масъулини ин идорот мувофақа кунад. Зеро ин муассисаҳо муқаррарот ва низоми корӣ доранд. Тибқи низоме, ки дар ин муассиса ва корхонаҳо ҳаст, ба онҳо иҷозат дода мешавад ё намешавад. Яъне, сухан дар бораи муносибати иттиҳодияҳои динӣ ва ин муассисот меравад, на дар бораи ашхоси алоҳида ва на дар бораи ибодат.»
Суол: Масалан, роҳбари ин муассиса розӣ нашавад ва ба ин шахс ва гӯяд, ки ту намегузорӣ ва ё намеравӣ ба намоз...
Посух: «Боз ман мегӯям, ки он ҳуқуқе, ки дар ин ҷо муайян карда шудааст, ба иттиҳодияҳои динӣ дахл дорад. Яъне, иттиҳодияҳои динӣ муроҷиат карда метавонанд. Сухан дар бораи одамони алоҳида, масалан, онҳое, ки дар бемористонҳо ҳастанд, намеравад.»
Боби «Таблиғ ва ташвиқоти динӣ»
Суол: Дар моддаи 23 омадааст, ки «Фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ дар муассисаҳои давлатии томактабиву мактабӣ, инчунин дар манзилу хонаҳои шаҳрвандон манъ аст». Яъне, таълиму тарбият ва хондану қироати осори динӣ, аз ҷумла Қуръон дар хонаҳо манъ аст?
Посух: «Сухан дар бораи фаъолияти таблиғотӣ меравад. Фаъолияти таблиғотӣ чиро дар бар мегирад, ин ҷо бояд вазъи ҳуқуқии ин истилоҳро ба эътибор бигирифт. Яъне, фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ. Ин ки нафари алоҳида ки нест. Масалан, як калисо ё як масҷид наметавонад ва ҳуқуқ надорад, ки рафта дар як мактаб ё боғча фаъолияти таблиғотӣ барад.»
Суол: Охир, иттиҳодияи динӣ, яъне, масҷид ҳаракат, ки намекунад. Вале муассиси онҳо масалан як нафар ё ду нафари он наметавонад дар хонаи худаш таблиғ ва ташвиқ кунад, чун вай муассис аст?
Посух: «Боз ҳам мегӯям, ки ба иттиҳодияи динӣ ё муассиси он қонун ин хел ҳуқуқ намедиҳад, ки мактаб, муассисаҳои томактабӣ ва
"Шаҳрванд намехоҳад, ки як нафар рафта, дари ӯро тақ-тақ карда, варақаи таблиғотиро диҳад, ки бигир, бихону пайрави дини ман шав."
Суол: Масалан, падару модари як нафар мехоҳад, ки фарзандашро ташвиқ кунад ба омӯзишу маърифти динӣ.
Посух: «Волидон мувофиқи банди 1-и моддаи 8 ҳуқуқ доранд, ки фарзандашонро мувофиқи муносибати худ ба дин тарбият намоянд. Яъне, вақте сухан дар бораи волидон ва хешу табор меравад, ин банди қонун ба онҳо иҷозат додааст. Лекин падару модар муассиси иттиҳодияи динӣ нестанд, онҳо ҳар кас ҳастанд.»
Суол: Агар бошанд чӣ?
Посух: «Муассис бошад наметавонад хонаи нафари дигар биравад ва таблиғ кунад.»
Суол: Дар хонаи худаш чӣ?
Посух: «Дар хонаи худаш аз они худаш аст. Ин кор ба он банди дигар қонун дахл дорад. Ин ҷо сухан дар бораи нафаре меравад, ки меравад ба хонаи дигарон то таблиғот барад.»
Боби «Муносиботи давлат бо дин»
Суол: Бубинед, ҳоло, ки сӯҳбат аз боби ташкили масҷид ва ё намозгоҳ дар муассисот рафт, шумо гуфтед, ки бар пояи принсипи ҷудоии давлат аз дин чунин меъёрҳо ворид шудааст дар қонун. Аммо қонун дар моддаи 16 мегӯяд, ки имом хатибҳо дар мувофақа бо намояндаи ваколатдори давлат оид ба дин интихоб карда мешавад. Ин ҷо, ки давлат ба кори иттиҳодияҳои динӣ мудохила карда истодааст. Чаро?
Посух: «Ҳеҷ гуна мудохила нест. Иттиҳодияи динӣ худаш имом ва ё имом-хатибашро интихоб мекунад. Ин ҳуқуқро ҳеҷ кас аз вай салб
"Мақомоти сӯхторнишонӣ ояд ва назорат кунад, ки қавоиди сӯхторнишонӣ риоят шудааст, магар ин бад аст? Ин ба фоида аст. Ва ё касалиҳои вогир –эпидемияҳо. Масъулини ин арса оянду бинанд, ки тозагӣ чи гуна аст, ягон вирус наафтода бошад. Ё масалан мақомоти андоз ва ё корманди ширкати барқ оянд барои анҷоми фаъолияти худ ба масҷид, магар ин бад аст?
