Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафт дар музокироти "Манас"


Пентагон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар масъалаи адами басташавии пойгоҳи низомии нерӯҳояш дар Қирғизистон пешрафте ба даст овардааст.

Ҷефф Моррел, сухангӯи Пентагон, дар ин бора дар Вашингтон изҳори назар кард ва гуфт: “Як пешрафте дар заминаи истифодаи пойгоҳи Манас ба назар мерасад”. Дар пай аммо вай боэҳтиёт илова кард, ки: “Ҳоло чизе барои эълон кардан надорем, аммо мо бо онҳо дар масъалаи тамдиди мӯҳлати истифода аз васоил вориди музокира шудем”. Вай баъдан афзуд, ки “барои изҳори умедворие заминаҳо вуҷуд дорад, ки натиҷа ба бор хоҳад овард”.

Моҳи феврали соли ҷорӣ мақомоти Қирғизистон тасмим гирифтанд, ки мӯҳлати ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар пойгоҳи низомии Манасро хотима дода, то охири августи имсол ин пойгоҳро бубанданд. Ин изҳорот баъд аз он садо дод, ки Русия ба Қирғизистон ироаи ду миллиард доллар қарзи имтиёздорро барои пешбурди иқтисоди ин кишвар ваъда кард.

Дар пойгоҳи Манас ҳудудан як ҳазор нерӯҳои амрикоӣ мустақар ҳастанд, ки дар амалиёти зидди террор дар Афғонистон иштирок мекунанд. Имсол ИМА ният дорад, 21 ҳазор нерӯҳои иловагиро барои идомаи муборизаҳо зидди ифротгароёну ситезаҷӯён ба Афғонистон сафарбар кунад ва аз ин назар басташавии пойгоҳи Манас ба манфиати Амрико нест. Аз сӯи дигар, шиддатёбии амалиёти Толибон дар водии Свот, ки тавассути гузаргоҳи Хайбар нерӯҳои амрикоиву эътилофӣ муҳимот ва кӯмакҳоро ба Афғонистон интиқол медоданд, идомаи амалиёти низомии амрикоиҳоро дучори мушкил кард ва мақомоти низомии ин кишварро ба ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии расидан ба Афғонистон водор намуд.

Тибқи созиши моҳи апрели имсол миёни Тоҷикистон ва НАТО ҳосилшуда, Душанбе барои интиқоли кӯмакҳои ғайринизомӣ ба Афғонистон изҳори омодагӣ кардааст ва аммо сухан аз ташкили пойгоҳи нави низомии Амрико дар Тоҷикистон намеравад.
Амрико ният дорад, 21 000 нерӯҳои иловагиро барои идомаи муборизаҳо зидди ифротгароён ба Афғонистон сафарбар кунад. Аз ин назар басташавии пойгоҳи Манас ба манфиати ИМА нест


Далели расмии Қирғизистон барои хатми фаъолияти ин пойгоҳ дар он буд, ки 17,4 миллион доллар пули иҷораи пойгоҳ ва 150 миллион доллар кӯмакпулии солонаи Амрико дигар кофӣ нест. Илова ба ин, ҳодисаи куштори як шаҳрванди Қирғизистон аз ҷониби низомиёни амрикоӣ мухолифатҳоро дар миёни бархе нерӯҳои сиёсӣ ва мардум ба миён овард.

Хабаргузории Ассошейтед Пресс аз қавли мақомоти дигари дифоӣ ва вазорати хориҷии Амрико дар бораи “наздик шудан ба як созише бо Қирғизистон” хабар медиҳад. Ин оҷонс аз қавли як манбаи мӯътамад, ки нахостааст тафсилоти бештари ин музокираҳои “маҳрамона-ро ошкор кунад, навишт, ки ҳоло тамоми баҳс бар сари пул аст ва ИМА пешниҳоди пардохти пули бештарро кардааст.

Аз раиси бахши қирғизии Радиои Озодӣ Тинчтиқбек Чороев хоҳиш кардам, ки хабари мазкурро шарҳ диҳад. Вай гуфт: “Ин хабари ҷолиб аст. Аз замоне, ки мақомоти Қирғизистон аз амрикоиҳо холӣ шудани пойгоҳи Манасро талаб карданд, дар миёни худи ҳамин мақомот назарҳои мухталифро шунидан мумкин буд. Назарҳои ҳам тарафдор ва ҳам мухолифи қабули чунин тасмими ба гуфтаи мақомот хеле муҳим ва таърихиро шунидан мумкин буд. Аз сӯи дигар, Қирғизистон пайваста тааҳҳудоти байналмилалии худро ба ёд оварда мегӯяд, ки дар мубориза зидди ифротгароиву терроризм дар Афғонистон бояд нақше дошта бошад ва тасмими бастани пойгоҳ муғоир бо ин тааҳҳудоташ будааст. Ҳоло эҳтимол меравад, ки мақомот бигӯянд, ки онҳо мӯҳлати созишномаи қаблиро анҷомшуда эълон карда ҳоло созишномаи шакли навро имзо хоҳанд кард. Яъне ин маънои онро дорад, ки эҳтимолан Бишкек фикри худро бознигарӣ карда бошад”.

Тинчтиқбек Чороев афзуд, ризояти Тоҷикистон ва Узбакистон барои интиқоли муҳимоти ғайринизомии НАТО ба Афғонистон тавассути қаламравашон барои идомаи ҳамаҷонибаи амалиёт кифоят намекунад.
Коршинсони амрикоӣ мегӯянд, зарфиятҳои Манас моҳе интиқоли ҳавоии 15 ҳазор нерӯҳо ва 500 тонна бор ба Афғонистонро имкон медиҳад. Оқои Чороев афзуд, аз сӯи дигар, ҳоло мавқеи Русия ҳам аз бисёр ҷиҳат бо ИМА наздик мешавад ва “шояд Бишкек сари вақт андеша карда нахостааст, ки дар ин муомилаҳои қудратҳо” дар як кунҷ бимонад.
XS
SM
MD
LG