Суол: Манзур аз савол ин буд, ки ин дуро қонун аз ҳам ҷудо шинохта ва мудохиларо қабул накардааст.
Посух: «Ҷудо ҳастанд. Лекин бояд як танзими муносибати байни иттиҳодияи диниву давлат бошад. Як мақоме бошад, ки ҳамоҳанг созад фаъолияти ниҳодҳои давлатиро бо иттиҳодияҳои динӣ. Ва ин ҳамоҳангсоз нафаре аст, ки меравад ва дар он ҷо ҳузур пайдо мекунад. Ман дар ин ҷо ҳеҷ амали қонуншиканиро намебинам. Магар ин бад аст. Ӯ маслиҳатчӣ аст, машваратгар аст, қонундон аст. Ӯ мудохила, ки намекунад. Агар, ки қонун ё оиннома нақз шуд, ӯ машварат ва маслиҳат медиҳад.»
Суол: Ва боз дар идома мехонем, ки бо дархости мақомоти давлатӣ маълумот пешниҳод карда мешавад аз сӯи масъулони иттиҳодияҳои динӣ. Оё дар масоҷид ягон кори бад мешавад?
Посух: «Масалан, сӯхтор шуданаш мумкин аст? Эпидемия шуданаш мумкин аст? Мақомоти сӯхторнишонӣ ояд ва назорат кунад, ки қавоиди сӯхторнишонӣ риоят шудааст, магар ин бад аст? Ин ба фоида аст. Ва ё касалиҳои вогир –эпидемияҳо. Масъулини ин арса оянду бинанд, ки тозагӣ чи гуна аст, ягон вирус наафтода бошад. Ё масалан мақомоти андоз ва ё корманди ширкати барқ оянд барои анҷоми фаъолияти худ ба масҷид, магар ин бад аст? Ҳаминҳоанд мақомоти ваколатдоре, ки маълумот мепурсанд ва маълумот барояшон пешниҳод мешавад.»
Боби «Танзими меъёрҳо бо замон»
Суол: Оё то куҷо шумораи мушаххаси афрод барои ташкили масҷид аҳаммият дорад ва муҳим аст? Чун қонун рақам ва теъдоди мушаххасеро пешбинӣ мекунад.
Посух: «Ин чиз хеле зарур ва ногузир аст. Ин масъала низ бармегардад ба масъалаи танзими муносибати давлат бо иттиҳодияҳои динӣ ва ҳамчунин муносибатҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва пайравӣ ба дин. Дар шароити кунунӣ Тоҷикистон имконияти воқеии таъмини пурраи ниёзҳои динии шаҳрвандонро надорад.Ҳамчунон ки дигар давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои исломӣ надоранд. Ман дар ин маврид як мисоли хеле мувофиқ меоварам. Масалан бигирем маъракаи ҳаҷро. Давлати Арабистони Саудӣ барои ин маърака ба ҳар давлат «квота» ҷудо намуда, маҳдуд кардааст шумораи қабули ҳоҷиёнро. Ҳол он ки тибқи фармудаи шариат метавонанд дар ин ҷо як мухолифатро дарёбанд. Ба кӣ ҳаҷ фарз гаштааст, китобҳои фиқҳӣ муайян намудаанд. Дар ин ҷо, яъне барои ҳамаи онҳое, ки ба гардани онҳо ҳаҷ фарз гаштааст, имконият пайдо намекунанд, ки рафта ин фаризаро анҷом диҳанд. Ин чизро магар ин кишварҳо намедонистанд? Лекин дигар илоҷ надоштанд, ки ин гуна маҳдудиятро ҷорӣ карданд. Ба назари ман, айни вазъият дар масъалаи намозгузорӣ ҳам дар ҷумҳурии мо вуҷуд дорад. Яъне, масоҷиди мо айни ҳол имконияти феълии қонеъ гардонидани ниёзҳои намозгузоронро надоранд.Лекин, мутаассифона, он масҷидҳое, ки пеш сохта шуда буданд, бо шумори аҳолии 20 сол қабл, бо назардошти он солҳо бунёд ёфта буданд. Агар иттиҳодияҳои динӣ чунин имконият медоштанд, талаботи намозгузоронро қонеъ мегардониданд, ба хаёлам ин ҷо мушкилие эҷод намешуд.»
Суол: Ин ҷо баъзе аз чизҳое ҳастанд, ки гӯё фарзҳои исломӣ таҳрир шудаанд. Масалан, ҳатман бо иҷозати ва хоҳиши худи кӯдак ӯро ҷалб кардан ба таълими динӣ. Ба волидайн қарз аст, ки фарзандашро таълими динӣ бидиҳад. Лекин агар кӯдак нахоҳад ӯ наметавонад?
Посух: «Акнун шумо мехоҳед бигӯед, ки ҳамин конвенсиюни ҳуқуқи кӯдак бо меъёрҳои шаръӣ мувофиқ намеояд. Ин эътироз ба нафароне, ки он конвенсияро дуруст кардаанд бояд бошад, на ба мо. Мо бошем ҳатман ин муқаррароти конвенсияро дар назар гирифтаем. Чунки мо онро ба имзо расонидаем.»
Суол: Бубинед, масалан, ҳоло ки вақти намоз мешавад, шумо наметавонед дар ҷои корӣ бихонед, чаро ки қонун маҳдуд карда ва дар ҷойҳои хос гузоридани намозро иҷоза медиҳад. Инро чи тавр тавзеҳ медиҳед. Инро ҳам конвенсия муқаррар кардаст ва фикр намекунед, ки ин ҷо фарзи илоҳӣ таҳрир шуд?
Посух: «Намоз дар масҷид хонда мешавад. Ин фармудаи шариат аст, фармудаи на ин қонун асту на дигар. Ва ҷойи намозгузорӣ ҳам
"Шумо мехоҳед бигӯед, ки ҳамин конвенсиюни ҳуқуқи кӯдак бо меъёрҳои шаръӣ мувофиқ намеояд. Ин эътироз ба нафароне, ки он конвенсияро дуруст кардаанд бояд бошад, на ба мо."
Суол: Ҳоло бо қабули ин қонун дар Тоҷикистон дар куҷоҳо мушаххас намоз хондан мумкин аст?
Посух: «Мувофиқи ин қонун ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ метавонад ба таври ихтиёрӣ ва озодона ниёзҳои эътиқодии худро қонеъ гардонад. Ба таври ихтиёрӣ, инфиродӣ ва ё дастҷамъӣ. Ҳеҷ гуна маҳдудият аз лиҳози қонеъ гардонидани ниёзҳои эътиқодӣ дар қонун вуҷуд надорад. Ман инро бо қатъият метавонам бигӯям.»
Суол: Ба ҳар сурат, дар кадом ҷойҳои мушаххас метавон намоз гузорид?
Посух: «Вақте намоз мегӯед, эҳтимол ҳамон қонеъ гардонидани ниёзҳои эътиқодии худ, яъне мусулмонҳоро дар назар доред, аммо боз ҳастанд пайравони дигар динҳо.Қонун барои пайрави ҳар як дин муқаррар намекунад, ки ту масеҳӣ рав дар фалон ҷо намоз хон, ту мусулмон рав дар фалон ҷо намоз хон, ту яҳудӣ рав дар фалон ҷо намоз хон. Дар ин ҷо муқаррароти шаръии ҳар як дин асос аст. Яъне, кадом дин чи гуна муқаррароте барои қонеъ гардонидани ниёзҳои эътиқодии пайрави худаш муқаррар намудааст, мувофиқ ба он рафтор мекунад.»
Суол: Масалан, ҳамин ҳоло ки вақти намоз шуд, оё ҳақ доред, ки дар кабинети худ намоз хонед?
Посух: «Он чизе ки қонун муайян намудааст ин ба танзими муносибати байни иттиҳодияҳои динӣ ва давлат алоқаманд аст. Ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва ба озодии пайравӣ ба дин. Ва он чизе, ки ниёзҳои эътиқодии динии худро худ қонеъ гардонида метавонед, ин ҳуқуқи шумо аст.»
Суол: То ҷое огаҳ ҳастем, дар кишварҳои ҳатто ғайриисломӣ назири Олмону Амрико дар идороти давлатӣ ҷойҳои махсусе барои намоз ва таҳорати мусалмонон пешбинӣ шудааст. Аммо дар қонуни мо ин чиз манъ шудааст.
Посух: «Дар қонуни мо ин чиз манъ нашудааст. Чаро мегӯед , ки манъ шудааст? Таъсис додани иттиҳодияи динӣ манъ аст дар муассиса ва корхонаҳои давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки иттиҳодияи динӣ таъсис бидиҳанд. Қонун барои онҳо ҳуқуқи озодона пайравӣ кардан ба динро салб накардааст, манъ накардааст.
Анҷом
Суол: Ба назари худи шумо ба унвони мутахассиси соҳа, қонуне,ки қабул шуд бо аҳкоми шариат мувофиқ аст ё мухолифатҳо ҳам дорад?
Посух: «Сухан дар бораи мухолифат намеравад. Сухан дар бораи ба талаботи замон мувофиқ гардонидани баъзе аз муқаррарот меравад.
"Сухан дар бораи ба талаботи замон мувофиқ гардонидани баъзе аз муқаррарот меравад. Муқаррароти шаръӣ. Квотае, ки барои ҳаҷ ҷудо шуд ин мутобиқ гардонидани меъёри муқарраргардида ба талаботи имрӯз буд."